25 вижагии шохиси шаҳид ҳоҷи Қосими Сулаймонӣ

Муаллифаҳои мактаби шаҳид сардор Сулаймонӣ

Ба рости чӣ фароянде дар зиндагии як инсон тай мешавад, ки ӯро дар қомати як мактаб, фарозманд мекунад? Чӣ иттифоқоте рух медиҳад, ки як инсон ба танҳоӣ як мактаби дарсомӯз мегардад? посӯх равшан аст.

Ҳаргоҳ инсон аз мадори фардяти хеш хориҷ гардад ва саҳифаи вуҷудӣ ӯ он қадр густариш ёбад, ки бар нуфуси инсонҳо таъсири қобили таваҷҷӯҳ дар масири камол бигузорад ӯ дар воқеъ табдил ба як мадраса шуда аст. Онгоҳ ки манзӯмае мунсаҷим ва ҷомеъ ва муташаккил аз аҷзои як шахсияти рушдёфта дар абъоди мухталиф ва заминаҳои гуногӯн шакл мегирад ва ба унвони як мактаб ва як улгӯ ва як мадрасаи дарсомӯз рух менамояд. Ва сардори дилҳо ва Қосими азизи миллат­ҳои огоҳ ва озода ин ­чнин буд. Ҳамон­гуна ки ёри мухлис ва ҳамроҳи муъмин ва шуҷоъаш “Абумаҳдӣ Муҳандис”, ки дуруди бекарони Илоҳӣ бар ӯ бод, ин ­чунин буд. Акнун ба табйини бархе аз вижагиҳои барҷастаи муассис ва поягузори ин мактаб ме­пардозем ки ҳамоно баёнгари муаллифааҳои ин мактаб мебошад.

  1. Нубуғи низомӣ, сардор Сулаймонӣ аз нубуғи низомии хосе бархӯрдор буд. Ӯ мусаллат ба дониши разм буд. Ва барои касби ин дониш ва маҳорати дақиқ ва ҳассос, ба ­гунае­ корбурдӣ ва на сирфан назарӣ, боистӣ дар майдони набард, ҳузурӣ мустамар дошт ва ором ­ором бо завоёи мухталиф ва печидагиҳои фаровони он ошно шуд. Ӯдасти­кам, се майдони умдаи размро озмуда буд: майдони дифои муқаддас, майдони мубориза бо ашрори мусаллаҳ ва саранҷом майдони мубориза дар арсаи фаромарзӣ ва минтақавӣ дар Ироқ ва Сурия (дар муқобили ҷараёни саффоки ДИИШ бо ҳамаи пуштибониҳое ки аз сӯи қудрататҳои истикборӣ ва азнобашон аз он сӯрат мегирифт) ва низ дар ҳар нуқтаи дигар аз минтақа, ки ҳузури ӯ зарурат ме­ёфт.
  2. Рӯҳияи салаҳшӯрӣ ва ҷангандагӣ, ӯ дар ҷанг­ҳо илова бар ҳидояти мақотеъи мухталифи амалиётӣ аз тариқи истиқрор дар қароргоҳҳо, дар ниҳоят шуҷоат ва бебокӣ дар хутути муқаддам ҳузур меёфт. Ӯ орӣ аз ҳаргӯна тарс дар мувоҷеҳа бо душман дар маърака­ҳо ва маёдини набард буд ӯ ин ҷумалоти ҳазрати Алӣ (А)-ро бо ҳамаи вуҷуд дунбол менамуд, ки фармуд: “تزول الجبال ولاتزل،­عض­علی­ناجذک،اعرالله ­جمجمتک،ارم ­ببصرک­اقصی ­القوم­ و غض­بصرک واعلم ان­ النصرمن عندالله سبحانه»،”Агар кӯҳҳо мутазалзил шавад ту такон махӯр,дандонҳоятро ба ҳам бифишор ва ҷумҷумаи хешро ба Худо орят деҳ, қадамҳоятро бар замин мехкӯб кун, ва нигоҳат ба охири лашкари душман бошад, чашаматро фурӯгир (ва маръуби нафарот ва таҷҳизоти душман ­машав) ва бидон, ки нусрат ва пирӯзӣ аз сӯи Худованди Субҳон аст”, ҳамоно ки сардор Сулаймонӣ аинан ­чунин буд. Ӯ дар миёнаи майдони набард ҳузур меёфт ва шуҷоъона ме­ҷангид. Ин­чунин ҳузуре натиҷаи  бас муассир дошт ва боис мегардид, ки ангеза ва тавон ва таҳарруки нерӯи разм музоъаф гардад. Фармондаҳи ва рашодати бенаназири ӯ муҷиб гардид, ки пас аз дарёфти чанд нишони фатҳ, барои аввалин ­бор нишони Зулфақорро, ки болотарин нишони низомии кишвари Ҷумҳурии Исломии Ирон буд аз сӯи фармондаҳи муаззами кулли қуво дарёфт намояд.
