Намояндаи Конгрес, мусодираи дороиҳои Афғонистонро бевиҷдонӣ тавсиф кард

Намояндаи Конгресси  Амрико, тарҳи "Ҷо Байден", раиси ҷумҳури ин кишвар барои мусодираи дороиҳои Афғонистонро маҳкум кард ва ин мусодираи дороиҳои Афғонистонро бевиҷдонӣ тавсиф кард.

 

Намояндаи Конгресси  Амрико, тарҳи “Ҷо Байден”, раиси ҷумҳури ин кишвар барои мусодираи дороиҳои Афғонистонро маҳкум кард ва ин мусодираи дороиҳои Афғонистонро бевиҷдонӣ тавсиф кард.

Ба гузориши хабаргузории “Common Dreams”, “Илҳон Умар” намояндаи Конгресси Амрико рӯзи ҷумъа, тарҳи давлати Ҷо Байденро барои мусодираи доимии 7 миллиард доллар аз дороиҳои феълии масдуд шудаи Афғонистон ва тавзиъи ними аз он ба бастагони қурбониёни 11 сентябрро маҳкум кард.

Илҳон Умар, дар вокуниш ба тарҳи давлати Ҷо Байден дар бораи дороиҳои давлати Афғонистон эълом кард: «дар миёни қаҳтӣ ва буҳрон дар Афғонистон ин як дуздӣ ошкор аст на чизе камтар, ҳечкадом аз терруристҳои 11 сентябр афғони набуданд.»

Намояндаи Конгресси Амрико ҳамчунин дар ҳисоби Тветарии худ бо ишора ба ин ки «ҳеҷ шаҳрванди афғон» дар миёни ҳавопаймо рубоёни 11 сентябр вуҷуд надоштанд, афзуд: дар ҳамин ҳол, мо миллиардҳо доллар ба давлатҳои Арабистони Саъудӣ ва Миср медиҳем, ки иртиботи мустақиме бо терруристҳои 11 сентябр доранд.

Илҳон Умар, дар идома бо ишора ба буҳрони инсонӣ дар Афғонистон гуфт: муҷозоти миллионҳо нафар аз гуруснагон барои ин ҷиноёт (11 сентябр) бевиҷдонӣ аст.

Пештари манобеи огоҳ эълом карда буданд, ки давлати Амрико қасд дорад ниме аз 7 миллиард доллар аз дороиҳои масдуд шудаи банки марказии Афғонистонро барои кӯмак ба мардуми ин кишвар озод кунад ва ин дар ҳоле аст, ки мобақии ин пул ҷиҳати расидагӣ ба шикоёти қурбониёни тероризм, дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико боқӣ хоҳад монад.

Афғонистон 2 миллиард доллари дигар захоир арзӣ дорад, ки дар кишварҳое аз ҷумла Англис, Олмон, Швейтсария ва Имороти Муттаҳидаи Арабӣ нигаҳдорӣ мешавад, ки бештари он вуҷуҳ низ масдуд шуда аст.

Вашингтон пус аз ба қудрат расидани гуруҳи Толибон дар Афғонистон, манобеи молии ин кишвар дар банкҳои Амрикоро блока кард, ки муҷиби эътирози мақомоти гуруҳи Толибон ва дигар кишварҳо шуда аст.

АмрикоАфғонистонИлҳон УмарТолибон
Comments (0)
Add Comment