Иқдомоти роҳбурдии шаҳид Сулаймонӣ зидди ДИИШ

Нақши таъинкунандаи сардори шаҳид Сулаймонӣ дар шикасти ДИИШ дар Ироқу Сурия ба эътирофи сиёсатмадорону коршиносон ва мақомоти низомӣ

Бо оғози ҷанг дар Ироқ ва Сурия сардор Қосим Сулаймонӣ фармондеҳи Қудси Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломӣ бо дархости давлатҳои Ироқ ва Сурия ва бо дастури раҳбари Инқилоби Исломӣ вориди майдони ҷанг бо ДИИШ шуд. Равиш ва мантиқи кории неруҳои Қудс фаъол кардани тавоноиҳои пинҳон дар ин ду кишвар буд, аз ин рӯ дар Ироқ “Ҳашдушшаъбӣ” ва дар Сурия “Басиҷи мардумӣ” ташкил шуд ва бо кӯмаки онҳо ва ҳидояту мушовираи неруҳои Қудси Сипоҳ, бо ДИИШ набард ва вуҷуди террористҳои такфириро дар Ироқ ва Сурия ҷамъ кард.

Аксари сиёсатмадорон ва низомиёни ду кишвар иқрор кардаанд, ки агар талошҳо ва иқдомоти сардори шаҳид Сулаймонӣ ва ҳамразмонаш набуд, Бағдод ва Димишқ ба дасти террористҳои такфирии ДИИШ меафтод.

Сардор Муҳаммадҷаъфар Асадӣ, яке аз фармондеҳони Эрон дар Сурия мегӯяд: Ман дар Сурия будам, ки яке аз аъзои аршади вазорати иттилоот ба Сурия омад ва дар ҷаласае унвон кард. Дар Бағдод ҷаласае буд ва сиёсатмадорон, рӯҳониён ва дигарон ҳузур доштанд. Онҳо гуфтанд, ки агар он рӯзи чаҳоршанбе сардор Сулаймонӣ вориди Бағдод намешуд на танҳо Бағдод, ки шаҳрҳои Карбало ва Наҷаф низ аз даст мерафт. Мардум он замон дар ҳоли гурехтан аз минтақаҳои худ буданд. Масъулони Бағдод ҳам омода шуда буданд то шаҳрро тарк кунанд, аммо сардор Сулаймонӣ омад ва вазъиятро тағйир дод.

Эшон дар онҷо 14 маҷмӯъа дуруст кард. Барои ҳар маҷмӯъа қароргоҳе ташкил дод ва байни афрод ва неруҳо тақсими кор сӯрат гирифт. Теъдоде аз онҳо вазифадор ба ҳифзи Бағдод ва теъдоде аз неруҳо маъмур ба пешгирӣ аз пешравии неруҳои террористӣ-такфирии ДИИШ шуданд.

Муҳаммад ҳоҷӣ Маҳмуд, дабири кулли ҳизби Сотсиал-Демократи Курдистони Ироқ дар гуфтугӯе бо хабарнигорон гуфтааст, ки баъд аз ҳуҷуми ДИИШ аввалин кишваре, ки ҳатто пеш аз Амрико ва Аврупо ба фурудгоҳи Арбил расид, Ҷумҳурии Исломии Эрон буд. Ҳоҷӣ Қосим бо 70 нафар неру аз коршиносони низомӣ ва се маҳмула муҳиммоти низомии мавриди ниёз барои набард бо ДИИШ омаданд ва худаш ҳам ба ҳамкорӣ бо неруи “Пешмарги курд” пардохт ва ҳатто дар минтақаи Махмур шаҳид доданд.

Сардор “Ақдам”, фармондеҳи қароргоҳи ҳазрати Зайнаб бинти Алӣ (рз) гуфтааст, ки фармондеҳони артиши Сурия ба тамоми маъно ба ҳоҷӣ Қосим эътимод ва имон доштанд ва ҳузури эшонро барои худ қудрат медонистанд. Ҳузури ҳоҷӣ Қосим дар минтақа бори равонии бузург ва мусбат барои неруҳо дошт.

Дар айёми ҳамин даргирӣ буд, ки афкори умумӣ бо чеҳраи дигаре аз сардор Сулаймонӣ ошно шуд, чеҳрае, ки ӯ дар қомати як сиёсатмадор ва дипломати варзида нишон дод, ки тавонои қонеъ ва ҳамроҳ кардани кишварҳои дигарро барои вуруд ба ҷабҳаи муқовимат ва набард бо террористҳои такфирӣ дар Сурия дорад. Сардор Сулаймонӣ ба унвони намояндаи Ҷ. И. Эрон дар сафар ба Русия тайи музокирот бо раисҷумҳури Русия тавонист аз зарфияти амалиётии русҳо ҳам барои пешбурди аҳдоф баҳра барад.

Сардор Сулаймонӣ, баъд аз чаҳор сол мубориза ва муқовимат дар Сурия дар сафаре ба Маскав ба муддати ду соату бист дақиқа бо Владимир Путин дидор ва гуфтугӯ кард ва ӯро қонеъ кард, ки дар Сурия ҳузур ёбанд. Сардор Сулаймонӣ ба Путин фаҳмонд, ки Сурия охирин сангари ҷабҳаи шарқ аст ва агар инро аз даст бидиҳад, ғарбиҳо арзише барои шумо қоил нахоҳанд шуд.

Козими Қумӣ, сафири собиқи Эрон дар Ироқ мегӯяд: Сардор Сулаймонӣ фақат як фармондеҳи низомӣ набуд, сиёсатро ҳам хуб мефаҳмид ва дарки дурусте аз сиёсати байналмилалӣ дошт, арсаи фарҳангӣ ва иҷтимоиро мешинохт ва таомулоте, ки бо мардум дошт, нишондиҳандаи нигоҳи амиқи сардори шаҳид Сулаймонӣ буд.

Бо талошҳо ва ҷонфишониҳои сардори шаҳид Сулаймонӣ дар арсаи майдон ва дипломатия гуруҳи террористӣ-такфирии ДИИШ дар минтақа ба нуқтаи поёни худ расид ва оромиш ба минтақа баргашт ва нақшаҳои шуми душманон нақши бар об шуд. Дуруди Худо бар сардорон ва сарбозони сарафрози шаҳиду хушноми ҷабҳаи муқовимати исломӣ бод!

С.М.Б. Мусавӣ

Владимир ПутинДИИШИроқҚосим СулаймонӣМуҳаммад ҳоҷӣ МаҳмудсиёсатСурия
Comments (0)
Add Comment