Ҳузури 70 дарсад чеҳраҳои ҷадид дар парлумони ояндаи Қирғизистон

Узви камиссюни маркази интихоботи Қирғизистон гуфт: ҳудуди 70 дарсад аз намояндагони парлумон дар ин давра чеҳраҳои ҷадид ҳастанд, зимни ин ки дар ин давра теъдоди намояндагони зан дар маҷлис низ афзоиши зиёде дошта аст.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ дар Бишкек, “Озарбек Жилкибоев”, узви камиссюни маркази интихобот ва ҳамапурсии Ҷумҳурии Қирғизистон, дар мизигирде «натоиҷи интихоботи парлумонӣ; ҷанбаи мусбат ва маъойиби низоми ҷадиди интихоботӣ», ки тавассути хабаргузории Қирғизистон баргузор шуд, дар мавриди хусусиёти ташкили парлумони тоза интихоб шуда баён кард.

Ба гуфтат яке аз аъзои камиссюни маркази интихобот, барои намояндагии парлумони ҷадид ҳудуди 70 % чеҳраҳои ҷадид интихоб шуданд ва ҳамчунин намояндагони маҷлиси шашум, панҷум ва чаҳорум низ вориди маҷлис шуданд.

Гуфта мешавад, ки аз ширкаткунандагон дар ин баҳс пурсида шуд, ки оё дар интихоботи гузашта муваффақ ба интихоби таркиби кайфии ҷадид порлумон шудаанд ё на.

Ба гуфтаи яке аз аъзои камиссюни марказии интихобот, ҳануз барои арзёбии парлумони «таъсис шуда» зуд аст.

Озарбек Жилкибоев гуфт: ҳамонтавр, ки медонед 90 намоянда вориди давраи ҳафтуми маҷлис мешаванд, ки аз ин теъдод 21 нафар аз намояндагони маҷлиси шашум ва чанд нафар аз намояндагони маҷлиси панҷум ва чаҳорум ҳастанд, ки ҳудуди 70 дарсад низ чеҳраҳои ҷадид ҳастанд.

Вай ба ишораи ҳузури бештари занҳо дар парлумони ҷадид нисбат ба қабл хотир нишон кард: аз 54 намоянда, мунтахаби листҳои ҳизбӣ, 19 зан вориди парлумон мешаванд. Ҳангоме ки парлумони шашум ба тозагӣ шурӯъ ба кор кард, ҳудуди 15 зан дар байни 120 намоянда ҳузур доштанд.

Ёдовар мешавад, ки интихоботи парлумонии Қирғизистон 28 ноябр баргузор шуд. Раъйгирӣ бар асоси системаи ҷадиди интихоботӣ анҷом шуд, ки 54 намоянда бар асоси листҳои ҳизбӣ, 36 намоянда бар асоси ҳавзаҳои интихобияи так ваколатӣ интихоб шуданд. Тибқи қонуни ҷадиди интихобот, 30% аз ин курсиҳо ба намояндаи зан дода мешуд.

Қирғизистонпарлумон
Comments (0)
Add Comment