Боздошти 3 фаластинӣ дар “Ҷанин” / захмӣ шудани 3 нафар дар “Наблус”

Низомиёни режими саҳюнистӣ дар ҳамла ба шаҳри "Ҷанин" 3 фаластиниро боздошт карданд; ин дарҳоле аст, ки ҳамзамон, ҳамлаи шаҳрак нишинони ин режим ба шаҳри Наблус ба захмӣ шудани 3 тан аз фаластиниён мунҷар шуд.

 

 

Ба гузориши хабаргузории “Ал-Аҳд”, силсила иқдомоти хасмонаи саҳюнистҳо алайҳи фаластиниён дар нуқоти мухталифи арозии ишғолӣ ҳамчунон идома дорад. Дар ҳамин росто, низомиёни саҳюнист ба шаҳри “Ҷанин” дар Каронаи Бохтарӣ ҳамла бурданд.

Бар асоси ин гузориш, ба дунболи ин ҳамлаи ваҳшиёнаи низомиёни саҳюнист ба шаҳри Ҷанин дар Каронаи Бохтарӣ, даргирии шадиде миёни онҳо ва шаҳрвандони фаластинӣ иттифоқ афтод. Саҳюнистҳо дар ҷараёни ин даргириҳо 3 фаластиниро боздошт карданд.

Аз сӯи дигар, ҳамзамон шаҳрак нишинони режими саҳюнистӣ низ бо чароғи сабзи низомиёни ин режим ба шаҳри Наблус дар Каронаи Бохтарӣ ҳамла бурданд. Дар ҷараёни ҳамлаи мазкӯр 3 тан аз фаластиниён ба шиддат захмӣ шуданд.

Ин дар ҳоле аст, ки чанде пеш утоқи муштараки гуруҳҳои муқовимати Фаластин дар баёнияе ҷиноятҳои ахири режими саҳюнистӣ дар Қудси ишғолӣ ва низ дар Каронаи Бохтариро ба шиддат маҳкӯм кард. Утоқи муштараки гуруҳҳои муқовимати Фаластин дар баёнияи худ эълом кард, ки ҳаводиси пай дар пай дар Фаластин ва низ талошҳои мақомоти режими палиди саҳюнистӣ барои таҳмили шароити ҷадид ба фаластиниёнро зер назар дорад.

Дар баёнияи мазкӯр, хитоб ба режим манҳуси саҳюнистӣ гуфта шуда аст: ҷиноёти режими ҷинояткори саҳюнистӣ алайҳи миллати Фаластин дар ин сатҳи хатарнок, эҷод мекунад, ки вокунишҳои кубандае ба он нишон диҳем.

Табиӣ аст, ки тадовуми ин ҷиноятҳо мӯҷиб хоҳад шуд то авзоъ беш аз пеш таниш олуд гардад.

Дар ин баёния ҳамчунин омада аст: режими кӯдак куши саҳюнистӣ, масъӯли табаъот ва пайомадҳои ҷиноёти худ алайҳи миллати Фаластин дар Қудс ва Каронаи Бохтарӣ аст. Мо иҷоза наме диҳем, ки саҳюнистҳо ба ҷои пас додани тамоми ҷиноятҳои гузаштаи худ, акнун ҷиноятҳои ҷадидеро муртакиб шаванд.

НаблуссаҳюнистӣФаластинФаластиниҶанин
Comments (0)
Add Comment