Ҳизбуллоҳ метавонад рӯзона 2500 мӯшак ба сӯи мо шиллик кунад

Фармондаҳи ҷабҳаи дохилӣ дар артиши режими саҳюнистӣ бо таъкид бар ин, ки дар ҳаргуна даргирии ҷадид бо Ҳизбуллоҳи Лубнон, рӯзона 2500 мӯшак ба сӯи арозии ишғолӣ шиллик хоҳад шуд, изъон кард, ки афкори умумӣ дар Исроил омодагии мувоҷеҳа бо ин амрро надорад.

 

 

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Авери Гордин”, фармондеҳи ҷабҳаи дохилӣ дар артиши режими саҳюнистӣ дар гуфтугӯ бо канали 12 телевизиони режим саҳюнистӣ гуфт, ки дар сӯрати даргирӣ бо Ҳизбуллоҳи Лубнон, ин режим бо мушкили бузурги шиллики 2500 мӯшакӣ ба сӯи умқи арозии ишғолӣ мувоҷеҳ хоҳад буд.

Вай афзуд: «ман муътақидам, ки “Сайид Ҳасан Насруллоҳ”, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон аз тавоноиҳои мо огоҳ аст ва шакке нест, ки душманони мо тавоноиҳои аслие доранд, ки мутаваҷҷеҳи нуқоти заъфи мо низ мешавад».

Ба навиштаи рӯзномаи “Раъюл Явм”, ин гуфтугӯи вижа бо генерал Авери Гордин, пас аз поёни размоиши бузурги саросарӣ дар ҷабҳаи дохилӣ, ки тайи он Телавив, сенариюҳои амниятӣ дар минтақаи шимолиро мавриди баррасӣ қарор дод, сӯрат гирифта аст. Ин размоиш як шанбеи пеш оғоз шуд ва то ҷумъа идома дошт.

Ин генерали саҳюнистӣ дар посух ба як суол иддао кард: «Ҷумҳурии Исломии Эрон агар нагӯем як таҳдиди стротежик барои Исроил аст, бояд бигӯем, ки яке аз таҳдидҳо аст ва ором намегирад. Мо ҳамеша дар ҳамаи заминаҳо барои беҳбуди дифоъ ва ҳамчунин ҷилавгирӣ аз тавонмандиҳои тарафи муқобил кор мекунем.»

Фармондиҳи ҷабҳаи дохилии режими саҳюнистӣ дар идома изъон дошт, ки мардуми Исроил омодагии кофӣ барои мувоҷеҳ шудан бо сенариюи набард дар ҷабҳаи шимолиро надоранд ва гуфт: «мутмаин нестам, ки афкори умумӣ Исроил бифаҳмад, чи иттифоқе меуфтад ё чи иттифоқе хоҳад афтод, агар рӯзи як набард дар шимол оғоз шавад. Рӯзона 2500 мӯшак, ки бархе дақиқ ба ҳадаф исобат мекунанд ва бархе дар умқи манотиқи маскунӣ дар ҷабҳаи дохилии Исроил фуруд хоҳанд омад, шиллик хоҳад шуд. Ин як ҳамлаи бисёр бузурге хоҳад буд».

Авери Гордин, бо ишора ба шикофҳои эмансозӣ ки боиси эҷоди нигаронӣ барои ин ниҳоди амниятии Исроил ва шохаҳои он мешавад, гуфт: «шикофҳои эмансозӣ вуҷуд дорад ва дар солҳои тӯлонии оянда низ халаъҳои зиёде дар истеҳкомсозӣ вуҷуд хоҳад дошт ва нақши мо кӯмак ба шаҳрвандон дар муқобили ин шикофҳо ва иқдом ба сӯрати саҳиҳ аст».

Вай чанд ҳафтаи пеш дар гуфтугӯ, бо “Франс Прес” низ тасреҳ карда буд, ки дар сӯрате ки даргирӣ бо Ҳизбуллоҳи Лубнон, Исроил бояд мунтазири шиллики 2000 мӯшак дар рӯз ба сӯи сарзаминҳои ишғолӣ бошад.

Ин генерали саҳюнистӣ афзуд: «шаҳрҳои Телавив ва Асуд дар ҷануб дар ҷанги ахир бо Навори Ғазза, шоҳиди бештарин шиллики мӯшак аз замони ташкили Исроил будаанд. Дар сӯрате ки даргирӣ ё ҷанге бо Ҳизбуллоҳ рӯй диҳад, интизор дорем, ки ҳар рӯз дасти кам панҷ баробар, мӯшак аз Лубнон ба сӯи Исроил шиллик шавад».

Авери ГординИсроилЛубнонсаҳюнистӣҲизбуллоҳҲизбуллоҳи Лубнон
Comments (0)
Add Comment