Таъкиди Бердимуҳаммадов ба масъалаи ҳидояти кишвар тавассути ҷавонон

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон гуфтааст, ки "дар бораи худ тасмими душвор" гирифтааст.

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисҷумҳури Туркманистон гуфт, ба ҳокимияти давлатӣ дар марҳалаи нави рушди кишвар бояд ба раҳбарони ҷавон роҳ дода шавад.

Дар ин бора сомонаи хабаргузории давлатии Туркманистон ТДХ хабар додааст. Бердимуҳаммадов гуфт: “Ман тарафдори он ҳастам, ки роҳ ба идоракунии давлатӣ дар марҳалаи нави рушди кишварамон бояд ба роҳбарони ҷавон дода шавад, ки дар муҳити маънавӣ ва мутобиқ ба талаботи баланди замон тарбия ёфтаанд”.

Вай афзуд, ки ният дорад, минбаъд низ таҷрибаи зиндагӣ ва сиёсии худро ба ин самт равона кунад.

Бердимуҳаммадов ҳамчунин гуфт, ки “дар бораи худ як тасмими душвор” қабул кардааст.

Манбаъ менависад: “Сарвари давлат ба ҳамватанони худ итминон дод, ки минбаъд низ дар роҳи зиндагии обод ва сарнавишти бузурги ватани маҳбубам, мардуми шуҷоъ ва наслҳои худ қувваи худро дареғ намедорад”.

Бино ба гузоришҳо, дар назар аст, ки моҳи март дар Туркманистон интихоботи пеш аз муҳлати раҳбари давлат баргузор шавад.

Сухани Бердимуҳаммадов “дар бораи худ як тасмими душвор ” гирифтаам” ба чӣ маъност, то ҳол норӯшан аст.

Парлумони Туркманистон ҷаласаи ғайринавбатии худро тавассути пайванди видеоӣ баргузор кард.

Палатаи болоии парлумон Барномаи миллии рушди иҷтимоию иқтисодии Туркманистон барои солҳои 2022-2052-ро қабул кард.

Дар ин зимн Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ин кишвар барои соли 2022-ро президент ба имзо расонида, дар нимаи дуюми ҷаласа Барномаи сисолаи рушди иҷтимоию иқтисодии ин кишварро қабул кард.

интихоботи президентӣҚурбонгулӣ БердимуҳаммадовТуркманистон
Comments (0)
Add Comment