Нозирони Иттиҳодияи Аврупо барои ҷосусӣ ба Венесуэла омаданд

Раиси ҷумҳури Венесуэла тайи мусоҳибае тасреҳ кард, ки нозирони Иттиҳодияи Аврупо ба баҳонаи назорат бар интихоботи Венесуэла барои ҷосусӣ ба ин кишвар омада буданд.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Николас Мадуро”, раиси ҷумҳури Венесуэла дар гуфтугӯ бо шабакаи телевизиюнии “Венесуэла”, тасреҳ кард, ки нозирони Иттиҳодияи Аврупо, ки барои назорат бар интихоботи маҳаллии 21 ноябр ба Венесуэла сафар карда буданд, ба дунболи ҷосусӣ буданд на назорат бар интихобот.

Банно бар гузориши хабаргузории русии “ТАС”, раиси ҷумҳури Венесуэла дар ин хусус гуфт: «ҳайати ҷосусҳои Иттиҳодияи Аврупо як далели воҳид барои маҳкум кардани низоми интихоботи (Венесуэла) пайдо накарданд… . Ҳайат ҷосусон буданд на нозирони байналмилалӣ».

Николас Мадуро, сипас дар хусуси ин нозирони Иттиҳодияи Аврупо идома дод: «онҳо озодона дар саросари кишвар тараддуд мекарданд ва аз зиндагии иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва сиёсӣ ҷосусӣ мекарданд».

Сафари нозирони Иттиҳодияи Аврупо ба Венесуэла, бархилофи мухолифатҳои Иёлоти Муттаҳида сурат гирифт, ки давлати Мадуроро ба расмият наме шиносад.

Як мақоми Иттиҳодияи Аврупо дар ин хусус гуфта буд, ки 15 соли пеш низ ҳайати Иттиҳодияи Аврупо ба Венесуэла рафт то бибинад интихоботи ин кишвар то чӣ ҳад бо «дастуруламалҳои соли 2005 созмони милал» ҳам хонӣ дорад.

Банно бар гуфтаи Мадуро, нозирони Иттиҳодияи Аврупо, «ба унвони душман» ба Венесуэла омаданд ва «талош доштанд то раванди интихоботӣ бе айб ва нақс ва демократики Венесуэларо лакка дор кунанд, аммо шикаст хурданд».

Дар таърихи 21 ноябр, Венесуэла интихоботи минтақаӣ ва шаҳрдориҳоро баргузор кард, ки тайи он шаҳрвандони ин кишвар, руасои дастгоҳҳои иҷрои маҳаллӣ ва аъзои маҷомеъи иёлатиро интихоб карданд.

Тайи моҳҳои ахир, Иттиҳодияи Аврупо ва Амрико дар бархе заминаҳо бо ихтилофоте мувоҷеҳ шудаанд. Аз як сӯ пас аз иҷрои бе назми хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ ба раҳбарии Амрико аз Афғонистон, Иттиҳодияи Аврупо баҳси ташкили артиши аврупоиро матраҳ карда ва аз сӯи дигар, ба тавофуқи ҳамкории Амрико, Англис ва Австралия барои сохти зердарёӣ атомӣ, ки дар пайи он Фаронса аз қарордоди мушобеҳ бо Австралия ҳазф шуд, вокуниши манфӣ нишон дода аст.

Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунин соли гузашта бо ақаб нишинӣ аз мавозеи пешини худ, эълом кард “Хуан Гуидо”-ро ба унвони раиси ҷумҳури муваққати Венесуэла ба расмият наме шиносад.

Ин иттиҳодия дар баёнияе эълом кард: «алорағми он, ки Гуидоро як “тарафи музокираи дорои имтиёз” ба ҳисоб меоварем, аз ин пас вайро раиси ҷумҳури муваққати Венесуэла намедонем».

Бисту ҳафт узви ин блок дар ин баёнияи муштарак гуфтанд алорағми он ки дар қатъномаи парлумони Аврупо аз кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо хоста шуда буд ба раиси ҷумҳури муваққат хондани Гуидо идома диҳанд, ин иттиҳодия ӯро танҳо бахше аз мухолифони «демократик» медонад.

Амрико дар соли 2019 тайи иқдоми ғайриқонунӣ, “Хуан Гуидо” раиси ҷумҳури худхондаи Венесуэларо ба унвони «раиси ҷумҳури машрӯъ» ба расмият шинохт ва рӯи кор омадани Ҷо Байдени Демукрот ба ҷои Доналд Трампи Ҷумҳури хоҳ ҳам тағйире дар мавзеъи Вашингтон эҷод накарда аст.

Ба мувозоти тадовуми фишорҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва таҳдиди низомии Амрико алайҳи Венесуэла ва давлати Николас Мадуро, Вашингтон ҳамчунон дар ҳоли ташдиди таҳримҳо алайҳи ин кишвари Амрикои лотин аст.

АврупоАмрикоВенесуэлаИттиҳодияи АврупоНиколас Мадуро
Comments (0)
Add Comment