Таъкиди Душанбе ва Теҳрон ба густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ

Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Душанбе дар Теҳрон бо раиси вилояти Ҳурмузгони Эрон дидору гуфтугӯ кард.

Дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, Низомиддин Зоҳидӣ, сафири Душанбе дар Теҳрон бо Маҳдӣ Дӯстӣ, раиси вилояти Ҳурмузгони Эрон мулоқот кард.

Раиси утоқи бозаргонӣ, саноат, маодин ва кишоварзии Ҳурмузгон гуфт, пешниҳоди ташкили дафтари намояндагии ширкатҳои ҳамлу нақли тоҷикистонӣ аз сӯи Утоқи бозаргонии Ҳурмузгон ба сафири ин кишвар дар Теҳрон ироа шуд.

Тибқи иттилои манбаъ, дар мулоқоти мазкур роҳбарони мақомоти иқтисодиву тиҷоратии вилояти мазкур низ ҳузур доштанд.

Гуфта мешавад, тарафҳо бо дарназардошти зарфиятҳои бузурги транзитию нақлиётии вилояти Ҳурмузгон, масъалаҳои истифодаи имконоти бандарҳои он, ба вижа Бандараббосро дар тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратии Тоҷикистон бо кишварҳои минтақа мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ин бандар яке аз муҳимтарин марказҳои тиҷоративу иқтисодии Эрон ва кишварҳои минтақаи Халиҷи Форс ба ҳисоб меравад.

Ҳамчунин дар мулоқот ҷониби эронӣ иқтидорҳои иқтисодиву тиҷоратии вилояти Ҳурмузгонро муаррифӣ намуда, омодагиашро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Тоҷикистон баён кард.

Ҳурмузгон яке аз вилоятҳои муҳими ҷанубии Эрон мебошад, ки дар шимоли Тангаи Ҳурмуз воқеъ буда, яке аз қутбҳои сайёҳиву иқтисодии Эрон дониста мешавад. Шаҳри Бандараббос, ки бандари ҳамноми он дар ин шаҳр қарор дорад ва маркази вилоят мебошад, яке аз марказҳои муҳими фаъолиятҳои иқтисодӣ ва тиҷоратӣ дар минтақа ба шумор меравад.

Пас аз рӯи кор омадани Сайид Иброҳими Раисӣ, ба ҳайси раисҷумҳури нави Эрон ва сафар ба Тоҷикистон, равобити ду кишвар беҳтар аз гузашта шудааст.

Низомиддин Зоҳидӣсафорати Душанбе дар ТеҳронТоҷикистонҲурмузгонЭрон
Comments (0)
Add Comment