Барканории домодҳои Назарбоев аз раёсати ширкатҳои давлатӣ

Домодҳои Нурсултон Назарбоев аз раёсати ширкатҳои бузурги давлатӣ барканор шуданд.

Домодҳои Нурсултон Назарбоев аз раёсати ширкатҳои бузурги давлатӣ барканор шуданд.

Сандӯқи “Samruk – Kazyna”, ки бузургтарин дороиҳои давлатии Қазоқистонро идора мекунад, аз барканории Димаш Досанов, раиси ширкат “KazTransOil” ва Кайрат Шарипбаев, раиси раёсати “KAZAKHGAS ” хабар дод.

Онҳо ҳамсарони Олия Назарбоева ва Дарига Назарбоева, духтарони Назарбоева ҳастанд.

Олия Назарбоева пас аз ин иқдоми сафҳаи “Инстаграм” ва “Фейсбук”-и худро ҳазф кард.

Ин дар ҳоле аст, ки Олия Назарбоева нахустин узви хонавода буд, ки дар бораи тазоҳурот ва ошӯбҳо дар Қазоқистон изҳори назар кард ва расонаҳо аз тарки ватани ӯ ва иқомат дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ хабар доданд.

Нурсултон Назарбоев пас аз як давраи 29 сола ба унвони аввалин раисиҷумҳури Қазоқистон 19 марти 2019 истеъфо ва Қосим Ҷомарт Тоқаев, раиси пешини Сенаи Қазоқистонро ба унвони раёсатҷумҳурии муваққати ин кишвар таъйин кард.

Назарбоев пас аз истеъфо аз раёсатиҷумҳурии Қазоқистон, раёсати Шӯрои амнияти Қазоқистонро бар ӯҳда дошт, ки чанде пеш бо фармони Тоқаев барканор шуд.

Эътирозҳои саросарӣ дар Қазоқистон пас аз боло рафтан ва афзоиши қиммати гази моеъ оғоз шуд ва бо вуруди неруҳои кишварҳои узви СПАД, ҳоло Қазоқистон каме ором гирифтааст, аммо дар асари тазоҳурот бисёре аз мақомоту кормандони давлатӣ ё ба истеъфо рафта, ё по ба фирор гузоштаанд ва ё инки бо фармони Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон аз мақоми худ барканор шудаанд.

ҚазоқистонНазарбоевТазоҳурот
Comments (0)
Add Comment