Хуруҷи Амрико аз минтақа ба сӯди масъалаи Фаластин аст

Раиси ҷумбиши Ҳамос дар хориҷ аз Фаластин, бо ишора ба ин ки ҳимоятҳои Теҳрон аз Фаластин машрут нест гуфт, ки режими саҳюнистӣ дигар абзори коромади Амрико дар минтақа нест.

 

 

Ба гузориши манобеи хабрӣ, “Холид Машъал” раиси ҷумбиши Ҳамос дар хориҷ аз Фаласти таъкид кард, ки набояд барои ҳалли масъалаи Фаластин, мунтазири тағирот дар арсаи байналмилал монад ва ин масаъла, иштибоҳ аст.

Хабаргузории “Шаҳоб” ба нақл аз Холид Машъал гузориш дод: «Мо касе ҳастем, ки сарнавишти худро месозем ва ҳоли ҳозир ва ояндаи худро рақам мезанем. Ихтилофоти арабӣ – арабӣ ва арабӣ – исломӣ низ муҷиби рнҷидани мост».

Вай бо баёни ин ки гунҷондани режими саҳюнистӣ дар эътилофҳои минтақаӣ, дардовар аст, гуфт: «Хуруҷи Амрико аз минтақа ва машғӯл шудан ин кишвар ба Чин ва Русия фурсатҳоро барои кишварҳои минтақа бештар мекунад то ба дур аз дунболавӣ, ифои нақш кунанд».

Ин масъӯли Ҳамос бо таъкид бар ин ки хуруҷи Амрико аз минтақа ба сӯди масаълаи Фаластин аст, хотир нишон кард: «Исроил дигар абзори коромади Амрико дар минтақа нест. . . Машрӯъияти байналмилалии Исроил, рӯ ба коҳиш аст ва таҳрими он дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон, рӯ ба афзоиш аст».

Машъал, бо ишора ба ин ки тавофуқи Осло, як таваҳҳум аст, идома дод: «амалиётҳои муқовимат тайи солҳои 2020 ва 2021, ду чандон шуда аст. Мо бо қудрат дар ростои иртиқои муқовимат бо истифода аз тактикҳо ва абзорҳои мухталиф талош мекунем».

Вай бо таъкид бар муттаҳид шудани ҷабҳаи дохилии Фаластин, тасреҳ кард: «миллатҳои минтақа ҳамчунон мухолифи одисозӣ равобит (ошкорсозии равобит) ҳастанд. Охирин намунаи ин мухолифат низ ин буд, ки Муҳаммад Алъузӣ, бозикуни кувайтӣ ҳозир ба мусобиқа бо бозикуни Исроил нашуд».

Раиси ҷумбиши Ҳамос дар хориҷ аз Фаластин бо баёни ин ки равобити Ҳамос бо Ҷумҳурии Исломии Эрон ба авоили даҳаи навади милодӣ бозмегардад, гуфт, ки Эрон нисбат ба соири кишварҳои ҳомии Фаластин, мутамоиз аст ва ҳимоятҳои ин кишвар низ машрӯт нест.

Машъал пеш аз ин хостори ҳам афзоӣ талоши уммати исломӣ барои кӯмак ба масаълаи Фаластин ва ҳимоят аз миллати он шуд. Вай таъкид кард: «вазъияте ки акнун дар он ҳастем, дар зимни марҳалаи омодасозӣ барои ҷанги озодсозии фарогир қарор дорад ва Фаластин, унвони даргирии байни ҳақу ботил ва қутб намои уммати Ислом аст, ки бояд ҳамаи таваҷҷӯҳҳо маътуфи он шавад».

Машъал гуфт, ки Ҳамос ҳамчунон ба муқовимат пойбанд аст то ваҷаб ба ваҷаби хоки Фаластин озод ва муқаддасоти уммати Ислом дар ин сарзамини муборак боз пас гирифта шавад.

Раиси Ҳамос дар хориҷ хотир нишон кард: «он чӣ ба зӯр гирифта шуда ҷуз ба зӯр гирифта намешавад. . . Шитоби бархе аз режимҳо барои оддисозӣ бо Исроили ишғолгар ва онро дӯст ва шарики сулҳ қаламдод кардан, маҳкӯм аст».

Машъал таъкид кард, тамомии тарҳҳои режими саҳюнистӣ барои яҳудисозии Қудси ишғолӣ ва сарзамини Фаластин, ботил аст ва дар воқеият моликияти он ва ҳувияти арабӣ – исломӣ, ҳеҷ тағйири нахоҳад кард.

АмрикоОслосаҳюнистӣФаластинХолид МашъалҲамос
Comments (0)
Add Comment