Афзоиши мубодилоти тиҷорӣ байни Тоҷикистон ва Туркманистон

Тоҷикистону Туркманистон табодулоти тиҷориро 2. 5 баробар афзоиш додаанд ва коршиносон сабаби онро музокироти президентҳои ду кишвар медонанд.

Тоҷикистону Туркманистон табодулоти тиҷориро 2. 5 баробар афзоиш додаанд ва коршиносон сабаби онро музокироти президентҳои ду кишвар медонанд.

Ба гузориши Форс, ба гуфтаи коршиносон афзоиши мубодилоти тиҷорӣ натиҷаи музокироти Эмомалӣ Раҳмон, Раисиҷумҳури Тоҷикистон ва Қурбонқули Бердимуҳаммедов, раисиҷумҳури Туркманистон дар августи 2021 аст.

Дар ин дидор теъдоде аснод байни ду кишвар дар заминаҳои молӣ, иқтисодӣ, тиҷорӣ ва саноатӣ имзо шуд.

Ин аснод шомили тавофуқномаи эҷоди хонаҳои тиҷорӣ дар ду кишвар, барномаи ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ, нақшаи роҳи афзоиши гардиши молӣ барои солҳои 2021 – 2023, тавофуқномаи эҷоди шӯрои тиҷории утоқҳои бозаргонии Тоҷикистон ва Туркманистон буд.

мубодилоти тиҷорӣТоҷикистонТуркманистонЭмомалӣ Раҳмон
Comments (0)
Add Comment