  3. Руҳияи шаҳодатталабӣ, Қосими азизи мо шефтаи шаҳодат буд ӯ дар доғи фироқи ёрони ҳамрзамаш ме­сӯхт ва дар наҷвоҳои шабонааш пайваста аз ҳазрати Ҳақ талаби шаҳодат менанамуд . Ӯ аз мағзу устухон ва буни дандон ва бо зарра ­­зарра­и вуҷӯдаш хоҳони шаҳодат буд, ӯ бо шуҳадо сухан мегуфт ва аз онон мултамисона мехост, ки ӯро ба сӯи хеш баркашанд ва ба базми маънавии худ фарохонанд. Бузург­тарин орзӯи ӯ ки ҳечгоҳ дар он сустӣ ва костӣ падид наомад, ҳамоно шаҳодат буд ва саранҷом ба ин орзӯ ки ба дасти шақи­тарин инсони рӯзгор ба шаҳодат бирасад, расид.
  4. Ихлос, ӯ ба шиддат аз риё ва худнамоӣ парҳез мекард. Буд ва намуди ӯ яке буд, он­гунаменамуд ки буд. Зоҳири беолоиш ва мӯъминонаи­ ӯ хабар аз ботини софа ва полудааш медод, мисдоқи ояи шарифаи «سِیمَاهُمْ فِی وُجُوهِهِمْ مِنْ أَثَرِ السُّجُودِ» буд дар тариқи ихлос собит­қдм буд. Ҳеҷгоҳ ба дунболи матраҳ намудани худ набуд ва ончунон ба ғанои дарун расидабуд, ки мустағнӣ аз заррае ҷилва­гарӣ берун шуда буд. Зулол чун об буд ва шаффоф чун оӣна.
  5. Иродат ва тамассук ба аҳли байт (А), ӯ аз умқи ҷон шефтаи аҳли байти исмат ва таҳорат (А) буд. Эътиқод ва иродат ва ишқ ба хонадони рисолат дар аъмоқи вуҷудаш русух намуда буд. Пайваста мутавассил ба он ахтарони тобноки осмони имомат ва вилоят буд. Ҳаргоҳ ба зиёратиҳарами шарифи яке аз маъсумин (А) ташриф меёфт. Нашъаи ҳаловати ҳузур дар ҷавори марқади мутаҳҳарашон, рӯҳи осмонӣ ӯро ҷило ме­бахшид ва ба парвоз дар ме­овард ва баҳҷат ва сарварии тому тамом ҷони шефтаи ӯро фаро мегирифт. Маҷлиси азои Ҳусайн (А)ро барпо ме­кард ва хизмат дар равзаи Сйиди Шуҳадо(А)-ро барои худ ифтихори басо бузург ме­донист.
  6. Вилоятмадорӣ, ӯ ба ғояти вилоятмадор буд ва ба раҳбар ва муқтадои хеш ишқ мева­рзид. Нигоҳи ӯ ба унвони як афсари рашиди лашкари Ислом ба валии амри муслимин ва фармондеҳи муаззами кулли қуво танҳо аз ҳайси риояти силсила маротиб низомӣ набуд балки нигоҳи бас фаротар дошт ва аз ҷанбаи эътиқодӣ бадинамр менанагирист сухани ӯ, навиштаи ӯ, нигоҳи ӯ, тасмимот, фаолиятатҳо ва аъмоли ӯ ҳама ва ҳама таъқибкунандаи хатти вилоят буд. Беҷиҳат нест, ки иборати Молики Аштари вилоят дар васфи ӯ бакор бурда мешавад.
