Амалиёти мусаллаҳонаи муқовимати Фаластин дар Каронаи Бохтарӣ

Низомиёни режими саҳюнистӣ ба баҳонаи амалиёти мусаллаҳонаи як фаластинӣ дар Каронаи Бохтарӣ, ӯро ба зарби гулула ба шаҳодат расонданд.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, расонаҳои режими саҳюнистӣ бомдоди панҷшанбе аз амалиёти мусаллаҳонаи фаластиниҳо дар Каронаи Бохтарӣ хабар доданд.

Шабакаи “A21 ниюз” дар хабарӣ фаврӣ навишт ба низомиёни исроилӣ наздики як шаҳраки саҳюнист нишин дар Каронаи Бохтарӣ, тирандозӣ шуда аст.

Артиши режими саҳюнистӣ, дақоиқи баъд бо судури баёнияе муддаӣ шуд низомиёни ин режим барои таҳқиқ ва тафаҳҳус вориди урдугоҳи “Ал-Маърӣ” наздики Ромуллоҳ шуданд, ки як мошини фаластинӣ ба самти онҳо тирандозӣ кард.

Хабаргузории “Ассошиатед Пресс”, аммо гузориш дод, мақомоти дармонии Фаластин эълом карданд, ки як марди фаластинӣ бомдоди панҷшанбе бар асари тирандозии низомиёни палиди саҳюнист дар Каронаи Бохтарии ишғолӣ ба шаҳодат расида аст.

Вазорати беҳдошти Фаластин эълом кард, ки “Муҳаммад Исои аббос”, 26 сола дар наздикии урдугоҳи оворагони Ал-Маърӣ дар Ромуллоҳ аз пушти сар мавриди исобати гулула қарор гирифт. Ин созмон ҷузъиёти бештаре дар мавриди шароити тирандозӣ ироа накард.

Ба навиштаи “Ассошиатед Пресс”, ин тирандозӣ дар буҳбуҳаи афзоиши танишҳои ахир байни саҳюнистҳо ва Фаластиниён дар Каронаи Бохтарӣ ва Қудси ишғолӣ сӯрат мегирад.

Бомдоди чаҳоршанбе низ низомиёни палиди режими саҳюнистӣ, ба баҳонаи талоши як ронандаи фаластинӣ барои ҳамла ба онҳо бо мошин дар Ҷанин, ӯро ба зарби гулула ба шаҳодат расонданд.

Ин дар ҳоле аст, ки авохири моҳи гузашта “Абу Шахидам” шаҳрванди фаластинӣ дар Қудси ишғолӣ дар амалиёти шаҳодат талабона, чаҳор саҳюнистро захмӣ кард ва як тани дигарро аз пой даровард ва худ  низ ба шаҳодат расид.

“Аҳмад Абдулҳодӣ”, намояндаи ҷумбиши Ҳамоси Фаластин дар Лубнон гуфт, ки амалиёти мазкӯр дар чорчуби фаолсозии муқовимат дар Карона Бохтарӣ буда ва паёме аз сӯи муқовимат аст, мабнӣ бар инки, Қудс арабӣ ва исломӣ аст.

ҚудсФаластин
Comments (0)
Add Comment