Бомбаборони шадиди шимоли Ироқ тавассути ҷангандаҳои Туркия

Туркия манотиқе аз шимоли кишвари Ироқро бордигр ба шиддат Бомбаборон кард.

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Шафақ Нюзи” Ҷумҳурии Ироқ, ҷангандаҳои Туркия маконҳое дар шимоли Ироқ ва манотиқи курднишини ин кишварро ба шиддат бомбаборон карда аст.

Дар ҳамин иртибот гуфта шуда аст, ки низомиёни Туркия атрофи рустоӣ “Ҳур”, дар минтақаи “Амодия”, дар шимоли Даҳукро бомбаборон карданд.

Манобе маҳаллӣ гуфтанд, ки 14 мӯшаки ҳаво ба замин наздики Ҳур, дар минтақаи “Кани Маси” фуруд омад ва бомбаборони Туркия хисороти зиёде ба мазореъ ва ҷангалҳои атроф ворид карда аст.

Вазорати дифои Туркия низ дар тавҷеҳи бомбаборони ин манотиқ, бо мунташир кардани баёнияе аз ҳамла ба мавозеи террористҳои “P.K.K.” (Партияи коргарии Курдистон) дар шимоли Ироқ хабар дод.

Артиши Туркия дар шимоли Ироқ, он қадар амалиёт ва ҳамалоти мутаъаддидеро бо асомии мухталиф анҷом дода аст, ки ёдоварии исми ин амалиётҳо, рӯз ба рӯз душвортар мешавад.

Ахиран дар манотиқе дар наздики Амидӣ, Матина ва ҳавзаҳои ҷуғрофиёи наздик ба Даҳук дар минтақаи Курдистони Ироқ, ҳамалоте сурат гирифта аст, ки вазорати дифои Туркия ин ҳамалотро бо асомии панҷаи раъд ва панҷаи соиқа ном гузорӣ карда аст.

Бо эҳтисоби ин афрод, токунун 6 тан аз низомиёни Туркия дар амалиёти низомии ахир алайҳи нерӯҳои “P.K.K.”, Дар рӯзҳои гузашта кушта шуданд.

"P.K.K."PKKБомбаборонИроқТуркия
Comments (0)
Add Comment