  7. Таъаббуд ва маънавият, ӯ илова бар анҷоми воҷиботи ибодӣ ба мустаҳаббот низ таваҷҷӯҳи вижае дошт. Аз ҳар фурсате барои тиловати оёти Қуръон ва дуо ва муноҷот баҳра меҷуст. Муқайяд ба таҳаҷҷуд ва намози шаб буд. Гиряаҳо ва розу ниёзҳои ӯ дар дили шаб ба равшании тасвири аз як орифи восил ба даст медиҳад ирфон ва ҳамоса ҳарчанд ду рафтори мутафовит мебошанд, аммо вақте ирфон, вусул ба ҳақиқат аз тариқи шариъат в ҳамоса аз ҷинси ҷиҳоди фи­сабилиллоҳ бошад ҷонмояи онҳо яке мешавад. Ба ёд бийварем даврони дифоъи муқаддасро, ки размандагони азизи мо дар авҷи доштани рӯҳияи ҷангандагӣ ва салаҳшурӣ ва разм ва ситез бо душманон, сангарҳои хешро ба нёйиш­гоҳ­ҳои басе нӯронӣ ва маънавӣ табдил намуда буданд, ки дар он ошиқона ба зикру дуо ва муноҷот ва розу ниёз бо ҳазрати Ҳақ мепардохтанд гӯи онон урафои буданд, ки дар тариқи сайру сулуки маънавӣ, манзил ба манзил раҳ ­паймудаанд. Қосим аз ҷинси ҳамон бачааҳо буд.
  8. Фаромарзӣ будан, фармондаҳӣ бар Сипоҳи Қудс фурсатеро барои ҳоҷи Қосим фароҳам намуд то таҷрибиёти ҷадиде касб кунад. Ӯ дар ин даврон на танҳо бо завоёи мухталифи ҷараёни муқовимат дар минтақа ошно гардид балки ба лиҳози ҳӯшмандӣ ва тавон фармондеҳӣ ва мудирият ки аз он бархурдор буд ба суръат тавонист дар ин арса корсоз ва таъсиргузор гардад. Ҷанги 33 рӯза дар Лубнон в ошноӣ бо ҷараёни муқовимат дар Фаластин, тарози фармондеҳӣ ӯро боло бурд ва онгоҳ вақте ҷараёни зиди инсонии ДИИШ, ки банно ба эътирофи сардамдорони ҷинояткори Амрико сохта ва пардохтаи дасти онҳо буд чеҳраи палиди худро дар Ироқ ва Сурия нишон дод, авҷи дурахшиши сардори мо низ дар муқобилаи майдонӣ бо ин ҷараёни саросар палид ва саранҷом барчида шудани он нишон дода шуд.Вақте ба сол­ҳоиқабл боз мегардем ба он замон, ки руъбу ваҳшат бар мардуми бегуноҳи минтақа ҳоким шуда буд ва ДИИШ ба пуштибонии молӣ, таслеҳотӣ ва расонаӣ истикбор ва саҳюнизм ва ҳамкорони минтақааӣ онон бемуҳобо, аз ҳеҷ ҷинояте фурӯгузор наменамуд ва ба ҷону молу номӯси мардумони бедифоъи сарзамини Ироқ ва Шом бе­раҳмона метохт ва ба суръат пешравӣ ме­­намуд ва дар фикри истиқрори ҳамешагӣ ва сайтараи доимӣ дар ин сарзамин­ҳо буд ба хубӣ мебинем, ки дар он замон ҳамаи муддаиён, саҳнаро холӣ намуданд ва то муддататҳо ин танҳо Эрони Исломӣ буд, ки бо дурандешӣ ва дироят ва ҳӯшмандии раҳбари муаззами инқилоб, афсарони рашиди хешро равонаи майдони ҷанг нанамуд то амният ва оромишро ба мардуми бедифоъи минтақа бозгарданд.

