Нигарони ҳузури низомиёни рус наздики марзи Украина ҳастем

Як мақоми давлати Амрико бо эъломи омодагии ин кишвар ҷиҳати гуфтугӯ бо Русия дар бораи нигарониҳои амниятии ду тараф, хостори ақаб нишинии низомиёни рус аз марзи Украина шуд.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, як сухангӯи Кохи Сафед шомгоҳи чаҳоршанбе эълом кард, ки давлати Амрико рӯи ақабнишинии неруҳои Русия аз наздикии марзи Украина ҳисоб боз карда аст.

Ин мақоми аршади давлати Амрико гуфт, ки Вашингтон нигарони таҷаммуъи қобили таввҷҷӯҳи неруҳои Русия наздики марзи бо Украина аст ва интизор дорад артиши ин кишвар ба маҳали истиқрори ҳамешагии худ бозгардад.

Ба навиштаи вебгоҳи “РИА Новости” ин мақом, ки номаш фош нашуд, тавзеҳ дод: «мо тамоюл дорем, ки неруҳои [Русия] ба маҳали истиқрор ё тамриноти доимӣ бозгарданд. Мо ҳамчунон нигарони моҳияти ҳузури неруҳои русӣ дар онҷо, танишҳое ки дар ҳоли эҷод аст ва фурсатҳое ки Русия дар ихтиёр дорад, ҳастем».

Ба гуфтаи вай, танҳо дар сурати эҷоди шароит барои коҳиши таниш, пешрафт дар ҳаллу фасли авзоъ ва дастёбӣ ба сабот ва амният ҳосил мешавад.

Бар асоси ин гузориш, сухангӯи Кохи Сафед ҳамчунин омодагии Амрикоро барои гуфтугӯ бо Русия дар бораи нигарониҳои ин кишварро эълом кард.

Ба навиштаи РИА Новости, ин мақоми Амрико тавзеҳ дод, ки Кохи Сафед омодаи гуфтугӯ дар мавриди нигарониҳои Русия аст ва бар омодагии мутақобили Маскав дар мавриди нигарониҳои Вашингтон низ ҳисоб мекунад.

Вай изҳор дошт: «Русия нигарониҳои худро эълом карда аст, мо омодаи гуфтугӯ ҳастем. Мо нигарониҳои худро ироа хоҳем дод ва интизор дорем, ки онҳо омодаи гуфтугӯ бошанд».

Пеш аз ин низ як сухангӯи давлати Амрико шомгоҳи душанбе ва дар буҳбуҳаи танишҳои дуҷониба бар сари Украина, гуфт ки мақомоти Вашингтон ва Маскав дар таърихи 10 январ дар музокироти амниятӣ ширкат хоҳанд кард.

Ин дар ҳоле аст, ки “Оксана Маркова” сафири Украина дар Амрико зимни дархост аз Вашингтон барои ироаи кӯмакҳои низомӣ ба ин кишвар, гуфт Украина ва ғарб дар ҳоли баррасии ду гузина барои тавсеаи равобит бо Русия ҳастанд.

АмрикоВашингтонРИА НовостиРусияУкраина
Comments (0)
Add Comment