Боздошти шуморе аз Фаластиниён тавассути низомиёни саҳюнистӣ

Низомиёни режими палиди саҳюнистӣ, зимни ҳамла ба нуқоте аз Каронаи Бохтарӣ шуморе аз Фаластиниёни мазлумро боздошт карданд.

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Ал-Аҳд”, низомиёни режими манҳуси саҳюнистӣ ҳамчунон ба иқдомоти хасмонаи худ алайҳи мардуми бедифоъи фаластин дар арозии ишғолӣ идома медиҳанд ва онҳоро бо баҳонаи мухталиф мавриди озору азият қарор медиҳанд. Дар ҳамин росто, низомиёни режими кӯдак куши саҳюнистӣ имрӯз ҷумъа ба Каронаи Бохтар ҳамла бурданд.

Бар асоси ин гузориш, ба дунболи ҳамлаи режими палиди саҳюнистӣ ба Каронаи Бохтарӣ даргириҳои шадиде миёни онҳо бо ҷавонони ғаюри фаластинӣ даргирифт. Саҳюнистҳо аз газҳои ашковар ва гулулаҳои ҷангӣ алайҳи Фаластиниёни бедифоъ истифода карданд. Дар ҷараёни ин даргириҳо шуморе аз Фаластиниён бидуни тафҳими иттиҳом тавассути режими палиди саҳюнист боздошт шуданд.

Ин дар ҳоле аст, ки чанде пеш ҷумбиши муқовимати исломии “Ҳамос”, баёнияеро дар хусуси тадовуми таҷовузоти режими хунхор ва палиди саҳюнистӣ ба Каронаи Бохтарӣ содир кард. “Ҳамос” дар баёнияи худ ба режими золими саҳюнистӣ дар бораи пайомадҳои вахими ношӣ аз тадовуми таҷовузот ба манотиқи мухталифи Каронаи Бохтарӣ ҳушдор дода аст.

Ин ҷумбиш таъкид карда аст: саҳюнистҳо дар сурати тадовуми таҷовузот ба Каронаи Бохтарӣ баҳои сангине пардохт хоҳанд кард. Дар ҳамин ҳол, ҷумбиши ҳамос хостори ташдиди муқовимат дар баробари иқдомоти золимонаи шаҳрак нишинони ишғолгар шуд ва таъкид кард, ки саҳюнистҳо дар сарзамини Фаластин ҳеҷ амният ва осоише нахоҳанд дошт.

Каронаи БохтарӣсаҳюнистӣФаластинҲамос
Comments (0)
Add Comment