Сабки зиндагии исломӣ дар мактаби шаҳид Сулаймонӣ

Шаҳид Сулаймонӣ илова бар доштани мақоми болони низомӣ ва ҳузур дар набарди бо душманон дар зиндагияш бисёр ихлос дошту маҳбуби мардум буд.

Шаҳид Сулаймонӣ илова бар доштани мақоми болони низомӣ ва ҳузур дар набарди бо душманон дар зиндагияш бисёр ихлос дошту маҳбуби мардум буд.

Муқаддима

Мактаби шаҳид Сулаймонӣ ба унвони намояндаи тафаккури миллӣ – исломӣ матраҳ аст. Ин тафаккур бар ин поя устувор аст, ки идеаҳои исломӣ (буъд ва ҷиҳати динӣ ) қобили ҷамъ бо идеаҳои ватанӣ (буъд ва ҷиҳати миллӣ ) мебошад.

Ёфтаҳо нишон диҳандаи ин матлаб аст, ки сабки зиндагии мактаби шаҳид Сулаймонӣ бар тафаккури ватанӣ – исломӣ, санҷидагӣ ва тадбир дар умур, содагиву сафо, мардумӣ будан, оромиш ва осоиш, хушахлоқӣ, иртиботи амиқ бо хонавода ва дараки амиқ аз ҳақиқати дунё ва охират устувораст.

Мактаби шаҳид Сулаймонӣ мактабе аст, ки ба василаи он метавон ҳазорон ҷавон тарбият кард ва ба тақарруби илоҳи расид. Барои ин фармондиҳи шаҳид метавон вижагиҳои бисёреро баршумурд, ки ҳар як аз онҳо метавонад абзоре барои тафаккур, андеша ва ҳатто тамрини ин хусусиёт дар байни тамоми бахшҳои ҷомеаи исломӣ ба вижаи ҷавонтарҳо бошад.

“Ихлос” барҷастатарин вижагии Ҳоҷӣ Қосим буд, ки ин муҳимро ҳамаи қишрҳои ҷомеъа аз ҷавон гирифта то пир бо ҳар эътиқоде ба он эътироф доранд. Ихлос, ки як омузаи динӣ ва ахлоқист аз манзар иҷтимоӣ метавонад дар ҷомеъа муъҷиза кунад.

Дар инҷо бо баёни чаҳордаҳ масъала ва баҳс, ҷанбаҳои инсонии мактаби шаҳид Сулаймониро хидмати шумо табйин хоҳем кард:

Якум: таваҷҷуҳ ба масъалаҳои маънавӣ ва эътиқодӣ

Дар охирҳои ҷаниг Эрон ва Ироқ, сардор Сулаймонӣ ба яке аз нируҳояш гуфт, ки бояд марказеро барои омӯзиши ақидатӣ ва боло бурдани басирати фармондеҳон фароҳам кунанд.

Сардор Сулаймонӣ бар ин мавзуъ таъкиди хоссе дошт, ки баъд аз ҷанг китоби хотироти шуҳадои ҷангро бинависад.

Дуюм: тавваҷуҳ ба сабти хотирот ва таҷрубиёт

Шаҳид Сулаймонӣ ташкилоте дар Кирмон бо унвони ҳамосаи Соруллоҳ барои сабти хотироти падар ва модари шаҳидоен таъсис кард ва ин иқдомро дар кули кишвар густариш дод.

Сеюм: баргузории маросимҳор мазҳабӣ дар хона

Ӯ солҳо барномае дошт, ки асри ҷумъа, ҳар ҳафта бо ҳамсару баъзан фарзандонаш ва як маддоҳ ва як руҳонӣ дар манзил равза ва маросим мегирифтанд. Ин ҷаласа хонаводагӣ буд . Ин ҷаласа бо ҳамаи машғулиятҳои корӣ собит буд ва танҳо соати баргузории он ҷо ба ҷо мешуд. Нигоҳи эшон ҳам тарбияти фардӣ ва ҳам тарбияти хонавода буд.

Чаҳорум: ҳифзи иртибот бо размандагони дифои муқаддас

Нигоҳи Ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ аз ҷониби дигари ҳам мутафовит буд тавре, ки камтар дар дигарон дида мешуд. Эшон аз даврони ҷанг то шаҳодат ҳеҷ замон иртиботашро бо размандагони лашкари Соруллоҳ қатъ накард.

Панҷум: аҳамияти маънавият дар даврони дифои муқаддас

Даврони ҷанги ӯ бо охирҳои умри вай мутафовит набуд. Хелеҳо ба мурури замон он рўҳияи даврони ҷангашон иваз шуда буд, аммо сардор Сулаймонӣ бо ҳамон руҳия ва ҳамон ихлосу бандагӣ буд . Дар даврони ҷанг ҳам бар ин масъала тавваҷуҳ вижа дошт .

Шашум: суханрониҳои маънавии сардор Сулаймонӣ

Суханрониҳои сардор Сулаймонӣ як маънавияти хос дошт. Вақте сардор Сулаймонӣ суханронӣ мекард сар то пои худаш ва суханрониҳояш пур аз маънавият буд.

Суханронии ӯ ҳамаро мунқалиб мекард ва фарқ намекард ин суханронӣ дар лашкар бошад ё дар ҷои дигар.

