Таъкиди Тоҷикистон ва Покистон ба густариши муносибот

Муовиноҳои вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Покистон дар тамоси телефонӣ вазъияти феълии равобити ду кишварро баррасӣ карданд.

Муовиноҳои вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Покистон дар тамоси телефонӣ вазъияти феълии равобити ду кишварро баррасӣ карданд.

Фарҳод Салим, муовини вазири хориҷаи Тоҷикистон ва Суҳайл Маҳмуд, муовини вазири хориҷаи Покистон дар тамоси телефонӣ гуфтугӯ карданд. Муовиноҳои вазирони хориҷаи Тоҷикистон ва Покистон дар тамоси телефонӣ вазъияти феълии равобити ду кишварро баррасӣ карда ва дар бораи чиҳлуҳаштумин ҷаласаи шӯрои вазирони хориҷаи Созмони ҳамкории исломӣ табодули назар карданд.

Дар рафти ин тамоси телефонӣ, вазъияти феълӣ ва чашмандози равобити ду кишвар масоили умдаи минтақаӣ барарсӣ шуд ва ба тавсеаи равобити тиҷорӣ, иқтисодӣ, сармоягузорӣ, илмӣ, фаннӣ, фарҳангӣ ва гардишгарӣ байни Тоҷикистон ва Покистон таъкид гардид.

Тарафайн дар бахши дигаре дар бораи чиҳлуҳаштумин ҷаласаи шӯрои вазирони хориҷаи Созмони ҳамкории исломӣ, ки 22-23 моҳи март ба мизбонии Покистон дар Исломободи ин кишвар баргузор мешавад, табодули назар карданд.

Ҳамчунин Шараф Шералӣзода, яке дигар аз муовинҳо вазири хориҷаи Тоҷикистон бо Касандра Кулбар, раиси минтақаии ширкати молии байналмилалии гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ дидор карда ва дар бораи фаъолияти ширкати мазкур дар қаламрави ин кишвар, раванди татбиқи тарҳҳои муштарак, густариши ҳамкориҳои баъдӣ дар заминаи гардишгарӣ, насоҷӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва дигар масоили муҳим барои ду тараф баҳту табодули афкор карданд.

Музаффар Ҳусайнзода, муовини аввали Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҳам дар навбати худ бо Мулугито Зивди, раиси намояндагии комиссиряи олии паноҳандагони Созмони Милали Муттаҳид дидору гуфтугӯ кард.

Дар ҷараёни ин мулоқот, ки бо дархости намояндаи Созмони Милали Муттаҳид шакл гирифт, абъоди муҳими ҳамкории тарафайн, аз ҷумла кумак ба паноҳандагон ва дигар масоили мавриди алоқаи дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Тоҷикистон дар соли охир вазъияту муносибати худро талош дорад, ки дар арсаи ҷаҳонӣ рӯ ба беҳбудӣ барад ва ин нишастҳо дар ҳамин ҷиҳат мебошад.

Вазорати хориҷаи ТоҷикистонПокистонТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment