Мулоқоти сафири Тоҷикистон бо раиси маркази мутолиоти сиёсии ҶИЭ

Дар дидори сафири Тоҷикистон бо раиси маркази мутолиоти сиёсии Вазорати хориҷаи ҶИЭ масоили стратегияи ду кишвар баррасӣ шуд.

Дар дидори сафири Тоҷикистон бо раиси маркази мутолиоти сиёсии Вазорати хориҷаи ҶИЭ масоили стратегияи ду кишвар баррасӣ шуд.

Ба нақл аз сомонаи Вазорати хориҷаи ҶТ, Сафири Тоҷикистон дар Теҳрон бо раиси Маркази мутолиоти сиёсӣ ва байналмилалии Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дидор кардааст.

Мулоқоти Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Тоҷикистон бо Муҳаммадҳасан Шайхулисломӣ, раиси Маркази мутолиоти сиёсӣ ва байналмилалии Вазорати умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар шаҳри Теҳрон баргузор гардид.

Зимни мулоқоти сафири Тоҷикистон бо раиси маркази мутолиоти сиёсии Вазорати хориҷаи ҶИЭ, ҳамкории ниҳодҳои тадқиқоти стратегии ду кишвар, ҳамчунин баргузории чорабиниҳои муштарак бахшида ба 30-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар ин мулоқоти сафири Тоҷикистон, ҳамчунин оид ба масъалаҳои дигари мавриди таваҷҷуҳи тарафҳо табодули назар сурат гирифт.

Низомиддин Зоҳидӣсафири ТоҷикистонТоҷикистонЭрон
Comments (0)
Add Comment