Эълони омодагии Эрон аз ҳамкорӣ бо Тоҷикистон

Мақомоти Эрон дар бораи баргузории ду ҷаласаи маҷозӣ аз пайгирии асноди тавофуқшудаи чаҳордаҳумини иҷлоси Комиссиони муштараки Эрону Тоҷикистон хабар дод.

Мақомоти Эрон дар бораи баргузории ду ҷаласаи маҷозӣ аз пайгирии асноди тавофуқшудаи чаҳордаҳумини иҷлоси Комиссиони муштараки Эрону Тоҷикистон хабар дод.

Муҳаммадалии Фараҳнокиён, мушовири вазири нерӯ дар умури байналмилал бо ишора ба ҷаласаи пайгирии чаҳордаҳумини иҷлоси Комиссиони муштараки Эрону Тоҷикистон гуфт, дар ин ҷаласаҳо, масоили тавофуқшуда дар санади чаҳордаҳумини иҷлоси Комиссиони муштарак, тарҳу баррасӣ ва охирин иқдомоти сӯратгирифта тавассути ҳар ду тараф гузориш шуд, иттилоъ додааст хабаргузории “Парстудей”дар истинод ба вазорати нерӯи Эрон.

Ин мансабдори эронӣ афзуд, ки нахустин ҷаласоти Кумитаи пайгирии чаҳордаҳумин иҷлоси Комиссиони муштараки Эрону Тоҷикистон дар ду ҷаласаи мутаволии субҳ ва баъд аз зуҳр бо ҳузури намояндагони ниҳодҳои давлатии муртабит, ба сӯрати маҷозӣ баргузор шуд.

Фараҳнокиён афзуд, ки дар ин ҷаласа тарафҳо дар хусӯси мавзуоти мухталифе ҳамчун тиҷорат ва бозаргонӣ, санъат, бонкӣ ва мутолибот, омӯзишу парвариш, улӯм, таҳқиқоту фанноварӣ, мироси фарҳангӣ, саноати дастӣ ва гардишгарӣ, ҳамкориҳои фарҳангӣ, беҳдошту дармон ва омӯзиши пизишкӣ, варзиш ва ҷавонон ва ҳамкориҳои ҳуқуқӣ баҳсу табодули назар карданд.

Мушовири вазири нерӯ илова кард, ки дар ҷаласаи намояндагони вазоратхонаҳои марбут ба мавзуоти муҳимми дигар санади Комиссиони муштарак, аз ҷумли масоилу мушкилоти гумрукии ду кишвар, ҳамкорӣ дар бахшҳои ҳамлу нақли ҷодаӣ коло ва мусофир, ҳамкориҳои байни устонӣ, ҳамкориҳои интизомӣ, кишоварзӣ, иртибототу фанноварии иттилоот, нафту газ, барқу энержӣ, обу фозилоб ва муҳити зист баҳсу табодули назар карданд.

Бояд қайд кард, ки чанде пеш сафири Тоҷикистон дар Теҳрон дар дидор бо вазири нафти Эрон ҳамкориҳои дуҷанибаро баррасӣ кард.

Зимни дидору гуфтугӯи онҳо масъалаҳои роҳандозии ҳамкориҳо байни ниҳодҳои марбутаи ду кишвар дар соҳоти мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳаммчунин тарафҳо бар зарурати истифода аз имконот ва зарфиятҳои мавҷуда барои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба таъкид карданд.

Пештар дар хабарҳо омада буд, ки :

Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон ахиран дар як паёми худ дар саҳфаи Твиттер навиштааст, ки дар дидор бо Муҳаммадбоқири Қолибоф, раиси Маҷлиси Шӯрои Исломӣ дар бораи густариши ҳамкориҳои ду кишвари ҳамфарҳанг ва ҳамзабони Эрон ва Тоҷикистон дар ҳавзаи порлумонӣ ва дигар заминаҳо гуфтугӯ ва табодули назар кардааст, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.

Ба гуфтаи вай, оқои Қолибоф бо ишора ба иштирокоти зиёди Эрон ва Тоҷикистон, бар омодагии Маҷлиси Шӯрои Исломӣ барои тақвият ва тавсеаи муносиботи ду кишвар таъкид кард.

Бояд қайд кард, ки чанде пеш сафири Тоҷикистон дар Теҳрон дар дидор бо вазири нафти Эрон ҳамкориҳои дуҷанибаро баррасӣ кард.

Зимни дидору гуфтугӯи онҳо масъалаҳои роҳандозии ҳамкориҳо байни ниҳодҳои марбутаи ду кишвар дар соҳоти мутақобилан судманд мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳаммчунин тарафҳо бар зарурати истифода аз имконот ва зарфиятҳои мавҷуда барои тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба таъкид карданд.

Ёдрас мекунем, ки ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон пас аз интихоби Cайидиброҳими Раисӣ ба унвони раисҷумҳури ҷадиди Эрону сафари ӯ ба Тоҷикистон ва дидор бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯ ба густариш ниҳодаанд.

Байни ду кишвар зиёда аз 160 созишномаю тафоҳумнома ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидаанд.

Дар ҳамкории иқтисодӣ миёни ду кишвар Комиссияи ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Эрону Тоҷикистон нақши муҳим дорад ва то имрӯз 12 нишасти комиссия дар Душанбе ва Теҳрон баргузор шудааст.

 

ТоҷикистонҲамкорӣЭрон
Comments (0)
Add Comment