Муҳриддин Равобити Тоҷикистон ва Эронро матлуб донист

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон равобити кишвараш бо Ҷумҳурии Исломии Эронро матлуб арзёбӣ кард.

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти матбуотӣ бо хабарнигорон равобити кишвараш бо Ҷумҳурии Исломии Эронро матлуб арзёбӣ кард.

Сироҷиддин Муҳриддин, вазири умури хориҷаи Тоҷикистон равобити кишвараш бо Ҷумҳурии исломии Эронро матлуб унвон кард.

Вай дар нишасти матбуотӣ, ки ба манзури ташреҳи фаъолиятҳои давлати Тоҷикистон дар заминаи сиёсати хориҷӣ тайи соли 2021 баргузор шуд, нахустин сафари расмии хориҷии Саидиброҳими Раисӣ, раиси Ҷумҳури Исломии Эрон ба Тоҷикистон дар 18 – 17 сентябри 202-ро муҳим хонд ва гуфт, ки дар ин сафар баёнияи муштараки сарони ду кишвар ва ҳамчунин ҳашт санади ҳамкорӣ ба имзо расид, ки барои тавсеаи равобити дуҷониба муҳим мебошанд.

Сироҷиддин Муҳриддин дар хусуси чашмандоз равобит миёни Эрону Тоҷикистон дар соли 2022, изҳор дошт, сафари раиси ҷумҳури муҳтарами Эрон ба Тоҷикистон ба сурати умда рӯи равобиту таҷдиди сиёсати хориҷии ду кишвар дар қиболи якдигар тамаркуз дошт, ки хушбахтона шоҳиди тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ, фаннӣ ва фарҳангӣ дар пайи ин сафар мебошем.

Вай таъкид кард, Тоҷикистон ҳамеша хоҳони густариши муносиботи дуҷониба бо Ҷумҳурии Исломии Эрон буда ва кӯшиш менамояд то ҳамкориҳо беш аз аз пеш қавитар ва густариш ёбад.

Сироҷиддин Муҳриддин ҳамчунин гуфт, тибқи дастури раисони ҷумҳурии ду кишвар вазоратхонаҳои умӯри хориҷа ва соири ниҳодҳои марбӯта дар Тоҷикистону Эрон пайгири иҷрои тавофуқоте ҳастанд, ки тайи сафари расмии раиси Ҷумҳурии исломии ЭРОН ба Тоҷикистон ҳосил шудааст.

Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ба назари ман беҳбуди равобит миёни ду кишвар ба хубӣ эҳсос мешаваду мутмаинам, ки тайи соли ҷории милодӣ, теъдоде аз иқдомоти дуҷониба таҳаққуқ хоҳанд ёфт, ки расонаҳо дар ҷараён қарор хоҳанд гирифт.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Ҷалил Раҳимии Ҷаҳонободӣ, узви Кумитаи амнияти миллӣ ва сиёсати хориҷии парлумони Эрон аз сафари қарибулвуқуи як ҳайати ин кишвар ба Тоҷикистон хабар дод.

Ҷаҳонободӣ, ки ҳамчунин роҳбарии гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Эрону Тоҷикистонро ба уҳда дорад, хостори таҳкими ҳамкориҳо миёни ду кишвар шуд.

Ӯ зимни конфронси “Дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон”, ки дар доираи Созмони ҳамкории иқтисодӣ – ECO баргузор шудааст, аз муштаракот суҳбат кардаст.

расонаҳои эронӣ аз қавли Ҷаҳонободӣ навиштаанд :

“Эрону Тоҷикистону Афғонистон – се кишвареанд, ки таърих, забон ва фарҳанги муштарак доранд”.

Вай муҳим хондааст, ки равобити фарҳангӣ, забонӣ ва таърихии миёни кишварҳо таҳким шавад.

Вакили эронӣ инчунин аз нияти сафарашон ба Тоҷикистон дар моҳҳои наздик хабар дода, изҳор доштааст, ки дӯстони тоҷикро дар Шероз моҳи май ё июн мизбонӣ хоҳанд карду ҳамкориҳоро баррасӣ.

Маврид ба зикр аст, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон пас аз интихоби Cайидиброҳими Раисӣ ба унвони раисҷумҳури ҷадид ва сафари ӯ ба Душанбею мулоқоташ бо Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба густариш ниҳодаанд.

Байни ду кишвар зиёда аз 160 созишномаю тафоҳумнома ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

Таъкид мешавад, дар ҳамкории иқтисодии миёни ду кишвар Комиссияи ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон нақши муҳим дорад, ки то ҳол ҳудуди 12 нишасти ин комиссия дар Душанбе ва Теҳрон баргузор гардидааст.

 

 

 

равобитТоҷикистонЭрон
Comments (0)
Add Comment