    Падидаи  муборак ба номи “Мудофеони Ҳарам”, ки ҳастаи марказии он диловармардони Эронӣ буданд шакл гирифт ва саранҷом дар камоли буҳт ва нобоварии таҳлил­грони низомӣ ва сиёсии ҷаҳон, сардори сарфарози мо, ки азми хешро барои пок кардани минтақа аз лавси вуҷуди хабиси ДИИШ ҷазм карда буд, хабар аз нобудии ҳукумати ДИИШ ва поён ёфтани сайтараи он бар минтақа дод. Имрӯз на танҳо амнияти минтақа, балки амнияти ҷаҳон марҳуни муҷоҳидататҳо ва талош­ҳои хастагинопазири он истиротежисти бузурги ҷаҳон яъне сардор сипаҳбад Сулаймонӣ аст ӯ дар ҳар нуқтае ки ҷангид барои истиқрори амният ва оромиш ва бозгардондани зиндагии ҷорӣ ва табӣ мардум ба онон, ҷангид. Дар ин боб ва дар хусуси иқдомоти хориқулодаи ӯ дар оянда бояд пажӯҳиш­ҳо намуд, китоб­ҳо навишт, конгрессаҳои байналмилалӣ баргузор намуд. Осори илмӣ,  таҳлилӣ, омӯзишии гуногӯн ва низ маҳсулоти фарҳангӣ ва ҳунарии фохир падид оварад.

  9. Як дипломати барҷаста, Таъсироти минтақаӣ ва ҷаҳонии сардор Сулаймонӣ танҳо ба лиҳози қудрати фармондеҳӣ ва иқдомоти низомии вай набуда аст, ҳар ҷо ки зарурат меёфт, ӯ дар тарози як дипломати коркшта ва барҷаста зоҳир ме­гашт. Ҷазба ва ҷаззобияташ аз як сӯ ва тасаллуташ ба одоб ва фунуни музокира дар арсаи дипломатик аз сӯи дигар ба ӯ қудрати таъсиргузории фавқалодаедар ин майдон дода буд ин вижагӣ мукаммили фармондиҳии низомии ӯ буд. Онгоҳ ки лозим меомад аз қудрати сахте баҳра ме­ҷуст ва дар вақти муқтазии хеш аз қудрати нарм. Дар ин хусӯс низ нуктаҳои бсёре вуҷӯд дорад, ки шоиста аст таҳлил­гарон равобити байналмилал ва таърих­ нависони муосир дар ҷойи худ бадон бипардозанд.
  10. Сахт­кӯшӣ, ӯ марди хастагинопазир буд, аз ҳеҷ мушкиле наҳаросид ва ҳечгоҳ дучори рахват ва сустӣ ва рукуд нашуд, бисёр талош­гар буд ва ба осоиши хеш намеандешид. Алорағми инки дар чанд амалиёт маҷрӯҳ шуд, аммо ҳамчунон бар бозгашт ба ҷабҳа поймефишурд ва дар кӯтоҳтарин замони мумкин ба хутути муққадами амалиётӣ бозмегашт. Барои касе ки умри пурбаракати хешро дар ҷанг ва ҷиҳод гузаронда бошад шояд тавҷеҳ дар пеш гирифтани як зиндагии ором ва бедағдағаи комилан пазируфтанӣ бошад. Аммо рӯҳи беқарори ӯ аз роҳатӣ ва осоиш гурезон буд ва ӯ мехост то поёни умр ва то охирин нафас сахткӯшона ва муҷоҳидона ба пешравад.
  11. Назму инзибот ва диққат дар умур, зеҳни назм ёфта дошт, дақиқ ва мунзабит буд, дар ҷаласот ба мавқе ҳузур меёфт, гоҳ барои ширкат дар ҷаласаи муҳим аз Димишқ ба Теҳрон меомад ва пас аз ширкат дар он мустақиман ба фурудгоҳ мерафт ва озими Димишқ мешуд, дақиқ буд ва вазифа шинос.
  12. Суръати амал ва ба ҳангом будан, Бе­шак суръати амал яке аз вижагиҳои зарурӣ ҳар фармондеҳи низомӣ аст. Аммо моҳияти корзорӣ ки ӯ дар он ворид шуда буд ба гӯнае буд ки боисти чун соъиқа бар сари душмани ғаддор фуруд ме­омад. Муколимаи масъӯлини минтақа бо ӯ ва хабар додан аз наздик шудани ДИИШ ба онон ва истимдод ҷустан аз ӯ ва ҳузури барқ­осояш дар миёнаи майдон дар камтарин замони мумкин ва шикастани муҳосирае ки ҳалқаи он тавассути ДИИШ дамо дами танг­тар ме­шд танҳо яке аз хотироти мондагоре аст, ки масъӯлини минтақа аз он бо шигифтӣ ёд мекунанд.
