Ҳаводиси Каронаи Бохтарӣ нишон медиҳад, ки инқилоби мо идома дорад

Сухангӯи ҷумбиши "Ҳамос" таъкид кард, ки ташдиди амалиёти муқовимат дар Қудс ва Каронаи Бохтарӣ нишон медиҳад, ки инқилоб ва интифоза идома дорад.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ “Ҳозим Қосим”, сухангӯи ҷумбиши Ҳамос таъкид кард, ки ташдиди амалиётҳои муқовимат дар Қудс ва Каронаи Бохтарӣ ва густариши доманаи даргириҳо бо режими ишғолгар бори дигар нишон дод, ки мо бо инқилоби мустамар ва интифозаи идомадор мувоҷеҳ ҳастем.

Бинобар гузориши хабаргузории Фаластинии “Сафо”, Ҳозим Қосим, рӯзи панҷшанбе (имрӯз) бо эъломи ин матлаб таъкид кард, ки интифозаи Фаластин идома дорад ва ҳаргизи ҷуз бо таҳаққуқи аҳдофи миллати Фаластин, мутаваққиф нахоҳад шуд.

Низомиёни режими палиди саҳюнистӣ рӯзи сешанбе ба як мошини фаластинӣ дар минтақаи “Ал-Махифа” дар Наблос дар Каронаи Бохтарӣ тирандозӣ карда ва се ҷавонро ба шаҳодат расонданд. Ин се шаҳид аз “Катоиби Шуҳадои Ал-Ақсо” (Гурдонҳои шуҳадои Ал-Ақсо) шохаи Низомии ҷумбиши Фатҳи Фаластин буданд ва ин гурдонҳо низ дар як нишасти хабарӣ, таъкид карданд, ки посух ба ҷинояти террори ин шуҳадо, бисёр сахт хоҳад буд ва хуни ин афрод низ поймол нахоҳад шуд.

Сокинони Каронаи Бохтарӣ рӯзи чаҳоршанбе (дируз) ба нишонаи азодорӣ барои ин шуҳадо, даст ба эътисоби умумӣ зада ва тамомии марокизи тиҷорӣ ва фурӯшгоҳҳоро таътил карданд.

Аз сӯи дигар Фаластиниҳо ба сурати ношинос имрӯз панҷшанбе аз ҳисори мавҷуд дар марзи Ғазза ва Фаластини ишғолӣ убур карданд ва як камази саҳюнистиро ба оташ кашиданд. Артиши режими хунхори саҳюнистӣ зимни таъиди ин хабар эълом кард, аз камази мазкӯр барои анҷоми корҳои таъмиротӣ истифода мешуда ва Фаластиниҳо пас аз оташ задани он, ба Навори Ғазза бозгаштаанд.

Каронаи БохтарӣҚудссаҳюнистӣФаластинҲамос
Comments (0)
Add Comment