Оғози дубораи тазоҳурот дар Қазоқистон

Orda.kz  менависад, эътирозҳо дар Алмаато, бузургтарин шаҳри Қазоқистон аз сар гирифта шуданд. Тазоҳургарон, ки хотираи қурбониёни ҳодисаҳои «Январи хунин»-ро ба ёд меоранд, пеш аз ҳама барои қурбониён дуо карданд.

Orda.kz  менависад, эътирозҳо дар Алмаато, бузургтарин шаҳри Қазоқистон аз сар гирифта шуданд. Тазоҳургарон, ки хотираи қурбониёни ҳодисаҳои «Январи хунин»-ро ба ёд меоранд, пеш аз ҳама барои қурбониён дуо карданд.

Соати 11:00 ба вақти маҳаллӣ мардум дар назди муҷассамаи Истиқлол дар шаҳр ҷамъ омаданд. Баъди ду соат шумораи эътирозгарон ба 700 нафар расид.

Дар баробари ин, полис ба намоишҳои беиҷозат мухолиф нест. Гуфта мешавад, ки дар ин минтақа ҳамагӣ се мошини пулис мавҷуд аст. Мошинҳои ёрии таъҷилӣ аллакай омадаанд. Кормандони пулис хиёбони Назарбоев ва мошинҳоро аз кӯчаи Ҷелтокан ба тарафи дигар равона мекунанд.

Эътирозгарон дар даст плакатҳо ва шиорҳое доштанд, ки навиштаҷоти «Озодӣ ба бегуноҳон», «Мардум террорист нестанд», «Январи хунинро фаромӯш намекунем ва намебахшем» ва «Тирпарронии бидуни огоҳӣ ҷиноят алайҳи мардум аст» доранд.

Дар митинг як катор ходимони сиёсй ва фаъолони чамъиятй низ чамъ омада буданд. Дар байни онҳо Достим Сатпаев, Санҷар Боқаев, Булат Абилов, Ораз Ҷандосов, Ҷанболат Мамай ҳастанд.

Талаботи аслии наздикони қурбониён ва қурбониёни терроризм таҳқиқи беғаразонаи парвандаҳои ҷиноӣ ва раҳоии афроди боздоштшуда мебошад.

Дар ҳоли ҳозир дар маҳалле, ки тазоҳурот баргузор мешавад, мушкилоти техникӣ дар шабакаи интернет вуҷуд дорад. Имкон дорад, ки ин ҳолатро хукумат  мисли намоишхои пештара карда бошад.

Муҳим он аст, ки эътирозҳо пас аз як моҳи рафтани нерӯҳои СПАД, ки барои саркӯб кардани ҳаводиси «Январи хунин» вориди кишвар шуда буданд, дубора авҷ гирифт.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Пас аз ҳаводиси январӣ, ки дар Қазоқистон рух доданд, раҳбарони кишварҳои шӯравии собиқ ва Осиёи Марказӣ бояд механизмҳои мутобиқшавӣ ба воқеиятҳои навро ҷустуҷӯ кунанд.

“Январи қазоқӣ” метавонад дар кишварҳои шӯравии собиқ сар занад, зеро режимҳои пасошӯравӣ аллакай бесамарӣ, ноустуворӣ ва осебпазирии худро нишон медиҳанд.

Ин нуктаро Андрей Серенко, раиси Маркази таҳлилии Ҷамъияти сиёсатшиносони Русия дар мусоҳиба бо “Украина.ру” изҳор дошт. Ба гуфтаи ӯ, мақомоти феълии ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ бояд ба ҷустуҷӯи механизмҳои мутобиқшавӣ ба воқеиятҳои нав шуруъ кунанд.

“Мо рӯйдодҳои Қирғизистонро дидем, эътирозҳои даврӣ дар Тоҷикистонро ҳам, Ӯзбекистон ва Туркманистон дар қатори навбатӣ қарор мегиранд. Бо мурури замон ин як тамоюли умумӣ хоҳад буд, ки тамоми фазои пасошӯравиро фаро мегирад”, – афзуд ӯ.

Серенко ҳушдор медиҳад, ҳамон тамоюлҳое, ки дар Қазоқистон аст, метавонанд дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон кор кунанд, вақте “насли комилан нави одамон ба саҳна мебарояд” ва барои мақомот шартҳои нав мегузорад. Ҷавонон дар эътирозҳои Қазоқистон фаъол буданд. Дар он ҷо на занон буданду на пиронсолон.

Онҳо афроди аз 18 то 45-солае буданд, ки баъд аз пошхӯрии ИҶШС ба воя расидаанд ё дар кӯдакию наврасии онҳо Иттиҳоди Шӯравӣ пош хӯрд.

Коршинос қайд мекунад, ки ин хос барои тамоми фазои пасошӯравӣ аст, вақте ки элитаҳо иваз мешаванд, хоҳиши тарзи нави зиндагӣ пайдо мешавад.

“Дар Ӯзбекистон ва Тоҷикистон шумораи бештари мардум ба фарқ аз Қазоқистон берун аз ватани худ кор мекунанд. Дар Тоҷикистон то 80 дарсади ММД аз ҳисоби интиқоли муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия таъмин мешавад”, – қайд мекунад Серенко.

Гуфта мешавад, имкони партофтани “захираҳои изофии корӣ ба Русия” омили муҳими муътадилгардонии ин низомҳои корӣ аст, аммо ин наметавонад то абад идома ёбад. Зеро “хастагӣ аз мансабдорони дузд” ҳам дар баробари диндории афзояндаи ҷавонон ҷамъ мешавад.

“Ҷавонони мусалмонон дар Қазоқистону Қирғизистон ва дар Тоҷикистону Ӯзбекистон нуфузи бештар хоҳанд дошт. Ва исломи сиёсӣ низ ба рафтори ҷавонон таъсир хоҳад кард”, – гуфт ин сиёсатшинос.

Раиси Маркази таҳлилии Ҷамъияти сиёсатшиносони Русия таъкид кард, толибон дар Афғонистон низ субот дар минтақаро халалдор мекунанд. Вазъият дар Осиёи Марказӣ “мураккабтар, печидатар ва сустназоратшаванда” мешавад, ки ин маънии боло рафтани сатҳи бесуботиро дорад.

Дар ин ҷо манфиатҳои ғаразноки гурӯҳҳои гуногун, аз ҷиҳодчиён cap карда, то хадамотҳои махсуси мамлакатҳои минтақа нуҳуфтаанд ва тамоюли умумии ташвишовар бештар мешавад.

 

АлмаатоҚазоқистонТазоҳурот
Comments (0)
Add Comment