Тоҷикистон хоҳони таъсиси корхонаҳои муштарак бо Эрон

Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хостори эҷоди ширкатҳои муштараки тавлиди маҳсулоти ғизоӣ бо Эрон дар манотиқи озоди иқтисодии ҷумҳурӣ шуд.

Муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хостори эҷоди ширкатҳои муштараки тавлиди маҳсулоти ғизоӣ бо Эрон дар манотиқи озоди иқтисодии ҷумҳурӣ шуд.

Абдураҳмон Абдураҳмонзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ва Паринози Пешдодиён, раиси Маркази тиҷории “Фикри бартар”-и Эрон дидору гуфтугӯ карданд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Вазорати иқтисод ва савдои кишвар.

Тибқи иттилои манбаъ, ҷониби Тоҷикистон дар ин дидор ба тарафи Эрон барои боз ҳам рушд додани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ пешниҳод намуд, ки корхонаҳои муштараки истеҳсоли обҳои минералӣ, инчунин хамираи помидор ва консервабарорӣ дар ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон таъсис диҳанд.

Пешдодиён дар навбати худ аз пешниҳоди тарафи тоҷикистонӣ истиқбол ва хотирнишон кард, ки ин ибтикор боиси тақвияти бештари ҳамкориҳои тиҷорию иқтисодии ду кишвар хоҳад шуд.

Тарафайн ҳамчунин масоили марбут ба таҳия ва имзои ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни манотиқи озоди иқтисодии Тоҷикистону маркази тиҷории “Фикри бартар”-и Эрон ва мавзуоти муҳими ҳамкориҳои тиҷорӣ, иқтисодӣ ва сармоягузориро баррасӣ карданд.

Дар ҳамин ҳол зимни дидор муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки дар 11 моҳи соли 2021 гардиши молии байни Эрону Тоҷикистон ба 93,2 миллион доллар расидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 44,6 миллион доллар бештар аст.

Саҳми тиҷорати мутақобил бо Эрон дар кулли гардиши молии Тоҷикистон тайи ин давра 1,7 дарсад буда ва дар сохтори тиҷорати хориҷӣ ин кишвар дар ҷойгоҳи нуҳум қарор дорад.

Пештар низ дар хабарҳо омада буд :

Мақомоти Эрон дар бораи баргузории ду ҷаласаи маҷозӣ аз пайгирии асноди тавофуқшудаи чаҳордаҳумини иҷлоси Комиссиони муштараки Эрону Тоҷикистон хабар дод.

Муҳаммадалии Фараҳнокиён, мушовири вазири нерӯ дар умури байналмилал бо ишора ба ҷаласаи пайгирии чаҳордаҳумини иҷлоси Комиссиони муштараки Эрону Тоҷикистон гуфт, дар ин ҷаласаҳо, масоили тавофуқшуда дар санади чаҳордаҳумини иҷлоси Комиссиони муштарак, тарҳу баррасӣ ва охирин иқдомоти сӯратгирифта тавассути ҳар ду тараф гузориш шуд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”дар истинод ба вазорати нерӯи Эрон.

Ин мансабдори эронӣ афзуд, ки нахустин ҷаласоти Кумитаи пайгирии чаҳордаҳумин иҷлоси Комиссиони муштараки Эрону Тоҷикистон дар ду ҷаласаи мутаволии субҳ ва баъд аз зуҳр бо ҳузури намояндагони ниҳодҳои давлатии муртабит, ба сӯрати маҷозӣ баргузор шуд.

Фараҳнокиён афзуд, ки дар ин ҷаласа тарафҳо дар хусӯси мавзуоти мухталифе ҳамчун тиҷорат ва бозаргонӣ, санъат, бонкӣ ва мутолибот, омӯзишу парвариш, улӯм, таҳқиқоту фанноварӣ, мироси фарҳангӣ, саноати дастӣ ва гардишгарӣ, ҳамкориҳои фарҳангӣ, беҳдошту дармон ва омӯзиши пизишкӣ, варзиш ва ҷавонон ва ҳамкориҳои ҳуқуқӣ баҳсу табодули назар карданд.

Мушовири вазири нерӯ илова кард, ки дар ҷаласаи намояндагони вазоратхонаҳои марбут ба мавзуоти муҳимми дигар санади Комиссиони муштарак, аз ҷумли масоилу мушкилоти гумрукии ду кишвар, ҳамкорӣ дар бахшҳои ҳамлу нақли ҷодаӣ коло ва мусофир, ҳамкориҳои байни устонӣ, ҳамкориҳои интизомӣ, кишоварзӣ, иртибототу фанноварии иттилоот, нафту газ, барқу энержӣ, обу фозилоб ва муҳити зист баҳсу табодули назар карданд.

Бояд қайд кард, ки чанде пеш сафири Тоҷикистон дар Теҳрон дар дидор бо вазири нафти Эрон ҳамкориҳои дуҷанибаро баррасӣ кард.

Зимни дидору гуфтугӯи онҳо масъалаҳои роҳандозии ҳамкориҳо байни ниҳодҳои марбутаи ду кишвар дар соҳоти мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳаммчунин тарафҳо бар зарурати истифода аз имконот ва зарфиятҳои мавҷуда барои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба таъкид карданд.

 

 

таъсиси корхонаҳои муштаракТоҷикистонЭрон
Comments (0)
Add Comment