Ба ҳимоят аз Сурия дар мубориза бо тероризм идома медиҳем

Раиси ҷумҳури Русия дар паёме ба ҳамтои сурии худ, зимни таъкид бар тадовуми муборизаи Маскав бо тероризм, дар бораи бозсозии ин кишвар ба Димишқ итминон дод.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Кохи Кремлин эълом кард, ки “Владимир Путин”, раиси ҷумҳури Русия имрӯз (панҷшанбе) паёмҳое ҷудогона ба сарони кишварҳои мухталиф барои табрики соли нави мелодӣ ирсол карда аст.

Ба гуфта Кремлин,  Путин дар номаи табрики худ ба “Башшор Асад”, раиси ҷумҳури Сурия гуфт: «Русия ба ҳимоят аз Сурия дар мубориза бо тероризм ва ​​тазмини сабот ва бозсозӣ дар ин кишвар идома хоҳад дод».

Вай ҳамчунин дар паёми дигаре, соли нави мелодиро ба “Раҷаб Тайиб Эрдуғон”, раиси ҷумҳури Туркия табрик гуфт ва хотирнишон кард, ки ахиран барои тавсеаи равобит байни Русия ва Туркия иқдомоти зиёде анҷом шуда аст.

Ба навиштаи хабаргузори “Спутник”, Путин дар ин паём бо хурсандӣ гуфт, ки алорағми мушкилоти ношӣ аз ҳамагирии вируси Корона, иқдомоти зиёде барои тавсеаи равобити Русия ва Туркия бавижа дар заминаи тиҷорӣ ва иқтисодӣ ва ҳамчунин ҳавзаи энержӣ ва низомӣ – фаннӣ анҷом шуда аст.

Пеш аз ин низ ситоди ҳамоҳангии Русия ва Сурия барои бозгашти оворагони сурӣ ба кишварашон тайи нишасти муштарак хостори ҳимояти ҷомеъаи байналмилалӣ барои рафъи мавонеъи бозсозӣ ва тавсеаи Сурия аз ҷумла поёни ишғолгарии неруҳои хориҷӣ дар ин кишвар шуданд.

Чанде қабл низ “Александр Ефимов” сафири Русия дар Димишқ зимни тақозо аз кишварҳои дигар барои бозсозии Сурия гуфта буд, Маскав дар масири ҳамкории сиёсӣ наздик бо Димишқ аст.

Ин дипломати рус гуфт, Русия ва Сурия дар ҳоли ҳозир чандин тарҳ ва тарҳи муштарак доранд, ки метавонанд дар бозсозии пас аз ҷанг кӯмак кунанд ва дар миёни муҳосираи иқтисодӣ алайҳи ин кишвар, пойдории иқтисоди миллии Сурияро тақвият кунанд.

Башор АсадПутинРаҷаб Тайиб ЭрдуғонСурия
Comments (0)
Add Comment