Оғози расмии интихоботи парлумонӣ дар Қирғизистон

Бар асоси гузориши Комиссияи марказии интихоботии Қирғизистон, интихоботи парлумонӣ дар ин кишвар ба таври расмӣ оғоз шудааст.

Бар асоси гузориши Комиссияи марказии интихоботии Қирғизистон, интихоботи парлумонӣ дар ин кишвар ба таври расмӣ оғоз шудааст.

Ба нақл аз хабарҳо Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон ҳам дар ҳавзаи интихоботии 1053 ҳузур ёфта ва ба ҷонибдорӣ аз номзади сазовораш раъй гузоштааст.

Қитъаҳои овоздиҳӣ сар аз соати 8:00 шурӯъ ба кор намуданд ва шумораи онҳот дар худи Қирғизистон ва беруни аз он наздики 2,5 ҳазор ҳисобида шудааст. Маъракаи интихобот то соати 20:00 ба вақти маҳаллӣ идома меёбад.

Гуфта мешавад, Содир Ҷабборов, президенти Қирғизистон аллакай дар интихоботи парлумонӣ иштирок карда ва дар ҳавзаи 1053 раъй додааст.

Ба гуфтаи дабири Шӯрои амнияти ҷумҳурӣ Марат Имонқулов, дар ду рӯзи ахир теъдоди ришвадиҳӣ ба интихобкунандагон афзоиш ёфтааст.

Ҳамчунин, маъмурони интизомӣ чанд тан аз мансабдоронро, ки мехостанд аз манобеъи маъмурӣ ба нафъи номзадҳои инфиродӣ истифода кунанд, боздошт карданд. Илова бар ин, Имонқулов иттилоъ дар бораи боздошти ҷинояткоронро, ки дар омодасозии табаддулоти давлатӣ дар Қирғизистон ширкат доштанд, тасдиқ кард.

Вакилон аз рӯи низоми омехта интихоб мешаванд: 54 нафар аз рӯи рӯйхатҳои ҳизбӣ, 36 нафар аз ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ. Дар интихобот 21 ҳизби сиёсӣ ва ҳамчунин ҳудуди 300 номзаде, ки дар ҳавзаҳои якмандатии интихоботӣ ширкат доштанд, рақобат мекунанд. Барои 90 курсӣ дар органи олии қонунгузор ҳамагӣ 1,3 ҳазор кас ариза додааст.

Ёдовар мешавем, ки интихоботи парлумонӣ дар тирамоҳи соли 2020 ба далели нақзи қонунгузории интихобот беэътибор дониста шуд. Ҷамъбасти натиҷаҳои онҳо бо эътирозҳои оммавӣ, тағъйир ёфтани президент ва ҳукумат дар ҷумҳурӣ анҷом ёфт.

Интихоботи парлумонӣҚирғизистонСодир Ҷабборов
Comments (0)
Add Comment