Ҳушдори Русия дар бораи ҳамлаи шимиёӣ дар Украина бо кӯмаки ширкатҳои низомии Амрико

"Сергей Шойгу", вазири дифои Русия дар бораи эҳтимоли иқдомоти таҳрикомез аз қабили ҳамлаи шимиёӣ дар шарқи Украина тавассути бархе ширкатҳои низомии хусусии Амрико ҳушдор дод.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ “Сергей Шойгу”, вазири дифои Русия аз ҳузури беш аз 120 узви ширкатҳои низомии хусусии Амрико дар шарқи Украина хабар дод.

Дар идомаи танишҳои Маскав ва кишварҳои ғарбӣ бар сари Украина, “Сергей Шойгу”, вазири дифои Русия рӯзи се шанбе (имрӯз) дар ҷамъи хабарнигорон дар бораи эҳтимоли иқдомоти таҳрикомези аъзои ширкатҳои низомии хусусии Амрико ҳушдор дод.

Ба гузориши хабаргузории “Спутник”, “Сергей Шойгу” муътақид аст, ки танишҳо дар марзҳои ғарбӣ ва шарқии Русия дар ҳоли бештар шудан аст.

Ба гуфтаи вазири дифои Русия, ширкатҳои низомии хусусии Амрико дар ҳоли тадорук барои анҷоми иқдомоти таҳрикомез дар шарқи Украина ҳастанд; иқдомоте ки маводди шимиёиро дар бар мегирад.

“Сергей Шойгу”, дар ҷамъи хабарнигорон эълом кард, беш аз 120 нафар аз аъзои ширкатҳои низомии хусусии Амрико дар ҳоли ҳозир дар минтақаи Донетск воқеъ дар шарқи Украина ҳастанд ва дар ҳоли омӯзиш додан ба нерӯҳои вижаи Украина ҳастанд.

Ба ривояти ин мақоми аршади Маскав, Вашингтон дар ҳоли тақвияти ҳузури низомии худ дар наздикии марзҳои Русия аст ва пеш аз ин ҳудуди ҳашт ҳазор нафар аз персонели низомии Амрико дар шарқи Аврупо истиқрор ёфтаанд.

Ҳушдори вазири дифои Русия дар бораи ҳузури низомии Вашингтон дар наздикии марзҳои Русия ва аъзои ширкатҳои низомии хусусии Амрико дар шарқи Украина дар идомаи танишҳо миёни ду тараф ва дигар кишварҳои узви НАТО матраҳ шуда аст.

Рӯзи се шанбе (имрӯз) вазорати хориҷаи Русия ҳушдор дода буд, дар сурати имтиноъи НАТО аз баҳс дар бораи пешниҳодоти амниятии Маскав дар бораи коҳиши таниш дар марзи Украина, ҳамаи гузинаҳо аз ҷумла истиқрори таслеҳоти атомӣ дар Беларус мавриди назар қарор хоҳад гирифт.

Русия авоили моҳи мелодии ҷорӣ маҷмӯъае аз пешниҳодоти амниятиро ба ғарб ироа кард то аз танишҳо дар наздикии марзи Украина бикоҳад. Аз ҷумлаи ин пешниҳодҳо тазмини НАТО барои адами истиқрори таслеҳоти таҳоҷумӣ дар шарқи Аврупо аст.

АврупоМаскавРусияСергей Шойгу
Comments (0)
Add Comment