Ҳафтум: барномаи зиндагии шахсӣ ва кории сардор Сулаймонӣ

Мақоми муаззами раҳбарӣ фармуданд, гоҳе вақтҳо эшон 19 соат ё 20 соат дар тули шабона рӯз кор мекард ва баъзе вақтҳо соати яку ними шаб ба хона меомад, аммо агар ҷаласае набуд барноба дошт, ки соъати 9 шаб бихобад ва таъоруф надошт. Субҳҳо ҳам маъмулан соъти 3 аз хона берун мерафт, варзиш мекард, истахр ё кӯҳ мерафт, пиёдаравӣ мекард ва қабл аз соати 7 дар маҳали кор буд.

Ҳаштум: тавваҷуҳ ба хонаводаи шаҳидон

Шаҳид Сулаймонӣ бо фарзандони шаҳидон дар тамос буд ва гоҳе барои онҳо нома менавишт ё ба манзилашон мерафт. Гоҳе 2 ё 3 рӯз фарзандони шуҳадо дар хонаи эшон мемонданд. Ҳоҷӣ Қосим талош мекард фарзандони фармондиҳони шаҳид бо ҳам издивоҷ кунанд .

Нӯҳум: тавваҷуҳ ба мутолиа

Шаҳид Сулаймонӣ бисёр китоб мехонд. Дар соли 1357 ш. (1979 м), даҳҳо китоб дар конгресиа чоп шуд. Эшон ҳамаи китобҳоро худаш мурур мекард,  тазаккур медоду ҳазфу изофа мекард. Китобҳои дифои муқаддас, ки чоп мешуд аз эшон мехостанд, ки дар мавриди онҳо назар бидиҳад.

Ҳоҷӣ Қосим дар ҳавопаймо низ мутолиа мекард ва ба ин мавзуъ  таваҷҷуҳи вижае дошт. Вай духтарашро ҳам ба хондани китоби шаҳид Ҳуҷаҷӣ тавсия карда буд.

Даҳум: тавваҷуҳ ба масъалаҳои фарҳангӣ ва ҳунарӣ

Ҳоҷӣ Қосим дар бораи масъалаҳои ҳунарӣ ва сохти филм ҳам талош мекард. Аз сифр то сади филме, ки дар робита бо Сурия будро ҳимоят кард то филм сохта шуд. Бахшҳое аз сериали Пойтахт (як сериали пурбинандаи эронӣ), ки дар робита бо Сурия буд боз ҳам бо ҳиммат ва талоши сардор Сулаймонӣ буд .

Ёздаҳум: таваҷҷуҳ ба тарбияти фарзандон

Сардор нақл мекунад, ки яке аз домодҳояш замоне, ки ба хостгории духтарашон омад посдор буд сардор ба вай гуфт бояд аз сипоҳ берун биёяд то ҷавобашро бидиҳад. Агар дар сипоҳ бошад мумкинаст аз қудрати ман истифода кунад. Аз сипоҳ берун бияёду домоди ман бишавад. Сардор ба бачаҳои худаш ҳам ҳассос буд. Эшон ду писар ва се духтар доранд .

Дар ҳеҷ ҷои аз кишвар шунида намешуд, ки фарзандони сардор аз қудрати падар истифода карда ва коре анҷом диҳанд .

Дувоздаҳум: дурӣ аз кибру ғурур

Ҳоҷӣ Қосими Сулаймонӣ ҳеҷ ҷое худашро надид. Дар Ироқ ҳамеша Абӯмаҳдӣ мегуфт, ки фармондеҳаш Ҳоҷӣ Қосим аст ва Сулаймонӣ ҳам мегуфт, ки фармондеҳаш Абӯмаҳдӣ аст. Дар Лубнон худашро надид дар Сурияи худашро надид дар ҷаласоти шӯро ҳам нашуд, ки бигуяд маслан агар эшон дар ҷанги 33 рўзи Лубнон ё ҷанги Сурия ё Ироқ ва  Афғонистон набуданд ин иттифоқҳо намеафтод.

Сездаҳум: таваҷҷуҳ ба иртибот бо Худо

Қуръон як формула ба мо додааст, ки агар шумо бо тақво ва мумин

шавед як нафари шумо 10 нафар мешавад. (Сураи Алнфол, ояти 65).

Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ мефармоянд: Сипоҳ, низомии маҳз нест, балки як ниҳод ҳам набояд гуфт ҳатто созмон ҳам набояд гуфт, сипоҳ ҳатто фаротар аз созмон, як органи низомӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ аст ва ин шаклгирии нигоҳи Ҳоҷӣ Қосим дар ҷанги 8 солааст.

Натиҷагирӣ

Сабки зиндагии шаҳидон зеботарин роҳ барои шинохти шаҳидон ва роҳи онҳо ва пайравӣ аз андешаи онҳо мебошад ва дар ин байн, шаҳид Қосим Сулаймонӣ, ки бузургмарди хатти муқовимат ва роҳи мубориза бо душманони дини Ислом, сабки зиндагии исломиро дар гуфтору амалакарди худаш барои мо нишон додааст, то бо пайравӣ аз ин сабки зиндагӣ ҳам номаш ҷовиду ҳам мактабаш зинда нигоҳ дошта мешавад.

АмрикоДИИШҚосим Сулаймонӣмактаби Сулаймонӣшаҳид СулаймонӣЭрон
Comments (0)
Add Comment