Лавров: пайвастани Русия ба “Нато” ғайри мумкин аст

Вазири хориҷаи Русия бо баёни инки ғарбиҳо намехоҳанд рақиби бо нуфӯз дар сатҳи ҷаҳон дошта бошанд, пайвастани ин кишвар ба Нато-ро ғайри мумкин хонд.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Сергей Лавров” вазири хориҷаи Русия таъкид кард, ки узвияти ин кишвар дар Нато ғайри мумкин аст чаро, ки ғарбиҳо намехоҳанд рақиби қобили муқоисае дар нуфӯз дар сатҳи ҷаҳонӣ дошта бошанд.

Барасоси гузориши хабаргузории “ТАС”, вай дар мусоҳиба бо як шабакаи ютюбӣ дар посух ба суоле роҷеъ ба эҳтимоли пайвастани Русия ба Нато таҳти шароити мушаххас гуфт: ман фароҳам омадан чунин фурсатеро баъид медонам.

Лавров, дар идома мутазаккир шуд, ман ин эҳтимолро рад мекунам зеро кулли фароянд ҳавли Нато  ва иттиҳодия Аврупо намечархад, ин масъала дар бораи адами иродаи ғарб барои доштани рақиб дар арсаи байналмилал аст, ки камтарин нуфӯзро дошта бошад.

Вазири хориҷаи Русия афзуд: ин рӯйкард ва рафтори ғарбиҳо васвоси фикрии онҳоро ба унвони мисол дар бораи зуҳӯри Чин тавзеҳ медиҳад, ки қавоиди бозии иқтисодии ҷаҳониро пазируфта ва аз ғарб ҳам пешӣ гирифта аст.

Ин изҳороти Лавров, пас аз он матраҳ мешавад, ки дар буҳбуҳаи танишҳо миёни Маскав ва Нато таҳаррукоте дар заминаи пайвастани Финланд, Шветсия ва ҳатто Украина ба НАТО дар ҷараён аст.

Сухангӯи вазорати умури хориҷаи Русия рӯзи шанбе дар хусӯси авоқиби сиёсӣ ва низомии узвияти Финланд ва Шветсия дар паймони Атлантики Шимолӣ ҳушдор дод.

Ба навиштаи вебгоҳи шабакаи “Роша Тудей”, Захарова дар баёнияе эълом кард: «талоши мудовими Нато барои кашондан ин кишварҳо ба дохили ҳалқаи манофеъ ва сиёсатҳои фурсат талабонаи худ, аз назари Русия давр намонда аст».

Ин дипломати рус афзуд: «комилан возеҳ аст, ки узв шудани Финланд ва Шветсия дар Нато авоқиби ҷиддии низомӣ ва сиёсӣ хоҳад дошт, ки посухи мутаносиби тарафи русиро ба дунбол хоҳад дошт».

Нато тайи солҳои ахир борҳо тамоюл ба ҷазби Финланд ва Шветсияро иброз дошта ва таъмиқи ҳамкориҳо бо ин ду кишвар, ки дорои арзишҳои “Муштарак”, бо Нато ҳастанд ва мушорикати онҳо дар амалиётҳои Наторо хостор шуда аст.

Дар нишасти тобистони имсол Нато, бар тақвияти чунин равобите «дар ҳимоят аз амнияти ҷамъи мо аз ҷумла ба василаи омодагӣ барои мудирияти буҳрон, тамриноти [Низомӣ] ва табодулот ва таҳлили иттилоот» таъкид кард. Ин изҳорот дар сафари моҳи октябр, дабирикулли Нато ба Стокголм ва Хелсинки низ такрор шуд.

НАТОРусияСергей ЛавровУкраина
Comments (0)
Add Comment