Ҷанбаҳои инсонии мактаби шаҳид Сулаймонӣ

Сулаймонӣ, ин шаҳиди бузурги хатти муқовимат, дар рафтору кирдор ва гуфтораш дарси инсониятӣ ба тамоми озомардони мусалмони ҷаҳон вуҷуд дорад.

Муқаддима/ Шаҳид Қосими Сулаймонӣ комилан мардумро аз дидгоҳи маънавӣ медид ва бар ин бовар буд, ки хизмат ба мардум на танҳо барои мо ифтихор аст балки хизмат ба худ аст ва агар инсон бихоҳад ба ҷое бирасад роҳу масираш ин аст, ки хизматгузорӣ мардум бошад.
Далели чунин нигоҳе ин буд, ки наздикӣ ба Худованди Мутаолро аз масири инсон ва инсоният менигарист. Лизо ҳам аз ҷиҳати фикриву эътиқодӣ ва аз ҷиҳати амалӣ ҷойгоҳи шоистаи инсонӣ дошт.

Дар нигоҳи ишон тақарруб ва наздикӣ ба Худованди мутаол аз тариқи наздикӣ ба инсон ҳосил мешавад . Яъне наздикӣ ва хизмат ба инсоне, ки махлуқи Худованд ва ин худ ин як нигоҳ ва назари фаротар аз дин аст. Се масъала ва ҷараён, эртиботи муҳиме дар шарҳ додан ва тавзеҳи ҷанбаҳо ва ҷиҳатҳои инсонии мактаби шаҳиди Сулаймонӣ доранд:

Як : (ҷараёни робитаҳои иҷтимоӣ) таомул байни инсони соҳиби ҳақ ва инсони соҳиби каромат.
Ду : ( ҷараёни бандагии Худо) робитаҳо байни инсони соҳиби ҳақ ва  инсон ба унвони ҷонишини Худованд.
Се : ( ҷараёни ҳидоят ) сабаби ҷонишинии инсон барои Худованд ва сабаби соҳиби каромат будани инсон.
Дар ин мақола ҷанбаҳои инсонии ин шаҳиди бузургавор мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Ҷанбаҳои инсонии ин мактаб чунон омузандааст, ки бо наздик шудан ба ин вежагиҳо метавон ба Худованд наздик шуд.
Вақте шаҳид Сулаймонӣ ба ин мақом расид, ин ҷои басе умед аст, ки ҷавонон ҳам метавонанд бо баҳрагирӣ аз мактаби ин шаҳиди бузургавор ба мақоми таққарруби илоҳӣ бирасанд.
Яке аз баҳсҳое, ки мавриди ғифлат воқеъ шудааст баррасии ҷанбаҳои инсонии ин шаҳид аст, ки баёни ин вежагиҳо метавонад бархе аз афродро барои ҷаҳони Ислом тарбият кунад.

Сифот ва васфҳои шоистаи инсон дар Қуръони Карим

Дар оятҳои муқаддаси Қуръони Карим иборатҳои “каромат” ва “фазилат” ҳар ду барои инсон ба миён омада аст:

« وَلَقَدْ کَرَّمْنَا بَنِی آدَمَ»  و « وَفَضَّلْنَاهُمْ عَلَى کَثِیرٍ مِّمَّنْ خَلَقْنَا تَفْضِیلاً».

Манзур аз “такрим” ихтисос додани сифат ё хусусияте ба одамист, ки дар дигарон вуҷуд надорад.

Каромат марбут ба шарофати зотии як чиз аст, ки вежаи худи ӯст.
Дар каромат танҳо худи шахси мавриди такрим, маврид назараст ва муқоиса бо дигарон дар он дар назар гирифта намешавад.
Аммо дар фазилат, мавҷуде бо мавҷудоти дигар муқоиса ва бартарии он мушаххас мешавад. Фазилати инсонӣ нисбат ба дигар махлуқот ба ин маъно аст, ки ҳар чизе, ки бар дигар махлуқот дода шудааст, бештар ва олитар аз он ба инсон дода шудааст. ( Ҷаводии Омулӣ,1387,  алиф : 216 )
Худованд сифотеро барои инсонҳо дар Қуръон мушаххас кардааст, ки ин сифатҳо ба зот ва руҳи илоҳии инсон ишора дорад. Дар ояти 70 аз сураи Исроъ омадааст:

« وَلَقَدْ کَرَّمْنَا بَنِی آدَمَ وَحَمَلْنَاهُمْ فِی الْبَرِّ وَالْبَحْرِ وَرَزَقْنَاهُم مِّنَ الطَّیِّبَاتِ وَفَضَّلْنَاهُمْ عَلَى کَثِیرٍ مِّمَّنْ خَلَقْنَا تَفْضِیلاً».

