Густариши муносиботи Душанбе ва Теҳрон пас аз як сардии баландмуддат

Табодули коло миёни Душанбе ва Теҳрон аз 60 миллион доллар то ба 180 миллион доллар афзоиш ёфтааст, ки ин афзоиш бесобиқа аст. Дар соли 2020 ин рақам ҳамагӣ 57 миллион доллар буд. Дар назар аст, ки соли 2022 табодули коло то 350 миллион доллар расад.

Бино ба иттилоъи Агентии омори Тоҷикистон, дар ду моҳи ахир табодули коло миёни Душанбе ва Теҳрон аз 60 миллион доллар то ба 180 миллион доллар афзоиш ёфтааст, ки ин афзоиш бесобиқа аст. Дар соли 2020 ин рақам ҳамагӣ 57 миллион доллар буд. Дар назар аст, ки соли 2022 табодули коло то 350 миллион доллар расад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ду-се сол пеш ба назар чунин менамуд, ки равобити Тоҷикистону Эрон ба муддати тӯлонӣ ях бастааст ва об шудани ин ях муҳол аст.

Солҳои 2013-2014, замоне, ки дороиҳои Бобаки Занҷонӣ, соҳибкори эронӣ, ба маблағи садҳо миллион доллар дар Душанбе боздошт шуд, муносиботи ин ду кишвари ҳамзабон коста шуд. Баъдтар, соли 2015 мақомоти Тоҷикистон фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, аз умдатарин ҳизби мухолифи кишварро мамнӯъ эълон кард ва Эронро дар дастгирии ин ҳизб ва дахолат ба умури сиёсӣ гунаҳкор донист. Иттиҳоме, ки қотеъона раёсати ҲНИТ борҳо рад кардааст.

Аммо, бо ин ду омили асосӣ шиликҳои яктарафаи лафзӣ аз ҷониби Тоҷикистон ба сӯи Эрон то соли 2020 давом карданд. Эмомалӣ Раҳмон ва шахсони баландпояи кишвар ва расонаҳои расмӣ ҳини гунаҳкор донистани Эрон дар дахолат ба умури сиёсии Тоҷикистон, Эронро ошкор ном набурда, “кишвари ба ҳама маълум” унвон мекарданд.

Ҷумҳурии Исломии Эрон бошад, бидуни вокунише ҳама ин таъну иттиҳоми бепоя ва кинояҳои эҳсосии ҷониби Тоҷикистонро таҳаммул мекард.

Ногуфта намонад, ки Эрон аввалин кишваре буд, ки истиқлоли Тоҷикистонро дар соли 1991 ба расмият шинохт ва то соли 2013 аз шарикони аслии иқтисодии Душанбе буд. Солҳои зиёд бозорҳои Тоҷикистон пур аз маҳсулоти эронӣ буд. Тунели Истиқлол дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, ки бузургтарин дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад, яке аз тарҳҳое буд, ки Эрон ба манзури осон кардани ҳаракати нақлиёт миёни минтақаи шимол ва пойтахт тарҳрезӣ ва амалӣ кардааст. Бо кумаки моливу фаннии Теҳрон Нерӯгоҳи Сангтӯда-2 низ сохта шуд. Аммо, бо вуҷуди ин ҳама Тоҷикистон якҷониба сиёсаташро дар муносибат ба Эрон тағйир дод ва дар равобити Эрону Тоҷикистон сиёсат бо як ҳисоби сангин бар иқтисод пирӯз шуд.

Ростӣ, аз соли 2018 миёни Теҳрон ва Душанбе насими гарм вазид ва равобити дипломатӣ тадриҷан аз сар гирифта шуд. Дар замони раёсати Ҳасани Рӯҳонӣ, самти дар сиёсати хориҷии Эрон,робита бо кишварҳои Осиёи Марказӣ дар авлавият буд. Баъди ба сари қудрат омадани Сайид Иброҳими Раисӣ барқарорсозии муносибатҳо хусусан бо Тоҷикистон, бо суръати рекордӣ пеш рафт.

Баъди он ки санаи 17 сентябр имсол Эрон ба узвияти Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ), ки Тоҷикистон низ шомил аст, пазируфта шуд, боз ҳам ин руйдод ба беҳтар шудани муносибати Тоҷикистону Эрон мусоидат кард.

Дар авохири моҳи ноябри соли ҷорӣ Эмомалӣ Раҳмон ва Иброҳим Раисӣ дар ҳошияи нишасти XV- уми сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ дар Ишқобод шахсан мулоқот карда, ҳам бори гарони мушкилоти гузашта ва ҳам дурнамои оянда — иқтисодӣ ва сиёсиро баррасӣ карданд.

Ҳоло ҷониби Эрон омодагии худро дар сармоягузорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон – “Данғара”, “Суғд” ва “Панҷ” эълом кардааст. Соли ояндаи 2022 бо сармоягузории Эрон дар назар аст, дар ин минтақаҳои озоди иқтисодӣ якчанд корхонаҳои истеҳсолӣ ба кор оғоз кунанд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки ҷониби Эрон судури раводиди сайёҳӣ барои шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки барои табобат ба ин кишвари мазҳабӣ рафтан мехоҳанд, аз сар гирифт. Миёни Машҳад ва Душанбе, ки тавассути ширкати ҳавопаймоии Vorish Airlines парвоз мекунад, дар назар аст ба зудӣ аз сар гирифта шаванд.

Тибқи маълумоти расонаишуда, ду кишвари ДУшанбе ва Теҳрон ният доранд, гардиши солонаи молро ба 350 миллион доллар ва ҳатто бештар аз он расонанд.

Сайид Иброҳими РаисӣСозмони ҳамкориҳои иқтисодӣСуғдТеҳронТоҷикистонЭрон
Comments (0)
Add Comment