Эъзоми бомбаандозҳои роҳбурдии Русия ба Беларус

Артиши Беларус эълом кард бомбаандозҳои роҳбурдии Русия пас аз эъзом ба ин кишвар ба ҳамроҳи ҷангандаҳои Беларус дар марзҳои иттиҳодияи Аврупо гашт занӣ анҷом доданд.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Русия бомбаандозҳои роҳбурдии “Tu-22M3” худро барои гашт зании муштарак бо ҷангандаҳои Беларус ба ин кишвар фиристод.

Ба навиштаи хабаргузории “Ройтерс”, артиши Беларус рӯзи шанбе эълом кард бомбаандозҳои роҳбурдии Русия ба ҳамроҳи ҷангандаҳои Суху-30 Беларус бар фарози марзҳои ин кишвар ба парвоз даромаданд.

Ин гашт зании ҳавоӣ дар марзҳои муштараки Беларус ва ҳамсоягони узви Иттиҳодияи Пврупо аз ҷумла Полша ва Литва ва дар буҳбуҳаи танишҳои Маскав ва Минск бо кишварҳои ғарбӣ анҷом шуда аст.

Авоили моҳи ҷорӣ низ ҷангандаҳои русӣ ва беларусӣ рӯзи панҷшанбе бар фарози марзҳои Беларус ва Иттиҳодияи Аврупо ба парвоз даромаданд.

Вазорати дифои Беларус дар он замон низ эълом кард гашт зании ҳавопаймоҳои ҷангӣ бар фарози марзҳои Беларус ва Полша ба манзури поиши вазъияти паноҳҷуён, ки миёни марзҳои ду кишвар дар банд мондаанд анҷом гирифта аст.

Чанде пеш, пас аз онкии Полша дар иттиҳом занӣ бидуни санади худ, Маскавро «мағзи мутафаккир» рӯйдодҳои марзӣ хонд, Кремлин қарор доштан дар пас ин буҳрони физояндаро рад кард. Ин таҳаввулот дар буҳбуҳаи пуртаништарин давра ва пас аз моҳҳо муҳоҷирати сангин дар марзҳои Беларус бо Полша, Литва ва то ҳаддӣ бо Латвия рух медиҳад.

Илова бар ин, “Александр Лукашенка” раиси ҷумҳури Беларус эълом карда, дар сурате ки мӯшакҳои атомии НАТО дар Полша мустақар шавад, вай низ аз истиқрори таслеҳоти атомии Русия дар Беларус истиқбол мекунад.

Александр ЛукашенкаБеларусПолшаРусия
Comments (0)
Add Comment