Мо одамзодагонро гиромӣ доштем ва онҳоро дар хушкиву дарё ҳамл кардем ва аз навъҳои рузиҳои покиза ба онҳо рӯзӣ додем ва онҳоро бар бисёре аз мавҷудоте, ки халқ кардаем, бартарӣ бахшидем.”

Инҷо бо баёни ҳафт масъала ҷанбаҳои инсонии мактаби шаҳид Сулаймониро барои шумо баён хоҳем намуд.

Масъалаи аввал: иртиботи шаҳид Сулаймонӣ бо шаҳидон

Сардор Сулаймонӣ сухане доштанд, ки агар рӯзе сад бор барои шаҳидон салавот нафирстем бар онҳо ҷафо кардаем ва ӯ худ пойбанд буд, ки барои шаҳидон салавот бифиристад.

Шаҳид Сулаймонӣ ҳар рӯз ҳангоме, ки вориди сохтмони фармондеҳӣ мешуд, аз он ҷо ки аксҳои шаҳидон аз вурӯӯудии сохтимон то утоқ ва пушти мизи ӯ насб шуда буд, дар баробари ҳар аксе меистод ва машғули хондани сураи Фотиҳа мешуд ва дар баробари бархе аз аксҳо, ки ошноии бештаре бо онҳо дошт бештар меистод ва даст бар рӯи аксҳои онҳо мекашид ва қоби аксашонро мебӯсид. Гуё шаҳид Сулаймон паймоне бо шаҳидон дошт ва онҳоро тибқи ояти169 Оли Имрон нозир бар худ медид:

« وَلَقَدْ کَرَّمْنَا بَنِی آدَمَ وَحَمَلْنَاهُمْ فِی الْبَرِّ وَالْبَحْرِ وَرَزَقْنَاهُم مِّنَ الطَّیِّبَاتِ وَفَضَّلْنَاهُمْ عَلَى کَثِیرٍ مِّمَّنْ خَلَقْنَا تَفْضِیلاً».
Масъалаи дуввум: Шаҳиди Сулаймонӣ ва фармондеҳӣ
Ҳангоме, ки сардор Саломӣ ба фармондиҳии Сипоҳи Эрон таъйин шуд, сардор Сулаймонӣ барои таҷлил ва такрим, эшонро ба мақарри худ дар неруи Қудс даъват кард. Субҳи аввали вақт, ки қарор буд сардор Саломӣ биёяд, вурудии мақарро об пошида ва ороста кард. Ҳоҷ Қосими Сулаймонӣ дар берун сохтимон нишаста буд ва яке ду нафар ҳам канораш буданд ва  мунтазир буд то сардор Саломӣ биёяд. Қариби ним соъат бо либоси низомӣ вурудии мақар нишаст, ки сардор Саломӣ биёяд ва аз эшон истиқбол кунад. Ин як намуна аз хоксории эшон буд . Шаҳид Сулаймонӣ эҳтироми вежае нисбат ба сардор Саломӣ дошт,  ба гунае, ки сардор Саломиро ба покӣ ва сабурӣ дар Сипоҳ мешинохтанд.

Масъалаи севвум: Шаҳид Сулаймонӣ  ва сели Хузистон

Шаҳрҳои устони Хузистони Эрон яке пас аз дигарӣ дар миёни ҳуҷуми сели вайронгар ба зери об мерафтанд ва онҷо буд, ки Ҳоҷӣ Қосим Сулаймонӣ ҷабҳаҳои муқовимат дар кишварҳои исломиро раҳо карду раҳсипори минтақаи ҷануби Хузистон шуд, то ба мардуми селзада хизмат кунад. Мардум ноумед барои ёфтани роҳкор барои ҷилавгирӣ аз нобудии хона ва василаҳои зиндагӣ ва заминҳои кишоварзии худ буданд, вале Ҳоҷӣ Қосими Сулаймониро ҳамчун нуқтаи умеде дар торикӣ медиданд ва ҳузури соддаи вай дар миёни мардум ва ҳарф задан бо онҳо ба забони арабӣ, сахтиҳои даврони селро барои онҳо ба ҳаловат табдил кард.

Сардор Сулаймонӣ муътақид буд, ки ҳар ҷое инсонҳо ниёзманди кумак ҳастанд, бояд ба ёрии онҳо шитофт, то аз дарду ранҷ ва мушкилоти онҳо коста шавад.

Масъалаи чаҳорум: Вилоят дар мактаби шаҳид Сулаймонӣ
Вилоятмадор, яъне касе, ки ҳаракатро ба гӯнае танзим кунад, ки бар мадори вилоят бошад. У болотар аз вилоятмадорӣ, вилояти афзо буд. Яъне дар нуқтаи камоли вилоятмадорӣ, ки вилоят афзоист, қарор дошт . Эшон дар давраи ҷамъиятҳои зиёдиро пушти сари раҳбари инқиолб қарор дод, ки шомили миллионҳо нафар дар фазои дохилӣ ва даҳҳо миллион нафар дар фазоӣ хориҷӣ мешуданд.

