Тасвиби Кодекси нави андоз дар таҳрири нав

Тарҳи Кодексти нави андоз дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар таҳрири нав ба тасвиб расид.

Ба нақл аз сомонаи парлумони Тоҷикистон, Файзиддин Қаҳҳорзода, Вазири молия оиди Кодекси нави андоз барои вакилон суҳбат карду онро муаррифӣ кард.

Ба гуфтаи вазири молия, дар таҳрири нав теъдоди андозҳо аз 10 банди мавҷуда ба 7 адад коҳиш ёфтааст. Илова бар ин, маблағи андоз аз арзиши иловашуда (НДС) тадриҷан кам карда мешавад. Аз соли оянда меъёри андоз аз арзиши иловашуда аз 18 фоиз то 15 дарсад поин хоҳад омад. Дар соли 2023 ин нишондод 14% ва дар соли 2027 меъёри андоз аз арзиши иловашуда то 13% поин оварда мешавад.

Ҳамчунин андози ҳифзи иҷтимоӣ 5% коҳиш ёфтааст. Акнун корфармоён ба ҷойи 25%, барои ҳар корманд ба андозаи 20 дарсади маош ба буҷа молиёти ҳифзи иҷтимоӣ месупоранд.

Бар пояи таҳрири нав, андоз аз истифодабарандагони воситаҳои нақлиёт ба андоз аз молу мулк якҷо карда шуд ва андози аксиз аз хизматрасониҳои воситаҳои электронӣ аз 5 дарсади қаблӣ ба 7 дарсад афзоиш ёфт.

Даъватҳо ба коҳиши андоз ё молиёт солҳо боз дар Тоҷикистон аз ҷониби соҳибкорон ва коршиносони байналмилалӣ садо медиҳад. Бештари коршиносон бар ин назаранд, ки Кодекси андози Тоҷикистон бори вазнинест бар дӯши соҳибкорон ва се маротибае, ки он дар даври соҳибистиқлолӣ иваз шуд, ҳеҷ яке аз ин таҳрирҳо барои рушди соҳибкорӣ шароити муносибу мусоид фароҳам насохтанд.

Дар як таҳқиқоти “Paying Taxes 2019” (Андозбандӣ дар соли 2019), ки 190 кишварро фаро гирифта буд, Тоҷикистон ба даҳгонаи кишварҳои дорои баландтарин сарбории молиётӣ ворид шуд. Ҳаҷми умумии андоз 67,3 дарсадро ташкил додааст, ки ин рақам нисбат ба нишондоди миёнаи андозҳо дар Осиёи Марказӣ ва Аврупои Шарқӣ, ки 32,8 дарсад аст, ду баробар бештар мебошад.

Моҳи декабри соли 2019 намояндаи вақти Бонки осиёии рушд дар Тоҷикистон Прадип Сривастава пешниҳод кард, ки тамаркузи қонунгузории андози ҷумҳурӣ, ки айни замон ба ҷамъоварии маблағ равона шудааст, тағйир дода шавад ва маслиҳат дода буд, ки дар Кодекси нав ба ҳавасмандгардонии андозсупорандагон таваҷҷӯҳ зоҳир карда шавад. Гуфтанист ҳудуди 70%-и буҷаи Тоҷикистон аз ҳисоби андоз пур карда мешавад ва ва буҷаи кишвар ба рӯи андозҳо як нигоҳи вижа кардааст.

АндозКумитаи андозТоҷикистонФайзиддин Қаҳҳорзода
Comments (0)
Add Comment