Иттиҳоди Аврупо яке аз шарикони муҳими Тоҷикистон

Мақомдорони баландпояи парлумони Иттиҳоди Аврупо бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор доранд.

Мақомдорони баландпояи парлумони Иттиҳоди Аврупо бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор доранд.
Маҳмадтоҳир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бо Дэвид Макаллистер, раиси Кумитаи корҳои байналмилалии парлумони Аврупо вазъи феълӣ ва дурнамои муносиботро баррасӣ кард.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти Маҷлиси намояндагон, Зокирзода дар мулоқот гуфт, Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори рушди ҳамкории созанда бо кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо мебошад.
Дар мавриди ҳамкории шохаҳои қонунгузор, Зокирзода изҳор дошт, ки Тоҷикистон манфиатдор аст дар бахши такмили парламентаризм, таҳия ва такмили қонунҳо бо Иттиҳоди Аврупо равобитро таҳким бахшад.

Ӯ аз такмили қонунгузории Тоҷикистон бо дарназардошти манфиатҳои миллию давлатӣ, волоият ва ифати қонун, соҳаҳои гуманитарӣ, ҳуқуқи инсон, бахши маориф ва дигар масъалаҳои мавриди назар изҳор доштаст.
Раиси парлумон афзуд, ки тавсеаи муносибот бо кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо дар мадди назари раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.
Зокирзода илова намудааст: “Тоҷикистон Иттиҳоди Аврупоро аз ҷумлаи шарикони муҳими худ дар арсаи байналмилалӣ мешуморад”.

Ӯ инчунин ба Иттиҳоди Аврупо барои кумак дар бартараф намудани оқибатҳои вируси COVID-19 сипос гуфта, аз дастгирии ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар бахши об истиқбол намудаст.
Раиси Кумитаи корҳои байналмилалии парлумони Аврупо, сафари ҳайати парлумониро ба Тоҷикистон имкони муҳим бар тақвияти ҳамкориҳо хондаст. Маврид ба зикр аст, ки феълан сафари ҳайати парлумонии Иттиҳоди Аврупо ба Тоҷикистон идома дорад.

ЗокирзодаИттиҳоди АврупоТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment