Захмӣ шудани 13 фаластинӣ ба дунболи ҳамлаи саҳюнистҳо ба “Ал-Исовия”

Ба дунболи ҳамлаи шабонаи низомиёни режими палиди саҳюнистӣ ба шаҳраки "Ал-Исовия" воқеъ дар Қудси ишғолӣ 13 фаластинӣ ба шиддат захмӣ шуданд.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, силсила иқдомоти хасмонаи саҳюнистҳо алайҳи мардуми мазлуми Фаластин дар нуқоти мухталифи арозии ишғолӣ ҳамчунон идома дорад. Дар ҳамин росто, низомиёни саҳюнист ба шаҳраки “Ал-Исовия”, воқеъ дар Қудси ишғолӣ ҳамла бурданд.

Бар асоси ин гузориш, ба дунболи ин ҳамла ваҳшиёнаи низомиёни саҳюнист ба шаҳраки “Ал-Исовия” даргирии шадиде миёни онҳо ва шаҳрвандони фаластинӣ иттифоқ афтод. Саҳюнистҳо дар ҷараёни ин даргириҳо 13 фаластиниро ба шиддат захмӣ карданд.

Ин дар ҳоле аст, ки чанде пеш утоқи муштараки гуруҳҳои муқовимати Фаластин дар баёнияе ҷиноятҳои ахири режими саҳюнистӣ дар Қудси ишғолӣ ва низ дар Каронаи Бохтариро ба шиддат маҳкум кард. Утоқи муштараки гуруҳҳои муқовимати Фаластин дар баёнияи худ эълом кард, ки ҳаводиси пай дар пай дар Фаластин ва низ талошҳои мақомоти режими палиди саҳюнистӣ барои таҳмили шароити ҷадид ба фаластиниёнро зери назар дорад.

Дар баёнияи мазкӯр хитоб ба режим палиди саҳюнистӣ гуфта шуда аст: ҷиноёти режими саҳюнистӣ алайҳи миллати Фаластин дар ин сатҳ хатарнок, эҷоб мекунад, ки вокунишҳои кубандае ба он нишон диҳем. Табиӣ аст, ки тадовуми ин ҷиноятҳо муҷиб хоҳад шуд то авзоъ беш аз пеш таниш олуд гардад.

Дар ин баёния ҳамчунин омада аст: режими ишғолгари саҳюнистӣ масъӯли табаот ва пайомадҳои ҷиноёти худ алайҳи Фаластиниён дар Қудс ва Каронаи Бохтарӣ аст. Мо иҷоза намедиҳем, ки саҳюнистҳо ба ҷои пас додани товони ҷиноятҳои гузаштаи худ, акнун ҷиноятҳои ҷадидеро муртакиб шаванд.

ИсовияКаронаи БохтарӣҚудсФаластин
Comments (0)
Add Comment