Қатли пирамарди 80 солаи фаластинӣ тавассути саҳюнистҳои ҷинояткор

Ҷумбиши "Ҷиҳоди Исломӣ" Фаластин дар вокуниш ба иқдоми ҷинояткоронаи саҳюнистҳо дар ба шаҳодат расондани як пирамарди 80 солаи фаластинӣ, эълом кард: ин иқдоми саҳюнистҳо ба монанди як ҷинояти ҷангӣ маҳсуб мешавад.

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Ал-Маёдин”, ҷумбиши “Ҷиҳоди Исломӣ”, Фаластин имрӯз чаҳоршанбе ба иқдоми ҷинояткоронаи ахири саҳюнистҳои палид дар арозии ишғолӣ ва қатли як пирамарди 80 сола вокуниш нишон дод ва ин иқдомро ҷинояти ҷангӣ хонд.

Бар асоси ин гузориш, ҷумбиши ҷиҳоди исломии Фаластин эълом карда аст, ки иқдоми саҳюнистҳо дар ба шаҳодат расондани пирамарди 80 солаи фаластинӣ ба масобеҳи як ҷинояти ҷангӣ маҳсуб мешавад ва ин иқдом, қобили иғмоз ва чашм пӯшӣ нест.

Ҷумбиши мазкӯр дар идомаи баёнияи худ таъкид карда аст, ки саҳюнистҳо бояд ба хотири иқдоми ҷинояткоронае ки дар ҳаққи пирамарди 80 сола анҷом доданд, муҷозот шаванд. Пеш аз ин, расонаҳои фаластинӣ эълом карданд: “Умар Абдулмаҷид Асъад”, пирамарди 80 солаи фаластинии сокини рустои “Ҷалҷалия”, дар шимоли Ромуллоҳ бар асари ҷароҳатҳои ношӣ аз зарбу шатм тавассути низомиёни палиди режими саҳюнистӣ ба шаҳодат расид.

Ба гуфтаи манобеи маҳаллӣ, ин шаҳиди фаластинӣ бомдоди имрӯз дар масири бозгашт ба хона тавассути низомиёни режими саҳюнистӣ, ки ба рустои Ҷалҷалия ҳамла бурда буданд, боздошт шуд ва мавриди зарбу шатм қарор гирифт. Низомиёни палиди саҳюнистӣ пас аз боздошт, дастҳо ва чашмони ӯро бастанд ва сипас дар канори як сохтумони дар ҳоли сохт бар рӯи замин раҳояш карданд. Ин пирамарди фаластинӣ дар ниҳоят ҷони худро бар асари шиддати ҷароҳатҳои ворида аз даст дод ва ба шаҳодат расид.

РомуллоҳсаҳюнистӣФаластинҶиҳоди исломӣ
Comments (0)
Add Comment