Пешниҳоди вазорати меҳнат ба муҳоҷирони корафтода

Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав ба тоҷикони корафтода кумаки ҳуқуқӣ пешниҳод мекунад. Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия барои муҳоҷирони тоҷик телефони боварӣ роҳандозӣ кард.

Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав ба тоҷикони корафтода кумаки ҳуқуқӣ пешниҳод мекунад.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия барои муҳоҷирони тоҷик телефони боварӣ роҳандозӣ кард.

Дар ин бора аз хадамоти матбуотии ин ниҳод ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.

Гуфта мешавад, ин ташаббус ба хотири мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони корӣ, сари вақт бартараф намудани мушкилоти онҳо, қабули дархости шифоҳӣ, расонидани ёрии ҳуқуқӣ роҳандозӣ шудааст.

Телефони боварӣ аз соати 9:00 то соати 18:00 ба вақти Маскав фаъолият намуда, ба дархостҳои муҳоҷирони меҳнатӣ мутахассисони соҳа дар чанд бахш посух медиҳанд. Муҳоҷирон тавассути рақами +7(495)9679844 метавонанд муроҷиат кунанд.

Таъкид шуд, ки мутахассисони соҳа вобаста ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ, танзими муносибатҳои корӣ, дарёфти ҷойи кори муносиб, баргардонидани музди меҳнат, шарҳи қонунгузории Русия пусох дода, ҳамзамон муроҷиати шифоҳии шаҳрвандонро қабул менамоянд.

Пештар намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони корӣ ва аъзои оилаи онҳо даъват карда буд, ки дар ҳолати ҳодисаҳои нохуш фавран ба мақомоти марбутаи Русия ва намояндагиҳои Тоҷикистон дар ин кишвар муроҷиат намоянд.

Вазорат шарҳ дод, ки агар узви оила ва пайвандони муҳоҷири корӣ, ки дар Русия қарор доранд, бедарак гарданд, зарур аст, ки онҳо фавран ба шуъбаи минтақавии пулиси маҳалли иқомати худ муроҷиат намоянд.

Пештар дар хабарҳо омада буд, ки :

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони меҳнатии тоҷик хоҳиш кардааст, ки барои қонунигардонии ҳузури худ дар Русия роҳҳои қонуниро интихоб кунанду ба доми миёнравҳо наафтанд.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия аз шаҳрвандони Тоҷикистон хоҳиш кардааст, ки ҳангоми ворид гардидан ба Русия барои бақайдгирии ҷойи зисти муваққатӣ ба доми миёнаравҳо гирифтор нашуда, ҳамроҳ бо соҳибхона барои ба расмиятдарории будубоши муваққатӣ ба шуъбаи кор бо масъалаҳои муҳоҷиратии Вазорати корҳои дохилии Русия (собиқ ФМС) дар наздиктарини ҷойи зисти худ муроҷиат намоянд.

Манбаъ қайд кардааст, ки вақтҳои охир вобаста ба бақайдгирии муваққатии будубоши муҳоҷиратӣ дар қаламрави Русия аз ҷониби миёнаравҳо муроҷиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ба намояндагӣ зиёд ворид гаштааст.

 

Вазорати меҳнатМуҳоҷиронРусияТоҷикистон
Comments (0)
Add Comment