  13. Баёни таъсиргузор, таҳлил­гарони равон­шиносӣ ва шахсиятшиносон, тасаллут ба фаннихитобаро ба унвони яке аз вижагиҳои шахсеятҳои фавқу­лода таъсиргузори унвон мекунанд. Ӯ ин чунин буд ва вақте сухан мегуфт баёнаш омезае аз ақлоният ва эҳсос буд ва чун аз дил бар мехост дар нуфуси инсонҳо амиқан таъсир мениҳод.
  14. Алоқа ба фарҳангу ҳунар, китобхонӣ яке аз барнома­ҳои ҳамешагии ӯ буд илова бар мутолиаи матолиби мустанад, ба хондани румонҳо ва достон­ҳое ки саргузашт­ҳои дарс­омӯзеро ҳикоят ме­карданд мепардохт. Махсусан осори марбут ба зиндагии шаҳидонро бо ҳасрат ва иштиёқ мехонд ва ҳар ҷо ки ба ваҷд меомад дар ҳошияи китоб матлабе менавишт тақриз­ҳои ӯ бар китоб­ҳое ки хонда аст хонданӣ аст. Ба шеър ва адабиёт ва ҳунар алоқаманд буд ва ба тамошои филмамҳои фохр менишаст ва мушаввиқи коргардонон ва ҳунармандоне буд, ки дар ба тасвир кашидани хисоли барҷаста инсонӣ мекӯшиданд.
  15. Рӯҳияи инқилобӣ, ӯ фарзанди инқилоб буд ва дилбаста ва мураввиҷи гуфтумони он, ӯ ба равшанӣ ме­дид, ки инқилоб ба масобеҳи дарахти тановар, пайваста рушд карда ва шоху барги он фузӯнӣ ёфта ва ба сӯи миллатҳои адолатхоҳи ҷаҳон имтидод меёбад.
  16. Эътидол, ӯ аз вуруд ба ҳошияҳо дар ҳар заминае дурӣ меҷуст аҳли ифрот ва тафрит набуд фароҷиноҳӣ буд ва нигоҳаш ба ҷараёноти мухталифи сиёсӣ, ки дар зери хаймаи инқилоб фаъолият менамоянд ба масобеҳи афроди як хонавода бо салоиқи мутафовит буд куллияти ҷомеъаи Эрониро як хонивода медонист бениши ӯ ҳамгароёна ва талоши ӯ ҳамамафзоёна буд барои ӯ ваҳдат ва инсиҷоми миллӣ ба ғояти муҳим буд ва ба лиҳози инки биниши васеъ ва ҷомеъ­нигар дошт бештар бар муштаракот рӯйкардҳои афрод ва шахсият­ҳо ва маҷмуъа­‎ҳо таъкид менамуд то бар вуҷуҳи тамоюзи онҳо. Дар айни ҳол ӯ машии инқилобиро пеша сохта ва истимрори онро комилан зарурӣ медонист.
  17. Санҷидагӣ ва тадбир дар умур, тасмимоти ӯ санҷида ва ҳисобшуда буд ва умӯрро бо тадбир дунбол ме­кард зеҳнӣ пардозиш­гар дошт хуб ме­шнид хуб таъаммул ва тафаккур ме­кард ва дақиқ ва баҷо тасмим мегирифт ва онгоҳ хуб амал мекард равия ва рӯйкарди ҳал­оли масоил дар умур мухталиф дошт ба асли баҳраварӣ, ки бар ду пояи коромадӣ ва асарбахшӣ устувор аст пойбанд буд ва аз машварати дигарон баҳра меҷуст. Ба кори ҷамъӣ муътақид буд ва бадон баҳо медод. Ба итқон дар амал тавваҷӯҳ дошт дар айни вазифагаробудан натиҷа гаро буд ва ба маҳсул ва ғояти кор ме­андешид.
  18. Содагӣ ва сафо, зиндагии содаедошт бо ҳаддиақали имконот. Наметавонист аз роҳи машрӯъ басе бештар дошта бошад. Аммо наме­хост, аз таҷаммулот ба дур буд ва аз ташрифот безор. Ба роҳатӣ дар маҷолиси мухталиф ҳузур меёфт расми хоксорӣ пеша карда буд дар вуҷуди бо сафо ва нӯронияш ҳеҷ нишонае аз такаббур ва табахтур ва худ бузургбинӣ ёфт намешуд.
  19. Мардуми будан, ӯ ошиқи мардумаш буд ба ҳамин лиҳоз мардуми ошиқи ӯ буданд. Ӯ падари меҳрубони ятемон буд ва малҷаи дармондагон ва паноҳгоҳи маҳрумон. Ӯ амиқан бар ин бовар буд, ки мардум валӣ неъмати мо ҳастанд. Ва ин инқилоб ва низом ҳосили талоши онон ва мутаъаллиқ ба онон аст пайваста бар ин амр таъкид мекард, ки мо мадюн ва вомадори ин мардуми азиз ҳастем ва хизмат ба ононро боисте як ифтихори бузург бидонем дар ҳаводиси гуногӯн дар миёни мардум ҳузурме­ёфт ва ба ёрии онҳо мешитофт хотираи ширини ҳузури ӯ дар миёни сейл­задгон дар авоили сол­и ҷорӣ ҳеҷгоҳ фаромӯш наме­шавад.
  20. Иртибот бо ҷавонон, ӯ зимни инки такрим ­кунандаи гуруҳаҳои синнии мутафовит аз ҷумла мён­солон ва солмандон буд ва ононро бисёр мавриди эҳтиром қарор медод , аммо алоқааи хоссе ба ҷавонон дошт ӯ ҷавононро ба унвони арзишмандтарин ва пурбаҳотарин сармояи кишвар ме­донст ва иртиботи амиқ бо бисёре аз онон барқарор карда буд. Аз дидани ҷавонони пуршӯри меҳан ба ваҷд ме­омад ва барои пешрафти онон аз ҳеҷ талоше фурӯгузор намекард.
  21. Оромиш ва тумаънина, Дар айни салобат, ором ва пуртумаънина буд сакинаи қалби ӯ мутаъассир аз ин буд, ки пайваста ба ёди Худованди Таборак ва Таоло буд ва ҳамвора худро дар маҳзари рубубӣ медонист. Дар ҷои худ қотеъ буд, аммо бо касе дуруштӣ намекард. Маркази сиқл ва гаронигоҳи шахсияти ӯ дар даруни ӯ буд на дар беруни ӯ, лизо бо навасоноти берунӣ, саботи дарунии ӯ дучори тағйир ва тазалзул намешуд.Муаддаб, муқаҳҳар ва ором ва матин буд.
  22. Хуш­хӯӣ, мисдоқи боризи як инсони хуш­хӯ ва хушру буд ва лабханди малиҳ вадил­нишинаш, ҷаззобияти чеҳраашро ду чандон мекард. Бо миғнотиси ахлоқи некӯяш, дил­ҳои инсон­ҳои бе­шумореро ба сӯи худ ҷалб намуда буд. Дӯст доштанӣ буд ва ба ҳамон мизон, ки дар баробари душман бо салобат буд ва ларза бар андоми ӯ меафканд дар муқобили оҳоди мардум мутавозеъ ва фурӯтан буд ӯ мисдоқи боризи ояи ۲۹ сураи Фатҳи Қуръон буд, ки мефармояд: «محمد رسول ­الله­ والذین­ معه ­اشداء­ علی ­الکفار ­رحماء­بینهم»
  23. Иртиботи амиқ бо хонавода, ӯ амиқан ба хонаводаи хеш ишқ меварзид. Такрим ва эҳтироми ӯ ба волидайн забонзади хоссу ом буд ва робитаи отифиаш бо ҳамсару фарзандон, конуни хонаводагияшнро гарм ва пурҳарорат намуда буд. Анбуҳи масъӯлиятҳо ва дағдаға­ҳо ва ҳассосиятҳои корӣ, ҳечгоҳ боис нигардид, ки ӯ аз таваҷҷӯҳ ба хонавода ва вақтгузорӣ барои онон дар ҳадде ки барояш мақдур буд фурӯгузор намояд. Сила­ираҳм бо бастагонро ҳечгоҳ фаромӯш нанамуд. Инки инсон дар авҷи доштани масъӯлияти ин­чунини хатир, ки зеҳн ва вақт ва тавони инсонро масруфи худ менамояд. Муроқиби ин нукта бошад, ки ба хостаҳои отифии хонавода, бастагон ва хешовандон ва дӯстон ва ошноён таваҷҷӯҳ намояд, ҳақиқатан сутуднӣ аст.
