Мулоқоти вазири хориҷа бо ҳайтаи бонуфузи СММ

Вазорати хориҷаи Тоҷикистон аз мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳайати СММ хабар додааст.

Бар асоси гузориши сомонаи хабарии Вазорати хориҷа, Сироҷиддин Суҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон ҳайати бонуфузи Созмони Милали Муттаҳидро (СММ) ба ҳузур пазируфт.

Дар вохӯрӣ аз ҳамкориҳои Тоҷикистону Созмони Милали Муттаҳид дар бахши таъмини сулҳу суботи ҷаҳонӣ, мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосири амниятӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъмини рушди устувори иҷтимоӣ гуфта шуд.

Манбаъ меафзояд, вазири тоҷик бо намояндаи вижаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар Осиёи Марказӣ, роҳбари Маркази минтақаии дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказии СММ (UNRCCA) Наталя Герман ва мудири Маркази мубориза бо терроризми Дафтари зиддитеррористии СММ Ҷаҳонгир Хон мулоқот кард.

Гуфта мешавад, зимни суҳбат тарафҳо аз ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо СММ дар самту соҳаҳои мухталиф, аз қабили таъмини сулҳу суботи ҷаҳонӣ, мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосири амниятӣ, ҳифзи муҳити зист ва таъмини рушди устувори иҷтимоӣ ёдоварӣ намуданд.

Зимни суҳбат ҳамчунин масъалаҳои амнияти минтақаӣ ва тақвияти ҳамкориҳои Тоҷикистон бо сохторҳои зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид, бавижа Маркази мубориза бо терроризми Дафтари зиддитеррористии СММ ва дурнамои рушди иқдомҳои якҷоя дар самти мазкур мавриди муқокима қарор гирифтанд.

Вазири корҳои хориҷӣ таъкид намуд, ки Тоҷикистон терроризми байналмилалӣ ва ифротгароиро маҳкум карда, ҷонибдори татбиқи босамари “Нақшаи муштараки амал оид ба татбиқи стратегияи ҷаҳонии зиддитеррористии Созмони Милали Муттаҳид дар Осиёи Марказӣ” ва “Нақшаи амали Дабири кулли СММ ҷиҳати пешгирии ифротгароии хушунатомез” мебошад.

Вазорати хориҷаи ТоҷикистонСироҷиддин МуҳриддинСозмони МилалТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment