Лукашенко хостори кумаки ҳарбии СПАД ба Тоҷикистон

Александр Лукашенко раисҷумҳури Белорус пешниҳод кард барои пешгирӣ аз такрори сенариёи ҳаводиси Қазоқистон дар Тоҷикистон, ба Душанбе кумаки низомӣ карда шавад.

Александр Лукашенко раисҷумҳури Белорус пешниҳод кард барои пешгирӣ аз такрори сенариёи ҳаводиси Қазоқистон дар Тоҷикистон, ба Душанбе кумаки низомӣ карда шавад.

Ин пешниҳоди ӯ машварати онлайнии сарони кишварҳои СПАД , ки имрӯз баргузор шуд, садо дод.

Лукашенко гуфт солҳост, ки Эмомалӣ Раҳмон аз кишварҳои узви СПАЛ кумаки моддӣ ва техникии низомӣ мехоҳад ва ҳоло фурсати муносибест, ки ин масъала баҳс карда шавад.

Раисҷумҳури Белорус изҳор дошт :

Ӯ гуфт аз ҳоло бояд СПАД дар бораи Тоҷикистон бифндешад, чун баъди шурӯъи ҳаводисе шабеҳи Қазоқистон дер хоҳад шуд. “Намехем, ки дар Тоҷикистон ҳам чунин ҳодисаҳо рух диҳанд. Беҳтараш мушкилот аз ҳозир ҳал карда шавад”.

Вай гуфт :

Лукашеко таъкид кард дар саркӯби эътирозгарон набояд аз Ғарбу Амрико хиҷолат кашид. “Вақте ки худи онҳо ба мушкилот рӯ ба рӯ мешаванд, дар бораи демократия фикр намекунанд. Мо ҳам бояд инро ба инобат гирем. Дар Ғарб вазъиятро пайгирӣ мекунанд. Ду рӯз мунтазир шуда, сипас изҳороти сершуморе дар бораи демократияву озодӣ ва ғайра пахш шуд. СПАД нақшаҳои онҳоро барбод дод”.

Пештар дар хабарҳо омада буд :

Барои ба эътидол овардани вазъ, дар саросари Қазоқистон, низоми махсуси хатар ҷорӣ шудааст.

Бар асоси гузориши Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон, феълан дар саросари Қазоқистон хатари дараҷаи баланд ҷорӣ шудааст.

Дар хабарномаи ин ниҳод омадааст: “6 январи соли 2022 дар шаҳри Нурсултон раиси Кумитаи амнияти миллӣ, генерал-майор Ермек Сагимбоев ҷаласаи Ситоди ҷумҳуриявии оперативӣ оид ба мубориза бо терроризмро (РОШ) баргузор кард”.

Тибқи изҳорот, раиси КДАМ, дар мувофиқа бо президент дастур додааст, дар саросари Қазоқистон дараҷаи шадиди хатари террористӣ ҷорӣ карда шавад.

Дар тамоми манотиқи кишвар низоми амалиёти зиддитеррористӣ ба кор шурӯъ кардааст.

Вобаста ба вазъияти ба амаломада сарони аввали мақомоти давлатӣ барои ба эътидол овардани вазъ дар кишвар ва рафъи хатари террористӣ саъй доранд – барои ин аллакай чораҳои зарурӣ андешида шудаанд.

хабаргузории Tengrinews-и Қазоқистон қайд мекунад, ки бо ҷорӣ шудани дараҷаи сурхи хатари террористӣ, хадамоти махсус ҳақ доранд кофтукови шахсӣ, азназаргузаронии ашё ва воситаҳои нақлиёт, инчунин ҳаракати онҳоро маҳдуд ё манъ кунанд.

Илова бар ин, ба кормандони истихборотӣ иҷозат дода мешавад, ки бидуни мамониат ба ҳама гуна биноҳо, аз ҷумла ба манзилҳои истиқоматӣ дастрасӣ пайдо кунанд.

Ҳамчунин, ба феҳристи тадбирҳои рафъ кардани таҳдиди терроризм назорати гуфтушунидҳо ва дигар иттилооте, ки тавассути каналҳои низоми алоқа интиқол дода мешаванд, дохил карда шудаанд.

Илова бар ин, сафарбаркунии пурра ва омодагии ҷангии тамоми ҳайати шахсии хадамоти махсус ва пурзӯр намудани чораҳои амниятӣ дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон аз аввали соли 2022 идома доранд. Ба ин тазоҳурот ду баробар боло рафтани қимати гази моеъ сабаб шуд, ки хашми шаҳрвандони кишварро барангехт.

Комиссияи ташкилшудаи ҳукуматӣ омодагии худро барои паст кардани нархҳо эълон кард, аммо эътирозҳо ба шаҳрҳои дигар доман паҳн кард. Аз ҷумла, дар Алмаато рӯзҳои 4 ва 5 январ миёни сокинон ва маъмурони амниятӣ задухӯрди шадид рух дод.

 

Белорускумаки ҳарбиЛукашенкоТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment