Фармони президенти Туркманистон барои коҳиши қимати маҳсулот дар арафаи соли нав

Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон дастур дод, ки дар арафаи соли нав қимати маҳсулот дар кишвар коҳиш пайдо кунад.

РИА Новости бо истинод ба рӯзномаи “Нейтральный Туркменистан” хабар медиҳад, ки Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон ба ҳукумат дастур дод, ки дар остонаи соли нав нархи баъзе колоҳоро то 50% поин барад.

Чунин дастурро Бердимуҳаммадов дар ҷаласаи маҷозии ҳукумати ин кишвар ироа кардааст.

Дар паём омадааст: “Ба муовини сарвазир Чарӣ Гилиджов (савдо ва тиҷорат) супориш дода шуд, ки аз рӯзи шанбе то 1 январи соли оянда дар бозору мағозаҳо савдои идонаи маҳсулоти саноатӣ ва озуқаворӣ ташкил намуда, нархи баъзеи онҳо то 50 дарсад арзон карда шавад, то ки одамон барои хешу табор ва дӯстон туҳфа харидорӣ кунанд ва соли навро хуб таҷлил кунанд”.

Ҳанӯз эълон нашудааст, ки кадом маҳсулот бо тахфиф фурӯхта мешавад. Ҳамчунин, дар остонаи соли нави мелодӣ шаҳрвандони Туркманистон метавонанд ду рӯз ройгон аз нақлиёти ҷамъиятӣ истифода кунанд.

Ҳамчунин раисиҷумҳури Туркманистон ба мудири кулли Агентии нақлиёт ва коммуникатсияи назди ҳукумат Муҳаммадхон Чакиев дастур дод, ки рӯзҳои 31 декабр ва 1 январ сафари ройгони шаҳрвандонро дар автобусҳои шаҳрӣ ташкил кунад.

Ба муовини нахуствазир дар умури иқтисод ва молия Сардор Бердимуҳаммадов дастур дода шуд, ки пардохти маош дар муассисаҳои алоҳидаро назорат кунад.

Нашрия аз суханони раисиҷумҳури Туркманистон дар арафаи соли нав иқтибос овардааст, ки “дар самти нархгузорӣ ва ҳамчунин барои фаровонии молҳои хушсифати истеҳсоли худамон дар бозорҳо сари вақт чораҳои дахлдор андешида шаванд”.

маҳсулотсоли навТуркманистон
Comments (0)
Add Comment