То масаълаи Фаластин ҳал нашавад минтақа рӯи сулҳ намебинад

Раиси ҷумҳури Чин дар посух ба номаи раиси ташкилоти худгардон номае барои вай фиристод ва навишт, масъалаи Фаластин масъалаи  асосӣ дар ғарби Осиё аст ва то замоне ки ҳал нашавад минтақа рӯи сулҳи ҳақиқиро нахоҳад дид.

 

 

Ба гузориши хабаргузории расмии Фаластин “Вафо”, “Ши Ҷинг Пинг”, раиси ҷумҳури Чин дар посух ба номаи “Маҳмуд Аббос”, раиси ташкилоти худгардон номае барои вай фиристода ва бар ҳимояти Чин аз масъалаи Фаластин то бозпасгирии ҳуқуқи машрӯъи он бавижа дар маҳофили байналмилалӣ таъкид карда аст.

Раиси ҷумҳури Чин дар номаи худ навишт, масаълаи Фаластин масъалаи асосӣ дар минтақаи ғарби Осиё аст ва то замоне ки ҳал нашавад минтақа рӯи сулҳи ҳақиқиро нахоҳад дид.

Вай афзуд: шоиста аст, ки ҷомеъаи байналмилал ба асли замин муқобили сулҳ, роҳкори ду давлатӣ ва рафтан ба самти эҷоди кишвари мустақил ва дорои ҳокимияти Фаластин дар марзҳои 1967 бо марказияти Қудси шарқӣ мутаъаҳҳид бошад.

Ши Ҷинг Пинг идома дод, тарафҳои марбута бавижа кишварҳои таъсиргузор бар масъалаи Фаластин бояд мавзеъи одилона дошта бошанд то ду тарафи фаластинӣ ва Исроилиро ба аз саргирии музокирот дар сареътарин замони мумкин савқ диҳанд.

Вай афзуд, Чин аз тарҳи Маҳмуд Аббос, барои баргузарии конфронси байналмилалии сулҳ таҳти назорати Созмони Милал ва бо мушорикати аъзои доимии шӯрои Амният ва низ дигар тарафҳои марбута дар раванди сулҳ дар ғарби Осиё ҳимоят мекунад.

Ши Ҷинг Пинг, дар поён таъкид кард, Чин дӯсти миллати Фаластин боқӣ хоҳад монад ва ба ҳимоят аз он дар масири ташкили кишвари мустақил идома хоҳад дод. Чин ҳамчунин тамоюл ба тақвияти равобити чинӣ – фаластинӣ ва таъмиқи идомаи ҳамкорӣ дар тамомии заминаҳои муштарак дорад.

Маҳмуд Аббос, ахиран дар дидор бо мақомоти амрикоӣ хостори иҷрои тавофуқоте бо Телавив, барои эҳёи раванди созиш шуд.

Маҳмуд АббоссулҳФаластинЧинШи Ҷинг Пинг
Comments (0)
Add Comment