Вазъияти Навори Ғазза дар остонаи инфиҷор қарор дорад

Ҷумбиши Ҳамос ба режими палиди саҳюнистӣ ҳушдор дод, ки мухолифи гиреҳзадани бозсозии Навори Ғазза ба муомилаи табодули усаро аст.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, манобеи вижа хабар доданд, ки як ҳайат аз Миср озими Телавив шуд ва посухҳои Ҳамос дар бораи масаълаи усаро ва бозсозии Навори Ғаззаро ба саҳюнистҳо мунтақил хоҳад кард.

Ин манобеъ ба шабакаи хабарии “Ал-Мёдин” гуфтанд, ки “Ҳамос ба Мисриҳо иблоғ карда аст, ки мухолифи гиреҳзадани бозсозӣ ба муомилаи [табодул] усаро ас . . . Ҳамос бар ин бовар аст, ки роҳкори ин масаъла, пардохти ҳазина [тавассути саҳюнистҳо] барои анҷоми ин табодул аст”.

Ба гуфтаи ин манобеъ, Ҳамос ҳамчунин ба ҳайати мисрӣ гуфта аст, ки тадовуми сиёсати таъхир тавассути саҳюнистҳо, боиси инфиҷори вазъият хоҳад шуд; чаро ки «вазъияти Ғазза ба сурати рӯз афзуне дар ҳоли вахомат аст ва эҳтимол дорад дар муддати замони каме, иқдомоти танишзо дар он сурат гирад».

Дар ҳамин иртибот, “Мушир Ал-Мисрӣ”, узви дафтари сиёсии Ҳамос таъкид кард, ки Миср дар заминаи бозсозӣ ва оташбас, нақши худро ифо мекунад, вале «мо бар ин боварем, ки душмани саҳюнистӣ аз масъӯлиятҳои худ фирор мекунад».

Мушир Ал-Мисрӣ, ба хабаргузории Спутник гуфт, ки саҳюнистҳо дар пайи поён бахшидан ба муҳосираи Навори Ғазза нестанд ва ба ҳамин далел, муқовимати Фаластин ҳшдордода аст, ки «тадовуми муҳосира ва маҳрум кардани миллати Фаластин дар Навори Ғазза аз содатарин имконоти зиндагӣ, пайомадҳои хатарноке дорад».

Вай тасреҳ кард, ҳамос аз чанд масир дар пайи шикасти муҳосираи Навори Ғазза аст ва бояд ба душмани саҳюнистӣ эъмоли фишор кард то ба ин муҳосира поён диҳад.

Ин масъули Ҳамос дар бораи фишор ба усарои зани фаластинӣ низ гуфт, ки ин масаъла, тахатӣ аз тамоми хутути қирмиз аст ва муқовимат дар баробари ин масаъла сукут нахоҳад кард, балки тамоми талоши худро барои дифоъ аз усаро ба кор хоҳад гирифт; лизо «душмани саҳюнистӣ бояд аз ин ҳамоқат даст бардорад».

Навори ҒаззасаҳюнистӣФаластинҲамос
Comments (0)
Add Comment