Зоҳидӣ аз ҳаҷми тиҷорати Тоҷикистон бо Эрон гуфт

Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон гуфтааст, ки мувофиқи созишнома миёни Эрон ва Тоҷикистон, ҳаҷми табодули молии дуҷониба то 500 миллион евро афзоиш хоҳад ёфт.

Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон гуфтааст, ки мувофиқи созишнома миёни Эрон ва Тоҷикистон, ҳаҷми табодули молии дуҷониба то 500 миллион евро афзоиш хоҳад ёфт.

Дар ин бора Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар Эрон зимни як ҳамоиши дар Теҳрон гуфтааст. Бино бар иттилои Iran.ru, сафири Тоҷикистон дар конфронсе, ки дар Пажӯҳишгоҳи фарҳанги Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Теҳрон ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори равобити дипломатии Эрон ва Тоҷикистон баргузор шуд, оид ба дурнамои равобити ду кишвар сухан гуфт.

Низомиддин Зоҳидӣ иброз намудааст, ки равобити дипломатии Эрон ва Тоҷикистон 160 санади ҳамкориро дар бар мегиранд.

Сафир бо ишора ба ҳадафҳои дарозмуддати ду кишвар дар заминаи ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ гуфт:  «Тибқи тавофуқоти ҳосилшуда миёни ду кишвар ҳаҷми табодули молии дуҷониба то ба 500 миллион евро афзоиш хоҳад ёфт».

Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон дар дар робита ба ҳимояти Душанбе аз узвияти Эрон дар Созмони ҳамкории Шанхай гуфт: «Тоҷикистон бар ин бовар аст, ки узвияти доимии Эрон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба нафъи ҳамаи кишварҳо хоҳад буд».

Низомиддин Зоҳидӣсафири ТоҷикистонЭрон
Comments (0)
Add Comment