Афзоиши пули хидмати ҳарбӣ аз соли 2022 дар Тоҷикистон

Ҳаққи хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон, ки феълан 25 ҳазору 200 сомонӣ мебошад, аз аввали соли оянда ба андозаи 1 ҳазору 680 сомонӣ афзоиш хоҳад ёфт.

Ҳаққи хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон, ки феълан 25 ҳазору 200 сомонӣ мебошад, аз аввали соли оянда ба андозаи 1 ҳазору 680 сомонӣ афзоиш хоҳад ёфт.
Мизони пардохти пул бар ивази рафтан ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон аз аввали соли 2022 ба 26 ҳазору 880 сомонӣ баробар хоҳад шуд.
Бар асоси қарори Ҳукумати Тоҷикистон, ҳаҷми маблағ ба ивази адои хидмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо мебошад.
Як нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки феълан 60 сомонӣ мебошад, аз аввали соли оянда ба 64 сомонӣ баробар мешавад.
Вазорати дифои Тоҷикистон мегӯяд, шаҳрвандони аз 18 то 27-сола, ки ҳуқуқи озод шудан ё ба таъхир андохтани муҳлати хизмати ҳарбиро надоранд, метавонанд ихтиёран бо пардохти маблағи зикршуда аз ҷамъомади якмоҳаи ҳарбӣ гузаранду билети ҳарбӣ гиранд.
Болоравии нархи хидмат дар ҳолест, ки бар асоси қонуни нави буҷа, аз 1 январи соли 2022 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон ба андозаи 64 сомонӣ муқаррар гардид.
Ин нишондиҳанда барои ҳисобкунии андоз, боҷ, дигар пардохтҳои ҳатмӣ, муҷозоти ҷаримавӣ ва пардохтҳои иҷтимоӣ истифода бурда мешавад.
Нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар соли равон 60 сомонӣ мебошад. Соли гузашта он муодили 58 сомонӣ буд.

Пештар дар хабарҳо омада буд, ки :
Бино ба қарори нави ҳукумати Тоҷикистон, нархи ин навъи хидмати сарбозӣ 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда 60 сомонӣ) аст, ки ба 25 ҳазору 200 сомонӣ баробар мебошад.
Дар ин бора пойгоҳи Your.tj рӯзи 16-уми август хабар дода, навишт, қарори ҳукуматро Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 30-юми июл имзо карда буд, вале он нав дастраси расонаҳо шуд.
Тоҷикистон қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ”-ро дар поёни моҳи январи имсол ислоҳ кард ва мувофиқи он мафҳуми хидмати алтернативӣ ҷорӣ шуд.
Бино бар он, ҳар сол то даҳ дарсади ҷавонони синни хидмат ба артиш ҷалб шуда, онҳое, ки намехоҳанд, хидмат кунанд, бо пардохти маблағ ва тамрини якмоҳа соҳиби билети ҳарбӣ хоҳанд шуд. Шумори ҷавононе, ки хидмати алтернативиро метавонанд сипарӣ кунанд, ҳар сол аз тарафи ҳукумат муайян мегардад.
Ҷавононе, ки пули хидмати алтернативиро пардохтаанд, вале дар мавсими даъват ба артишбарояшон ҷой намерасад, дар мавсими дигар онҳоро ба хидмати якмоҳа мегиранд. То он замон нафароне, ки пули хидмати алтернативиро падохтаанд, ба артиш бурда намешаванд.
Бино бар тағйироти воридшуда ба қонуни сарбозӣ, ҷавононе, ки кафедраҳои низомиро хатм мекунанд, танҳо пас аз 12 моҳи хидмат дар артиш соҳиби рутбаи афсари эҳтиётӣ хоҳанд шуд. Дар гузашта хатмкардаҳои донишгоҳҳое, ки дорои кафедраҳои ҳарбӣ буданд, бо иштирок дар давраҳои 40-рӯза соҳиби билети ҳарбӣ шуда, рутба мегирифтанд.
Минбаъд танҳо шахсоне ба мақомоти прокуратура, суд, мубориза бо коррупсия, гумрук ва Хадамоти иҷро ба кор қабул карда мешаванд, ки хидмати ҳарбӣ кардаанд.
Мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиши Тоҷикистон солҳо боз нигарон кунандааст. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ (дедовшина) ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хизмат дар артиши Тоҷикистон мебошанд.
Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд, дар ин давра даҳҳо ҳолати бо зӯр ё “облава” бурдани ҷавонон ба артиш расонаӣ мешавад.

 

пули хидматсоли 2022АфзоишТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment