Ваъдаи шаҳрдори Душанбе барои фароҳам намудани 250 ҳазор ҷои корӣ

Шаҳрдори Душанбе ваъда додааст, ки дар панҷ соли оянда 250 ҳазор ҷои нави корӣ таъсис дода мешавад.

Шаҳрдори Душанбе ваъда додааст, ки дар панҷ соли оянда 250 ҳазор ҷои нави корӣ таъсис дода мешавад.

Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти мақомоти шаҳр дар соли 2021 гуфт, нақша дорем, ки дар панҷ соли оянда шумораи ҷойҳои нави кориро ба 250 ҳазор расонем.

Вай таъкид кард, ки то соли 2026, яъне то Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ корҳои ободониву созандагӣ дар тамоми кишвар вусъат дода мешаванд.

Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе ба муовини якум ва муовинони раиси шаҳр дастур дод, ки якҷо бо сохторҳои дахлдор дар муддати ду моҳ нақшаи чорабиниҳои “35-солагии Истиқлоли давлатӣ” – ро бо баррасии ҳамаҷонибаи захираву имконияти мавҷуда ва ҷалби соҳибкорон ва шахсони ташаббускору эҳсонкор таҳия карда, барои тасдиқ ва иҷро пешниҳод намоянд.

Рустами Эмомалӣ изҳори бовар намуд, ки сокинони пойтахт барои амалӣ намудани сиёсати раисҷумҳур ба хотири рушди устувор ва ба шаҳри муосиру пешрафта табдил додани Душанбе кор хоҳанд кард.

Ҳамзамон шаҳрдори Душанбе зикр кард, ки дар доираи ҷамъбасти ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатӣдар пойтах 16 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ, 8 муассисаи тандурустӣ, 50 коргоҳу корхонаи саноатӣ, 162 километр роҳ, 19 бинои маъмурӣ, 225 иншооти баландошёна бо 161 маркази хизматрасонӣ, 62 майдончаи варзиш, 9 гулгашт, таъмири 2 321 бинои истиқоматӣ, 116 хобгоҳ ва таъсиси беш аз 15 ҳазор ҷойи нави корӣ, таъсису бунёд карда шуд.

Рустами ЭмомалӣТоҷикистоншаҳрдори Душанбе
Comments (0)
Add Comment