  24. Дарки амиқ аз ҳақиқати дунё ва охират. Ӯ ҳақиқати зиндагии дунявиро амиқан шинохтабуд ва аз сатҳ ба умқ рафта буд ва дунёро аз варои завоҳираш намедид. Ӯ нек дарёфта буд, ки дунё бо ҳамаи ҷозибааҳояш, бо ҳамаи зарқу барқаш, бо ҳамаи лаззаттҳояш, бо ҳамаи чарбу ширинаш, нопойдор ва гузарост. Ӯ ба хубӣ мутаваҷҷеҳи ин ҳақиқат шуда буд, ки дунё гузарго аст ва охират манзилгоҳ. Нигоҳи ӯ ба дунё аз боло ба поин буд, аммо дарки ин маъно боис нигарадид, ки раҳ ба тафрит барад ва гӯшаи инзиво ихтиёр кунад ва сирфан ба ибодатраҳбоният бипардозад, балки ӯ дақиқан ба ин ҳадиси шарифи набавӣ(с), ки фармуд: “«الجهاد رهبانیه ­الاسلام»” амал намуд.
    Ӯ мисдоқи ин ҷумлаи Амиралмӯъминон(А) буд, ки “«حملو ابصارهم ­علی ­اسیافهم»” ҷанговарони муттақӣ аз рӯи басират шамшер мезананд. Вуруд дар ҳангомаҳои пурхавфу хатар ва дар маърака­ҳои сангини ҷиҳоди фи­сабилиллоҳ барои ӯ ҳукми ибодат ва раҳбоният (аз ҷинсе ки паёмбари Аъзам (с) ­онро мавриди таъкид қарор дод) дошт. Нигоҳи ӯ ба дунё ва фонӣ будани он, рафтори ӯро ба гӯнае шакл дода буд, ки гӯи аз аҳли дунё набуд ӯ пайваста эҳсос мекард, ки дар ин дунё мусофире аст, ки дер ё зуд боист ба ҷаҳони охират шитофт. Ӯ дунёро ба унвони як маҷози нопойдор ва охиратро ба унвони ҳақиқати мондагор ёфта буд. Ӯ амиқан ба ин оя бов дошт, ки «وللآخره­خیرلک­من الدنیا»  Ӯ охиратгаро буд ва бадин лиҳози абди солеҳи Худо ва бандаи мубораки Ӯ гардид.

“Марди охир бин муборак бандаест”, ӯ бо зеботарин ранги ҳастӣ пӯшиш ёфта буд, ки ҳамоно ранги илоҳӣ аст “«صِبْغَةَ اللَّهِ وَمَنْ أَحْسَنُ مِنَ اللَّهِ صِبْغَةً»” ва ин ҳосили шинохти дақиқи ӯ нисбат ба фалсафаи хилқат ва азимати холиқ ва парҳез аз дунёзадгӣ ва таваҷҷӯҳ ба охират буд. Ӯ хоста­ҳои худро дар масири хостаи Худованд таъриф карда буд.

  1. Таваҷҷӯҳ ба асли камол талабӣ, ӯ ҳамвора талош мекард то боварҳои Илоҳии хешро таъмиқ бахшида ва дар масири эътилои рафторҳои созанда тайи тариқ намояд. Имони мустақар ва рӯ ба рушд дар ниҳоди инсон ва талош дар ҷиҳати анҷоми аъмоли солеҳ, ки рӯз ба ­рӯз аз умқ ва густариши бештаре бархӯрдор гардад. Шахсияти инсонро устувор намуда ва ӯро ба камоли ҳарчӣ бештарнздик ва наздиктар менамояд. Ӯ дар ин масир дучори тазалзул ва ақабгард нагардид. Бар сироти мустақими Ҳақ пойдор буд ва аз пиллакони камол ором ­ором боло ме­рафт. Ӯ раҳраве буд, ки оҳиста ва пайваста мерафт ҳамчун кӯҳнаварде ки гомҳои устувори хешро шумурда шумурда барои расидан ба қулла бармедорад.

