Ошнои бо “Даҳаи Фаҷр”-и Инқилоби Исломии Эрон

12 баҳмани 1400 ҳиҷрии шамсӣ баробар бо 31 январи 2022 милодӣ, оғози Даҳаи мубораки Фаҷри Инқилоби Исломии Эрон аст.

12 баҳмани 1400 ҳиҷрии шамсӣ баробар бо 31 январи 2022 милодӣ, оғози Даҳаи мубораки Фаҷри Инқилоби Исломии Эрон аст.

Дар асари ҳузури миллионии мардуми мусулмони Эрон бар зидди шоҳ ва безорӣ аз ҳукумати меросӣ ва ситамкори шоҳӣ ва талаби барпоии ҳукумати исломӣ рӯзи 16 январи 1979 шоҳи Эрон маҷбур шуд кишварро барои ҳамеша тарк кунад ва бигурезад ва рӯзи 1 феврали 1979 имом Хумайнӣ (раҳ)  аз Порис ба Теҳрон баргашт ва 5 миллион нафар аз ӯ истиқбол карданд ва рӯзи 11 феврали 1979 пирӯзии Инқилоби Исломии Эрон эълон шуд. Аз замони омадани имом Хумайнӣ (раҳ) то эълони пирӯзӣ 10 рӯз гузашт. Дар Эрон ин даҳ рӯзро “Даҳаи Фаҷри Инқилоби Исломии Эрон” меноманд.

Ба ҳамин далел, аз рӯзи давоздаҳуми баҳман, яъне рӯзи вуруди имом Хумайнӣ (раҳ) ба Эрон то бисту дувуми баҳман, ки рӯзи пирӯзии Инқилоби Исломӣ аст, “Даҳаи фаҷр” номгузорӣ шудааст ва ҳар сол, ҷашнҳо ва маросими вижаи пирӯзии Инқилоби Исломӣ дар ин айём баргузор мешавад.

 

Шеъри дар васфи имом Хумайнӣ

 

Аз равнақи ҷамоли ту дилҳо мунаввар аст

Аз ҷилваи хаёли ту гулҳо муаттар аст

Исми ту рангу бӯё ба садҳо чаман диҳад

Зинат фазои ояти “Аллоҳу акбар” аст

Хуш мардуме варо ба имомат гузидааст

Шаъни асту эътибор, ки аз лутфи Ҳайдар аст

Оёти Кирдигор ба номаш мунаққаш аст

Яъне ба хоссу оми башар гашта сарвар аст

Покӣ чу роӯҳи поки Набӣ дар ҳама замон

Чун рӯҳи баргузидаи Оли Паямбар(с) аст

Аз сидқи хеш васфи ту кардам ба чанд ҳарф

Мошо, ки ёри туст на аз боғи дигар аст.

Даҳаи ФаҷрИнқилоби ИсломӣЭрон
Comments (0)
Add Comment