Масъалаи панҷум : Ҷойгоҳи мардум дар мактаби шаҳиди Сулаймонӣ

Шаҳид Сулаймонӣ муътақид буд, ки мардум зидди Ислом ва инқилоб нестанд ва зидди Ислом ва инқилоб намешаванд ва ба ин ҳарфи худ эмони қалбӣ доштанд.

У муътақид буд, ки мардум диндор ва инқилобӣ ҳастанд ва ин гуна нест, ки таҳти таъсири фишорҳо аз доираи инқилоб хориҷ шаванд. Ин ҷумлаи маъруфи Сардор ҳамчунон дар зеҳнҳо мондгораст, ки духтарҳои беҳиҷоб, духтарҳои худамон ҳастанд ва ҳисоби онҳоро аз духтарҳои фосид ва зидди Ислом ва инқилоб ҷудо бидонед. Шаҳид дар ҷаласҳои дохилӣ тавзеҳоте ҳам нисбат ба ин ҷумла медод, ки иллати ин қазия, мардумӣ набӯдан ва кор накарданаст.

Масъалаи шашум : Пойбандӣ ба дин дар мактаби шаҳиди Сулаймонӣ

Амалиёти шаҳри Букамол беш аз ду моҳ ба дарозо кашид ва амалиёти сахте буд . Эшон бо муҷоҳидатҳои худ ин минтақаро озод кард ва дар замони амалиёт аз як хонаи махрубае истифода мекард, ки дигар маънои хона ҳам надошт, зеро ин терористҳо хонаҳоро сурох карда ва ба ҳам васл намуда буданд ва имкони ин кор фароҳам буд, ки аз як хона вориди шаст ё ҳафтод хона шуд . Хона хароб аст ,панҷара дар он нест ва ҳамаи ҷои он осеб дида ва мавриди инфиҷор ва тирандозӣ қарор гирифта ва табдил ба як и махруба шуда буд. Шаҳид Сулаймонӣ дар ин хона, амалиёти шаҳри Букмолро фармондиҳӣ мекард ва ҳангоме, ки амалиёт тамом мешавад, як номае барои соҳи бхона менависад ва аз ӯ талаби ҳалолият ва бахшиш мекунад. Баъд ин номаро дар байни Қуръон мегузорад ва дар тоқча қарор медиҳад ва баъд дастур медиҳад, ки бираванд ва соҳиб хонаро пайдо кунанд . Атрофиёни шаҳид мегуйанд соҳиби хона ин атроф нест ва мудатҳо пеш аз инҷо рафтааст, аммо эшон мегуяд бояд ҳатман ӯ пайдо шавад ва водор мекунад, ки ӯро пайдо кунанд . Пас аз ҷустуҷуи зиёд мутаваҷҷеҳ мешаванд, ки соҳиби хона дар яке аз рустоҳои Туркия зиндагӣ мекунад . Телефони соҳиби хонаро пайдо мекунад ва ба ӯ занг мезанад ва худро муъаррифӣ мекунад ва аз ӯ ба хотири инки дар хонааш истиқрор дошта ва намоз хондааст ҳалолят металабад.

Масъалаи ҳафтум: Шаҳид Сулаймонӣ ва рафтор бо нухбагон

Эшон дар табақаи нухбагон, марзе қоил набӯд, ки бигуяд ин фард барои ҳизби чап аст ё он фард барои ҳизби рост аст. Барои ӯ ин калимҳо маъно ва мафҳӯм надошт. Танҳо чизе, ки баро вай маъно ва мафҳӯм дошт раҳбарӣ буд .

Қабӯл доштани раҳбари инқилоб тавассути афрод ва ҷиноҳҳо ва ҳамроҳии онҳо бо раҳбари инқилоб барои эшон масаълаи муҳим буд . Дар айни ҳол эшон бо ҳамон буъди вилоятафзоӣ,афроди зиёдеро аз манҷилоби сиёсӣ берун мекашид ва ба самти раҳбарӣ мебурд.

Натиҷагирӣ

Бо нигоҳ ба амалкарду рафтор ва зиндагии шаҳидон ба вижа Ҳоҷӣ Қосим Сулаймонӣ, ин шаҳиди бузурги хатти муқовимат, ки номаш ларза ба ҷони душманони дини Ислом меандозад, бисёр метавон аз вижагиҳо ва хислатҳои ӯ истифода намуд ва зиндагии худро бӯи инсоният бахшид. Шаҳид Сулаймонӣ дар канори тамоми қудрати сиёсӣ ва низомии худ таваҷҷӯҳи зиёде ба ҷанбаҳои инсонӣ ва инсоният дошт ва ин рамзи муҳбабуияти ҷаҳонӣ ин шаҳиди вораста мебошад.

 

АмрикоИроқҚосим Сулаймонӣмактаби СулаймонӣЭрон
Comments (0)
Add Comment