Инҳо ва вижагиҳои фаровони дигаре, муаллифааҳои ин шахсияти бузургро нишон медиҳанд. Муаллифааҳое ки вақте фарогирди ҳам меоянд ҷомеъяти як шахсиятро ба тасвир мекашанд ва ӯро ба унвони як мактаб ва як чароғироҳ ва як мадрасаи дарс­омӯз муаррифӣ ме­кунанд. Манзӯмаие ки ҳамаи аҷзои он бо якдигари ҳамгун ва ҳамоҳанганд мо дар ин шокилаи шахсиятӣ, тазод ва шак ва тардид ва навасон мебинем. Ӯ як устура аст, аммо на устура­­е аз аҳди бостон балки устураи пеши чашм, малмус ва марбут ба ҷомеъаи кунунии мо, улгӯи айнӣ барои ҳаркасе ки бихоҳад дар масири камол гом бардорад. Мо дар ин­ҷо қасди газофагӯӣ надоштаем ҳар ончӣ ки аз сифоти ӯ ба тасвир кашидем айни воқеият буд ӯ талош карда буд то ҳамаи зарфиятатҳои вуҷудии хешро шукӯфо намояд ва тасвире аз чеҳраи як инсони зуабъод ва на так соҳатиро дар асри кунунӣ ба ҷомеъаи мо ва ҷаҳонён нишон диҳад.

Ӯ як­бори дигар ва дар имтидоди хатте ки инсон­ҳои худсохта ки ҳар як чароғе бар афрӯхтанд ва аз ҳисори фардят ба дар омаданд ва ба ҷомеъа хизмат намудаанд чароғии пурфурӯғ бар афрухт. Ӯ якбори дигар амалан ба мо нишон дод, ки инсони дорои қобилиятатҳои фаровоне аст, ки дар сурате ки ҳиммат намояд наметавонад ба хуби онҳоро шукӯфо намояд. Абъоди шахсиятии ӯ ба гунаест, ки ме­тавонад улгӯи ҳар инсоне дар ҳар мансаб ва ҳар мувқеъияте бошад. Нуктаие ки зикри он дар инҷо зарурӣ мебошад ҳамоно таъсири шаҳодати он сардори сарфароз аст душман гумон ме­кард, ки бо шаҳодат расондани сардор Сулаймонӣ ва ҳазфи зоҳирии ӯ ба аҳдофи хеш даст меёбад. Дар ҳоле ки бояд гуфт, ки «шаҳид Сулаймонӣ аз сардор Сулаймонӣ корсозтар аст».

Ташйиъ бЕназири пайкари ӯ он мавҷи буҳтовар ва хиракунандаро дар ҷаҳон эҷод намуд душман аз рамзу рози шаҳодат бехабар аст аслофи ӯ дар соли 51 ҳиҷрӣ дар сарзамини Карбало Сйидушшуҳдо (А)-ро ба шаҳодат расонданд онон гумон карданд, ки кори Ҳусайн (А)-ро ба поён рисонданд. Ғофил аз ин­ки нӯр Илоҳӣ хомӯш намешавад. Имрӯз ва пас аз гузашти наздик ба 1400 сол аз он таърих номи Ҳусайн (А) дар гунбади гетӣ танин­ андозаст ва роҳпаймоӣ Арбаъини Ӯ ба як муъҷиза ме­монад. Пайравони Сйидушшуҳдо (А) низ чунинанд. Мавҷи ҷаҳонии муқовимат пас аз шаҳодати сардор Сулаймонӣ бархеста ва рӯз ба рӯз туфанда­тар мешавад ин суннати Илоҳӣ аст “«یرِیدُونَ لِیطْفِؤُا نُورَ الله بِأَفْواهِهِمْ وَاللهُ مُتِمُّ نُورِهِ وَلَوْ کرِهَ الْکافِرُونَ».”
Манбаъ: Дабирхонаи шӯрои фарҳанги умумии Ҷумҳурии Исломии Эрон.

ДИИШИроқҚосим СулаймонӣСурия
Comments (0)
Add Comment