Оғози размоиши муштараки гуруҳҳои фаластинӣ дар Ғазза

Гуруҳҳои муқовимати фаластинӣ дар Ғазза размоиши муштаракеро бо ҳадафи афзоиши мизони омодагии худ оғоз карданд.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, утоқи амалиёти муштараки гуруҳҳои муқовимати фаластинӣ имрӯз (якшанбе) аз оғози размоиши муштараки таҳти унвони “Арукнуш шадиди 2” дар Ғазза хабар дод.

Ба навиштаи вебгоҳи хабарии “Саво” дар ин иттилоия омада аст, ки ин тамрини низомӣ бо ҳузури ҳамаи гуруҳҳои муқовимат чанд рӯзе тул хоҳад кашид ва анвои тамринҳо ва фаолиятҳои низомӣ бо ҳадафи табодули таҷриба миёни гуруҳҳои муқовимат, афзоиши тавоноӣ ва афзоиши суръати ҳамоҳангӣ ва қудрати амалиётӣ анҷом хоҳад шуд.

Утоқи амалиёти муштараки гуруҳҳои фаластинӣ соли гузашта размоиши “Арукнуш шадиди 1”-ро анҷом дод. Размоише ки дар он гуруҳҳои муқовимат аҳдоферо дар дарё бо мӯшак ҳадаф қарор доданд.

Ин размоиш дар шароите баргузор мешавад, ки расонаҳо дар таърихи 22 декабр аз шикасти миёнҷигарии Миср миёни гуруҳҳои муқовимати Навори Ғазза бо режими палиди саҳюнистӣ хабар дода ва навиштанд, ки ин масаъла эҳтимолан метавонад мунҷар ба даргирӣ байни тарафайн шавад.

Дар таърихи 15 декабр низ гурдонҳои Иззуддин Ал-қисом шохаи низомии ҷумбиши Ҳамос, ба муносибати сиву чаҳорумин солрӯзи таъсиси ин ҷумбиш размоише таҳти унвони “Сипари Қудс” бо ҳадафи боло бурдани омодагии размӣ ва шабиҳсозӣ сенарюҳои мухталифе баргузор кард.

ҒаззаМисрсаҳюнистӣФаластини
Comments (0)
Add Comment