Сафари раисҷумҳури Тоҷикистон ба Чин

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати ҳамтои чинияш ба Пекин рафт.

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати ҳамтои чинияш ба Пекин рафт.

Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои XXIV зимистонаи олимпӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар кард, хабар медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури кишвар.

Гуфта мешавад, ин сафар бо даъвати раисҷумҳури Чин Си Ҷинпин сурат гирифтааст.

Ба иттилои манбаъ, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, ёрдамчии президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.

Дар баробари раисҷумҳури Тоҷикстон ба ин кишвар ҳамзамон сарони беш аз 20 давлати ҷаҳон даъват шудаанд.

Пештар хабар дода шуд, ки роҳбари Чин аз раисҷумҳури Тоҷикистон даъват намудааст, ки моҳи феврали соли равон меҳмонаш шавад.

Маврид ба зикр аст, ки Бозиҳои зимистона дар Чин аз 4 то 20-уми феврали соли равон баргузор мешаванд. Мусобиқаи варзишгарон дар намудҳои гуногун, аз ҷумла лижаронӣ, рақси болои ях, бобслей, биатлон, фристайл, ҳоккей ва ғайра дар назар аст.

Дар ин мусобиқот ягон варзишгари тоҷик ба далели надоштани роҳхат ширкат нахоҳанд кард.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Намояндагони расмии Тоҷикистон ва Чин дар остонаи 30 – юмин солгарди барқарорсозии муносибот, рушди равобити тиҷоратию иқтисодиро барасӣ карданд.

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Намояндаи вижаи масъалаҳои АвруОсиё Шӯрои давлатии Чин Ли Хуэйро ба ҳузур пазируфт, хабар медиҳад ВУХ Тоҷикистон.

Ин мулоқот, дар остонаи 30-юмин солгарди барқарории муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Чин, баргузор гардид.

Дар ин дидор таъкид шудааст, ки Чин яке аз аввалин кишварҳо буд, ки 4 январи 1992 истиқлолият ва соҳибихтиёрии Тоҷикистонро эътироф кард.

Онҳо бо қаноатмандӣ қайд кардаанд, ки дар давоми се даҳсола муносибатҳои ду кишвари дӯст роҳи тӯлониро тай намуда, пур аз рӯйдодҳои муҳим буданд ва ба шарофати талошҳои муштарак ба сатҳи шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ расидаанд.

Дар хабарнома омадааст, ки :

“Дар мулоқот ҷонибҳо инчунин масъалаҳои рушди муносиботи дуҷонибаро баррасӣ карда, зарурати амалисозии тавофуқоти роҳбарони ду кишварро бобати тақвият бахшидани ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Чин дар соҳаҳои мухталиф таъкид намуданд”.

Манбаъ афзуда, ки дар ин дидор ба тавсеа ва таҳкими баъдии робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва илмию техникӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноату энергетика ва фарҳангу маориф таваҷҷуҳи хос зоҳир гардидааст.

Инчунин дар масъалаҳои марбут ба тавсеаи муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистон ва Чин дар чорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва вазъи амнияти минтақа табодули афкор сурат гирифтааст.

 

сафарТоҷикистонЧин
Comments (0)
Add Comment