Шавкат Мирзиёев савганд ёд карду шаҳодатномаи президентӣ гирифт

Маросими савгандёдкунии Шавкат Мирзиёев, президенти тозаинтихоби ҷумҳурӣ дар шаҳри Тошканд, пойтахти Узбекистон баргузор шуд.

Маросими савгандёдкунии Шавкат Мирзиёев, президенти тозаинтихоби ҷумҳурӣ дар шаҳри Тошканд, пойтахти Узбекистон баргузор шуд.

Шавкат Мирзиёев, президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи парлумони кишвар дар Сенат (палатаи болоии парлумон) савганд ёд кард.

Дар ин маросим Зайниддин Низомхоҷаев, раиси Комиссияи марказии интихоботӣ ба Мирзиёев шаҳодатномаи президентиро супурд.

Пас аз он сарвари давлат дасти худро рӯи конститутсия ва Қуръон гузошта, ба мардуми Ӯзбекистон савганд ёд кард.

Соли 2016 ин маросим дар бинои Палатаи қонунгузорӣ (палатаи поёнии парлумон) баргузор шуда буд.

Интихоботи президентӣ дар ин кишвар 24 октябр баргузор шуд ва дар маҷмӯъ, дар саросари кишвар беш аз 16 миллион интихобкунанда ва муодили 80,4% дар ин маъракаи сиёсии ва интихобот овоз доданд.

Дар ин кишвар ҳамагӣ 14 ҳавзаи интихоботӣ ва 10 ҳазору 760 қитъаи интихоботӣ ташкил шуд. Дар 107 қитъа дар ҳар кадоме аз ноҳияҳои Узбекистон камераҳои мушоҳидаи видеоӣ насб карда шуданд. Дар портали “Интихобот-2021” бо пахши тугмаи “онлайн-монитоинг” барои мушоҳидаи ҷараёни овоздиҳӣ имкон фароҳам оварда шуда буд.

Қобили зикр аст, ки зиёда аз 21 млн нафар узбекистониҳо, аз ҷумла дар хориҷи кишвар ҳуқуқи овоздиҳӣ доштанд. Дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон барои овоздиҳии шаҳрвандон дар маҷмӯъ 54 қитъаи интихоботӣ боз шуд.

Барои курсии раиси давлат панҷ номзад мубориза бурданд. Номзади ҲХДТ Мақсуд Ворисова 6,63%, намояндаи Миллий тикланиш Алишер Қодиров 5,48%, номзади Ҳизби экологӣ Нарзулло Обломмуродов 4,14% ва номзади Адолат Баҳром Абдуҳалимов 3,39% овоз гирифтанд.

интихоботи президентӣсавгандёдкунӣУзбекистонШавкат Мирзиёев
Comments (0)
Add Comment