Ёдгор Файзов аз узвияти Маҷлиси миллӣ берун мешавад

Ёдгор Файзовро аз узвияти Маҷлиси миллӣ берун мекунанд.

Ёдгор Файзовро аз узвияти Маҷлиси миллӣ берун мекунанд.

Ёдгор Файзов, раиси собиқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро аз узвияти Маҷлиси миллӣ берун мекунанд. Ин тасмим имрӯз дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шудааст.

Ёдгор Файзов ба унвони раиси ВМКБ узви ин шохаи болоии порлмуон ва муовини раиси он аст.

Дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ хабар медиҳад, ки ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати раиси маҷлис Рустами Эмомалӣ баргузор шудааст, ки дар он дар баробари масоили дигар, масъалаи “пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз мансаби муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Ёдгор Файзов баррасӣ шудааст”.

Дар хабарномаи Маҷлиси миллӣ дар мавриди ҳузури Ёдгор Файзов дар ин ҷаласа чизе гуфта нашудааст, аммо аз аксҳое, ки аз ҷараёни ҷаласа нашр шудааст, дида мешавад, ки муовинони дигари раиси Маҷлиси миллӣ ҳузур доранд, вале Ёдгор Файзов нест.

БадахшонЁдгор ФайзовМаҷлиси миллӣМаҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии ТоҷикистонТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment