Ҳушдори Иттиҳодияи Аврупо ба саҳюнистҳо дар бораи тахриби манозили Фаластиниён

Иттиҳодияи Аврупо, зимни таъкид бар лузуми таваққуфи тахриби манозили Фаластиниён тавассут шаҳрак нишинони режими палиди саҳюнист, ин иқдомро муҷиби тазъифи чашмандози сулҳ байни ду тараф тавсиф кард.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Иттиҳодияи Аврупо рӯзи ҷумъа дар баёнияе, тахриби манозили маскунии мардуми мазлуми Фаластин тавассути шаҳрак нишинони палиди саҳюнистро маҳкум кард.

Ба навиштаи хабаргузории “Анатолия”, намояндагии Иттиҳодияи Аврупо дар умури Фаластин дар паёми Тветарӣ навишт: «бар дархости худ барои таваққуфи тахриб ва ҳаргуна иқдоми ғайриқонунии дигар, ки муҷиби берун рондани Фаластиниён аз хонаҳояшон шавад таъкид мекунем».

Дар ин паёми Тветарӣ омада аст: «ин тахриби манозил тибқи қавонини байналмилалӣ, ғайриқонунӣ буда ва ба мизони чашмгире чашмандози сулҳи пойдрро тазъиф мекунад».

Ин баёния бо ишора ба омори дафтари ҳамоҳангии умури башардӯстонаи Созмони Милали Муттаҳид меафзояд, зарфи 9 моҳи аввали соли 2021 дар муқоиса бо бозаи замонии мушобеҳ дар соли 2020, мизони тахриби манозили Фаластинён 21 дарсад афзоиш ёфта аст ва бехонумон шудани онҳо низ 28 дарсад афзоиш ёфта аст.

Ба гуфта ин ожонс, фақат дар рӯзи панҷшанбе ҳафтаи гузашта бисту ду фаластинӣ аз ҷумла понздаҳ кӯдак манозили худро аз даст додаанд.

“Фуод Ал-Ҳадмӣ”, вазири умури Қудс дар ташкилоти худгардони Фаластин рӯз панҷшанбе гуфт, ки тарҳҳои шаҳраксозии режими касифи саҳюнист, суномии ҷунун омез аст.

Рӯзномаи лектронии “Roya Alium”, ба нақл аз Фуод Ал-Ҳадмӣ гузориш дод, режими саҳюнистӣ дар ҳоли иҷрои чанд пружаи бузурги шаҳраксозӣ дар шимол, ҷануб ва шарқи Қудси ишғолӣ аст.

Вай гуфт, ки ҳадафи режими саҳюнистӣ аз иҷрои ин пружаҳо, ҷудо кардани ин шаҳр аз маҳдудаи Фаластинии он дар Карона Бохтарӣ аст.

Аз сӯи дигар, рӯзномаи “Ҳооретс” навишт, шаҳрак нишинони саҳюнистӣ тайи панҷ соли ахир бар 21 ҳазор дунам (ҳар дунам тақрибан муодили ҳазор метр) яъне масоҳати муодили 2100 ҳектор аз арозии Фаластиниён дар Каронаи Бохтарро тасарруф кардаанд.

Дар идомаи ин гузориш таъкид шуда, шаҳрак нишинони саҳюнистӣ ба таҷовуз, хушунат ва амалиётҳои террористӣ алайҳи соҳибони Фаластинии заминҳо даст ме‎зананд то бо эҷоди руъб ва ваҳшат, онро ворид ба оворагии иҷборӣ ва адами кишти маҳсул кунанд.

АврупоКарона БохтарӣҚудссаҳюнистӣФаластин
Comments (0)
Add Comment